​Паёми Пешвои миллат - раҳнамои мардум

Бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа дар факултети физикаю техника маҳфили илмӣ-сиёсӣ доир гардид.

Дар доираи маҳфил аз ҷониби устодони кафедра нуктаҳои муҳимтарини Паём мавриди шарҳ қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки Паём ҳуҷҷати роҳнамо буда, татбиқи он мардумро сӯйи музаффариятҳо раҳнамун месозад.

Перомуни мавзуъҳои “Паёми Пешво – қутбнамои миллат”, “Паём – роҳнамои миллат”, “Назари Пешвои миллат ба соҳаи маориф” ва “Паёми Пешвои миллат - роҳнамои ҷавонон” маърӯзаҳо ироа гардид.

Хотиррасон менамоем, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти мамлакат як қатор тадбирҳо идома дорад, ки маҳфили мазкур аз зумраи онҳост.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ