​“Хазинаи ҳикмат”: Саҳми Пешвои миллат дар рушди илму фарҳанг

Дар кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров семинари илмии “Хазинаи ҳикмат” доир гашт.

Дар семинар омӯзгори кафедра - Ҷабборова Вазирахон дар мавзӯи “Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи илму фарҳанг” баромад намуда, оид ба фаъолияти пурсамар ва саҳм дар пешбари фарҳанг, сиёсати дохиливу хориҷа, рушди ҷомеаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба маводи илмӣ баромад намуд.

Сипас устодони кафедра дар заминаи масъалаи мавриди назар табодули афкор намуданд.

Ҷоизи қайд аст, ки семинари илмии “Хазинаи ҳикмат” бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши илмии унвонҷӯён ва омӯзгорон гузаронида шуда, он ҳар ҳафтаи сеюми моҳ дар кафедра бо иштироки аъзоёни кафедра ва омӯзгорони дигари кафедраҳои умумидонишгоҳи дори мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ