​“Ганҷи сухан” маҳфили қадршиносист!

Шумораи наврӯзии маҳфили “Ганҷи сухан” дар факултети филологияи тоҷики Муассисисаи таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бо Ғафуров” баргузор гардид, ки воқеан нафасу файзи наврӯзӣ дошт. Дар садри маҳфил ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Хайрулло Мирзоевич Сабуров, профессор Матлубаи Мирзоюнус, дотсент Саидмурод Ҳоҷиев, роҳбари маҳфил дотсент Саидумрон Саидов, нависанда Дадохон Эгамзод, шоирон Муҳсин Аминзода ва Олимхон Исматӣ қарор доштанд ва ҳам устодону донишҷӯёни факултет иштирок қарданд. Доираи мавзӯи маҳфил низ бо иди суннатии мо Наврӯзи оламафрӯз иртибот дошта, қисмати муҳими он ба яке зиндагинома ва фаъолиятияке аз устодони номдори Донишгоҳ, олим ва методисти барҷаста, дотсент Саидмурод Ҳоҷиев бахшида шуд.

Аз ин рӯ, маҳфил бо гузориши дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ Ҳикматуллоев Н. доир ба зиндагинома, фаъолияти илмӣ ва таълимии устод Ҳоҷиев С. оғоз гардид ва дар ин маърӯзаи муфассал ба муҳимтарин паҳлӯҳои фаъолияти мавсуф равшанӣ андохта шуд. Аз ҷумла, фаъолияти омӯзгорӣ, сабку услуби хоси дарсгӯӣ ва хислатҳои хуби устодии дотсент Ҳоҷиев С. самтҳои таҳқиқоти илмии устод, дастовардҳои илмӣ, хидматҳояшон дар таълими шогирдон мушаххас баррасӣ гардид, ки ҳозирин, хоса донишҷӯён ба пуррагӣ бо шахсият ва фаъолияти пурсамари устод Ҳоҷиев С. ошно гардиданд.

Баъдан муовини ректор оид ба илм ва инноватсия профессор Сабуров М. Х.ба табрикоти дотсент Ҳоҷиев С. расида, аз номи ректори донишгоҳ профессор Ҷӯразода Ҷамшед ва аҳли раёсат устодро табрику таҳният намуд, зикр намуд, чеҳраи Ҳоҷиев С. яке аз ҷеҳраҳои дурахшони донишгоҳ аст, ки хидматҳояшон фаромӯшнашуданист. Аз ҷумла, қайд гардид, ки устод Саидмурод Ҳоҷиев нафаре аст, ки ҷавонии худ ва ҳам ҳама ғайрату кӯшиши худро барои рушди ҳамин донишгоҳ бахшидааст, ки бояд ин хидматҳо қадрдонӣ шаванд ва ҳам илова намуд,ки ин оғози ҷашни 80-солагии дотсент Ҳоҷиев С. аст, ки дар идома нақша-чорабиниҳои зиёде оид ба ин ҷашн дорем. Профессо Сабуров Х. М. бо як гулдастаи тару тоза ва китоби тозанашри соҳибҷашн ӯро табрику таҳният намуд.

Мувофиқи анъанаи маҳфил навгониҳои илмиву адабӣ ва муаррифии китобҳои тозанашр аз ҷониби магистранти кафедраи адабиёти классикии тоҷик Шоира Олимова баррасӣ гардид. Ш. Олимова аз нашри зиёд аз даҳ китоби илмиву адабӣ иттилоъ дод.

Маърӯзаи илмии маҳфил аз ҷониби дотсенти кафедраи адабиёти муосир Мирсаидов Баҳром ироа гардид, ки “Наврӯзи беҳдинон” унвон дошт. Ин маърӯза нигоҳе ба таърихи Иди наврӯз буда, дар он асосан, масъалаи вижагиҳои таҷлили ин ид дар водии Зарафшон баррасӣ гардид. Дар арафаи Наврӯз маърӯзаи мазкур хеле бамаврид ироа шуд, ки аҳли нишаст бардоштҳои хубе аз барои худ гирифтанд. Дар идомаи ин гузориш донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик шеърҳои наврӯзӣ ба аҳли маҳфил ҳадя намуданд, ки ҳусни дигаре ба маҳфил бахшид.

Нависандаи маъруф Дадохон Эгамзод ба сухан баромада, аз китоби тозанашри худ “Нигина ва Мирмалик” мужда расонид ва аз таърихи таълифи ин асар, сужети он ва мазмун ва мундариҷааш маълумоти мушаххас дод, ки дар дили аҳли нишаст шавқи мутолиаи он китоб пайдо гардид гӯем, хато нахоҳем кард. Дадохон Эгамзод бо ин китоби худ аҳли маҳфил ва соҳибҷашн Ҳоҷиев С.-ро таҳният ва эҳдо намуд.

Суҳбати шоиронаву самимонаи шоири ширинкалом Олимхон Исматӣ фазои маҳфилро гарму мунаввар сохт. Олимхон Исматӣ бо ашъори ишқиву ҳазломез ва самимии худ тавонист, дили аҳли маҳфилро болида созад ва ҳамагон баромади шоирро хушу гарм истиқбол намуданд.

Роҳбари маҳфил адабиётшинос Саидов Саидумрон аз ҳузур иштирокдорон арзи сипос намуда, дар анҷоми маҳфилсухани ҷамъбастиро ба устод Саидмурод Ҳоҷиев дод. Саидмурод Ҳоҷиев бо як ҳисси дилпурӣ, сипосгузорӣ ва хушнудӣ аз ин қадрдониҳо сипосгузорӣ кард ва бо қироати ҷолиби худ аз ашъори устод Фарзона суханонашро ҷамъбаст намуд, ки шеъри устод Фарзона таровати хосе ба маҳфил эҳдо кард вамақтаи зебои имрӯза нишаст гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ