“Ганҷи сухан” ва қадршиносии аҳли сухан

Дар толори калони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҳфили навбатии “Ганҷи сухан” бо ширкати олимону адибон, устодону шогирдони донишгоҳ ва мухлисони шеъру сухан баргузор шуд.

Роҳбари маҳфил Саидумрон Саидов нахуст аз муҳимтарин воқеаҳои фараҳбахши ин моҳ аз ҷумла ба кор даромадани чархаи дуввуми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ёдоварӣ кард ва сипас муовини ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оид ба илм профессор Хайрулло Сабуров баромад карда, маҳфили “Ганҷи сухан”-ро ҳамчун мактаби илмиву адабӣ, ки мерос аз донишманди маъруфи тоҷик Абдулманнон Насриддин аст, дар пешрафти илму адаби тоҷик назаррас хонд.

Дар идомаи маҳфил гузоришҳои Нуралӣ Нурзод, номзади илмҳои филология, устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯи “Шеър ва ҷаҳони маънавии инсон” , Баҳром Мирсаидов, номзади илмҳои филология, директори Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ дар мавзӯи “Назаре ба “Ал-феҳраст”- и Ибни Надим” шунида шуд.

Раиси кумитаи Иттифоқҳои касабаи маориф ва илми вилояти Суғд Мӯсобек Мироватов дар суханронии худ аз ҳамкории доимии иттифоқҳои касабаи вилоят бо олимону адибон ёдрас кард ва тазаккур дод, ки дар оянда дар заминаи дастгирии маҳфилҳову конфронсҳо ва озмунҳо фаъолияти якҷоя идома хоҳад ёфт. Профессорон Усмонҷон Ғаффоров ва Абусаттор Абдуқодиров дар доираи мавзӯи маърӯзаҳои ироашуда изҳори назар карданд.

Чун суннат ва анъанаи деринаи маҳфил он рӯз гирандагони ҷоизаҳои давлатӣ ва олимони ҷавоне, ки сазовори унвонҳои илмӣ гардиданд бо ҳадяҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва кумитаи Иттифоқҳои касабаи маориф ва илми вилояти Суғд сарфароз гардиданд. Аз ҷумла Шоири Халқии Тоҷикистон Озарахш, забоншиноси маъруф Абдуқодиров Абдусатор, Умеда Ғаффорова- доктори илмҳои филология профессор, Алиев Умар –профессор, Манучеҳра Кенҷаева -номзади илмҳои филология, ки дар арафаи ҷашни Истиқлолият ба ҷоизаҳои баланди давлатӣ ноил гардиданд соҳиби тӯҳфаҳои хотиравӣ шуданд. Ҳамчунин 16 нафар муҳаққиқони ҷавон, ки ба тозагӣ соҳиби унвонҳои илмии доктор ва номзадҳои илмҳои филология ва таърих гардиданд бо ҳадяҳо сарфароз шуданд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ