​Аксия: Ҳифзи табиат ҳифзи Ватан аст

Бо иштироки донишҷӯёни факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" дар ҳамбастӣ бо шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд дар шоҳроҳи "Хуҷанд-Чаноқ” таҳти унвони “Ҳифзи табиат ҳифзи Ватан аст” “Аксияи экологӣ” ташкил ва баргузор гашт.

“Аксияи экологӣ” дар мавзеи назди ҶДММ “Сипеҳр” ташкил ва гузаронида шуда, донишҷӯён канори роҳи мошингардро аз алафҳои бегона ва партов тоза намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки “Аксияи экологӣ” бахшида ба солҳои 2019–2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист ва дар доираи “1300 рӯзи ободонӣ ва кабудизоркунӣ” роҳандозӣ гардида, зиёда аз 10 метри мукааб партовҳо ҷамъоварӣ ва ба партовгоҳи махсус кашонида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ