​Обрӯю эътибори Тоҷикиситон дар мадди аввал бошад...

Ҳар яки мо шаҳрванди масъули Ватани азизамон – Тоҷикистон мебошем. Бояд дар ҳар амал ва кирдори худ манфиат, обрӯю эътибори кишварамонро дар назар дошта бошем. Набояд ба косташавии обрӯю эътибори Ватанамон роҳ диҳем. Мавзуна Чориева дар вақташ обрӯи Ватанамонро боло бардошт. Дилшод Назаров ҳамагӣ дар се-чор дақиқа қувваю тавоноии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кард. Пас чаро ҳар яки мо ин корро накунем?

Ҳодисаи нангин (аз минтақаи шимол ба ҷануб интиқол додани маҳбусон ва заҳролудшавии 16 нафари онҳо) аллакай расонаӣ шуд, ки ин, албатта, обрӯю нуфузи Тоҷикистонро паст мезанад. Ин ҳодиса ҳамагӣ бо амали нодурусти се-чор нафар масъулин ба амал омад. Дар ин ҷо Роҳбарияти олӣ ва Ҳукуматро айбдор шуморидан раво нест. Дар атрофи ин масъала чандин саволҳои ҷавобталаб ба миён меоянд. Ин саволҳо ҷавоби худро меёбанд. Гунаҳкорон ҷазои худро мегиранд. Аммо обрӯи Тоҷикистон ва Роҳбарияти олии онро кӣ ҷуброн мекунад? Магар оби паҳнгаштаро ҷамъоварӣ метавон кард?

  • Се буханка нони мағоркардаи булка аз куҷо пайдо шуд? Магар он нонҳо пинҳонӣ ба дасти маҳбус афтод? Не. Ҳамаи кор, рафтор ва амали маҳбусон зери назорати қатъии масъулин аст.
  • Оё бо се мошини махсус ба роҳи дур кашонидани маҳбусон (300-350 км) дар айни гармои тобистон аз рӯи инсоф аст? Албатта, не!Бигзор, онҳоро маҳбус гӯянд, гунаҳкор хонанд. Аммо онҳо одаманд, ҳуқуқи зиндагӣ кардан доранд, зану фарзанд, падару модар, хешу табор доранд. Кӣ ҳаёти фавтидагонро баргардонида метавонад?

Ҳеҷ кас! Дар ин ҷо танҳо бемасъулиятии чор-панҷ тан ҳис карда мешаваду халос. Ана бо айби ҳамин бемасъулиятон 14 нафар аз ҳаёт маҳрум гашт. Даҳҳо нафари дигар зарбаи сахти маънавӣ бардоштанд. Аз ҳама муҳимаш, обрӯю нуфузи Тоҷикистон чун давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар арсаи ҷаҳон хело коста гардид.

Бисёр шахсонеро медонем, ки пас аз маҳбас ислоҳ шудаанд. Дар ҷамъият мақому мавқеи худро ишғол карда, софдилона меҳнат карда истодаанд. Магар дар байни он 14 нафари фавтида чунин шахсони ислоҳшаванда набуданд? Албатта, буданд, онҳо ҳам нияти зиндагию кор кардан доштанд. Хуни онҳо бар гардани кист? Албатта, ба гардани ҳамон бемасъулиятон!

Мо мехоҳем, ки ҳар як шахси масъул (хоҳ мансабдори олимақом ва хоҳ коргари оддӣ) дар ҷои кораш бештар масъулиятро ҳис намояд, софдилона кору фаъолият барад, ба дигар шахсон зараре нарасонад, ки он оқибати ногувору ислоҳнашавандае ба бор оварда метавонад. Ба қавли Низомии Ганҷавӣ:

Кӯш, то халқро ба кор оӣ,

То ба хулқат ҷаҳон биороӣ.

Гуруҳи эҷодии нашрияи донишгоҳии “Нури маърифат”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ