​Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад…

Имрўз тамоми ҷомеаи Тоҷикистон амали наҳзатиёнро маҳкум мекунанд. Ташкилоти террористӣ-экстремистӣ будани он барои даҳҳо кишварҳо ва созмонҳои байналмилал фош гардидааст. Тариқи расонаҳои хабарӣ огаҳӣ дорем, ки бо далелҳои мушаххас бори дигар парда аз рўи ҳомиёну сарпарастон ва хоҷагони манфури ташкилоти экстремистиву террористии ҳизби наҳзат бардошта шуд. Мутаассифона. як гурўҳи боқимондаи ин ташкилоти террористӣ берун аз кишвар ҳанўз нисбат ба миллату ватани худ хиёнаткориро давом медиҳад. Баъзе наҳзатиён ҳатто ба рў ниқоб кашида, дар байни ҷомеа, миёни мо ба тафриқаандозиву ҷудоиандозии ҷомеа машѓуланд. Бинобар ин, ҷомеаро зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳар як амалу рафтори хешро таҳлил ва сипас хулосабарорӣ намоянд.

Амали ин гуна афроди ҷудоихоҳу хиёнатпеша, ки бо раҳнамоии роҳбарони ташкилоти экстремистиву террористони наҳзати ислом рафтор мекунанд, дер ё зуд дар назди ҷомеа фош мешавад, зеро амнияту осоиштагии давлат зери назорати қатъӣ ва доимии сохторҳои қудратӣ қарор гирифтааст. Мақомоти қудратии кишвар имрўз қодир аст, ки аз рўи ҳама гуна зишкориҳо парда бардорад.

Имрўз масъалаи аввалиндараҷа ҳифзи ваҳдату ягонагӣ, нигаҳдорӣ ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ аст, зеро тамоми комёбиҳо, расидан ба зиндагии босаодат аз ин арзишҳо вобастагӣ доранд. Ҳифзи ин арзишҳо бештар аз ҳама аз ҷомеа масъулияти баланд тақозо мекунад. Бояд бо шукргузорӣ аз даврони осоиштаву босаодат зиндагӣ карда, бар зидди қувваҳои носолими ҷомеа дастаҷамъона барем, бетараф набошем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ