Иншооти тақдирсози кишвар

Таърих ва тақдир халқи моро борҳо ба имтиҳони сахту сангин рӯбарӯ кардааст, вале мардуми мо ҳамеша аз онҳо сарбаландонаву аҳлона ва бо муттаҳид гардонидани тамоми зӯру тавонии худ гузаштаанд.

Имрӯз барои мардуми тоҷик фурсати ватанхоҳиву ватандории ворисони тамаддуни поксиришти ориёӣ, меросдорони Рӯдакиву Фирдавсӣ, Хайёму Саъдӣ, Ҷомиву Камоли Хуҷандӣ ва ҳазорон фарзонаҳои миллат расидааст.

Ин аст, ки бо шарофати иқдоми неки фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби ОлӣЭмомалӣ Раҳмон Роғун майдони корзори воқеии нангу номус, арсаи ҳақиқии корнамоиву фидокории умумихалқӣ ба хотири ободӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол гардидааст.

Ояндаи наздик маҳз тавассути ин иншооти тақдирсози кишвар Тоҷикистони азиз метавонад аз бӯҳрони норасогии барқ барояд ваин албатта барои мо –мардуми шарофатманду сарбаланд,озодаву худшиноси тоҷик ҳам масъулияти азим ва ҳам ифтихору шарафи бузург мебошад, ки ин аз оини ватандории мо дарак медиҳад.

Мо зиёиён ва ањли кишвари соҳибистиқлол аз иниқдоми пешгирифтаи сарвари давлат руҳу илҳоми тоза гирифта,ҳамеша дар паҳлӯи Ҷаноби Олӣ истода, нидо мекунем:

-Роғун сарчашмаи ифтихори миллии ҳар як фарзанди Тоҷикистон ва рамзи сарбаландии имрӯзу фардои мост!

-Роғун ҳастии миллати мо ва ҳаёту мамоти давлати Тоҷикистон аст!

Рушду инкишофи минбаъдаи иқтисодиёти мамлакат ва дар ниҳояти кор беҳтар гардонидани некӯаҳволии сокинони он аз бисёр ҷиҳат ба бунёди ин иншооти бузурги аср, ки манбаи нур аст, вобастагӣ дорад.

Мо бо шумоем, Ҷаноби Олӣ!

Тоҳирова М.-сармуаллимаи кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарии факултети тањсилоти ибтидоӣ ва

педагогикаи махсус

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ