​Ахлоқи касбӣ ва хизматчии давлатӣ

Оид ба ин мавзуъ аз ҷониби муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ Салимов Эраҷ дарси кушод доир шуд.

Дарси мазкур аз фанни этика ва эстетика баргузор шуда, дар доираи он муовини декан оид ба таълим дотсент Қодирова, мудир ва як қатор омӯзгорони кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ иштирок намуданд.

Омӯзгор мавзуъро бо истифода аз муаррифӣ шарҳ дода, дар ҷараёни он аз усулҳои фаъоли таълим истифода намуд.

Донишҷӯён низ фаъолнокиро аз даст надода, дар раванди дарс суолу ҷавоб ва табодули афкор намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ