​Аҳамияти қабули эълон намудани соли 2025 ҳамчун соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо

Перомуни ин мавзуъ бо ташаббуси Шӯрои олимони ҷавони факултети забонҳои хориҷии кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ маҳфили илмӣ-амалӣ доир гардид. Ин иқдом бахшида ба эълон гардидани “Соли 2025 - соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ба роҳ монда шуд.

Дар маҳфил мутахассиси шуъбаи докторантура Ёқубова Маҳфуза, мудири кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ Сангинова Шаҳноза ва омӯзгорони кафедра иштирок намуданд.

Докторанти соли якуми ихтисоси география факултети геоэкология ва туризм Раҳимов Озод дар мавзуи “Абармарди ғамхори ҳифзи захираҳои об, пиряхҳо” маърӯза намуд.

Гуфта шуд, ки яке аз мушкилоти ҷиддии экологие, ки тайи чанд даҳсолаи охир ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиши ҷиддӣ рӯ ба рӯ кардааст ва оқибати ин тағйирёбӣ ба захираҳои обии осиёи марказӣ таъсир расонидааст, тағйирёбии глобалии иқлим ва сол то сол гармтар шудани ҳарорати ҳаво мебошад.

Дар доираи маърӯза аҳамият ва зарурияти эълон гардидани соли ҳифзи пиряхҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бо суолу ҷавоб миёни иштирокчиён ва муҳокимаи мавзуъ маҳфил ҳусни анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ