​Баҳсҳо сари ҳиҷоб

Масъалаи ҳиҷоби занону духтарон аз масоили муҳим дар ҳамаи давру замон ба шумор меомад. Имрӯз ҳам дар Тоҷикистон вазъияти ҳиҷобпўшии занон боиси сар задани ҳар гуна масъалаҳо гаштааст.

Гурӯҳе аз мардум тарафдори онанд, ки занон сарпўш, рўсарии анъанавиро ба бар кунанд ва гурууҳи дигар ба таомулҳои бегона тақлид карда, сатру ҳиҷоб, ки хоси либоси кишварҳои Араб мебошад, ба бар карданӣ мешаванд. Имрўз сиёсати давлату ҳукумат бар он равона гаштааст, ки бештар сарулибос ба ҳувияти миллии мо мутобиқат кунад.Зеро сиёсати ҳукумат ба он равона карда шудааст, ки набояд мо ба анъанаҳои кишварҳои хориҷӣ, давлатҳои арабӣ ва ба ном исломӣ пайравӣ намоем. Зеро эҳтироми миллат эҳтироми нигаҳдошти фарҳанги либос ва анъанаҳои миллиамон мебошад. Ҳар як духтару зани тоҷик ба анъанаву одоби духтару зани тоҷик ба анъанаву одоби миллии мо некбинона назар намоянд.

Баҳсҳо сари ҳиҷоб дар Тоҷикистон аз солҳои 2005 шурӯъ шуд. Дар соли 2007 ҳатто як донишҷӯи тоҷик барои роҳ ёфтан ба донишгоҳ, вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмоновро ба додгоҳ кашонида буд ва дар натиҷа ниҳоят мағлуб шуд. Ҳар нафар бояд анъанаҳои худро бояд нигоҳ дошт. Тақлид ба дигар миллат набояд кард.

Тоҷикистон дар баробари он ки давлати демократӣ аст, давлати ҳуқукбунёди дунявӣ эълон гаштааст, ки ин ба ҳама фаҳмо аст. Дар баробари ин риояи урфу одат ва анъанаҳои миллӣ бояд, ки дар мадди назар қарор дошта бошад.

Дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шудани ҳар гуна маълумоти ғаразнок доир ба пўшидани сатру ҳиҷобро бояд, ки оқилона таҳлил намуда, сипас ба воқеият баҳо диҳем.

Оқилова М. - дотсенти кафедраи

забонҳои форсӣ ва хитойӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ