​Салимпур аз КДАМ хост, таклифашро дар баробари “ферма” муайян кунад

Пас аз интишори матлабе аз сӯи “фермаи ҷавоб”, Мирзо Салимпур, рӯзноманигори тоҷик ва масъули сомонаи “Ахбор”, дар мақолае таҳти унвони “Йозеф Геббелси тоҷик кист? Боз як дурӯғи чамбаршоҳи “фермаи ҷавоб” фош шуд”, навишт: “Рӯзи 11 феврал, вақте ин музахрафоти навбатии “ферма” чоп шуд, бо чанд нафар аз масъулони КДАМ дар ин робита бигӯ-бигӯ ҳам кардем, ҳамсӯҳбатони мо ба як овоз қасам мехӯрданд, ки ин “ферма” рабте ба КДАМ надорад ва Саймумин Сатторович (Ятимов – раиси КДАМ) ба он чи ки муаллифони ин “ферма” паҳн мекунанд, худаш шахсан нафрат дорад.” Салимпур дар идома, бо баёни ин ки “ҳатто агар бовар ҳам кунем, инҷо як нукта дар байн ҳаст, ки бояд рӯшан карда шавад” афзуд: “Ба навиштаҳои ин “ферма” як шаҳрванди оддӣ метавонад изҳори нафрат кунаду ҳаволаашон ба Худо гӯяд ва гузарад, вале КДАМ ба унвони кафили амнияти кишвар ин ҳақро надорад, ки фақат бо як изҳори нафрат иктифо кунад ва ҳаволаи ин тӯдаро ба Худо кунад. Агар ин “ферма” дар ҳақиқат моли шумо нест, чаро то ҳол, инак чанд сол боз фазои сиёсӣ ва амниятии кишварро ноором карда истодаасту касе нисбати хару хингили ин “ферма”-и гӯё бесоҳиб чорае намеандешад?”

Машрӯҳи мақолаи Мирзо Салимпур ба нақл аз сомонаи “Ахбор”, ба шарҳи зерин аст:

Муаллифони “фермаи ҷавоб” – ниҳоди таблиғотии мақомоти амниятии Тоҷикистон дар матлабҳои музахрафи худ дӯст медоранд, ки аз Йозеф Геббелс – вазири пропагандаи Олмони фашистӣ ва “пири кор”-у “устод”-и “фермаи ҷавоб” иқтибос биоранд: ”Ҳар қадар дурӯғ подарҳаво бошад, ҳамон қадар мардум бештар бовараш мекунад.” Ё: ”Як дурӯғро гаштаву баргашта такрор кунед, мардум дар ниҳоят ба он бовар мекунанд.” Ё: ”Дурӯғе, ки ҳазор бор такрор шавад, ба рост табдил меёбад.”

Махлуқҳои “фермаи ҷавоб”, ки бо супориши хоҷагонашон чанд вақт боз пои сомонаи “Ахбор” ва сардабираш Мирзои Салимпурро мехоянд, яқинан дарси дурӯғу туҳмату буҳтонро аз ҳамин “пири кор”-ашон Геббелс омӯхтаанд.

Рӯзи 11 феврал махлуқҳои “фермаи ҷавоб” туҳмати наверо ба пои “Ахбор”-у Мирзои Салимпур бастанд. Ин бебасарон, ки лаънати Худо ба ҳамаи онҳо ва хоҷагонашон бод!, дар гуруҳи фейсбукии “Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон”, ки ба як минбари асосии таблиғи ин “ферма ва (во аҷаб!) гузоришҳои радиои “Озодӣ” табдил ёфтааст, навиштаанд, ки гӯё ”Тибқи маълумот аз доираҳои наздики Мирзои Салимпур, 01-уми январи соли 2019, ӯ аз афсарони эронӣ, ки таҳти пӯшиш дар сафорати ҶИЭ дар Прага фаъолият менамоянд, дар яке аз тарабхонаҳои воқеъ дар кӯчаи Ю.Фучик (Fuchik shtrass 12\23) 50 ҳазор евро ришва гирифта, ӯҳдадориҳои хаттӣ ҳам имзо кардааст, ки ба нафъи ҷумҳурии исломӣ ва иттифоқчиёни ҳаросафканашон дар минтақа-ТТЭ ҲНИ фаъолияти таблиғотиро роҳандозӣ менамояд.”

Туҳмате подарҳаво, саропо дурӯғ ва газоф. Аввал аз ҳама дар Прага кӯчаи бо чунин ном аслан вуҷуд надорад. Ҳатто агар вуҷуд медошт, ба чехӣ бояд Fucikska ulice мешуд, на Fuchik shtrass, ки ин галаи бесаводи хару хингили “фермаи ҷавоб” навиштааст.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ