​Навидҳои донишгоҳ дар як сатр

Бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ таҳти унвони “Нақши ҲХДТ дар ташаккули фарҳанги сиёсӣ” конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид.

Дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ мизи мудавар таҳти унвони “Тадқиқотҳои илмӣ-психологӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ” ва муаррифии китоби тозанашри доктори илмҳои психологӣ,профессор Р. Атахонов зери номи “Муқаддимаи ихтисоси психология” баргузор гашт.

Баҳри татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳти унвони “Одоби муошират” дар факултети физикаю техника бо ҷалби собиқадори меҳнат, профессори кафедраи физикаи назариявӣ ва методикаи таълими физика Ҳайдар Саидов соати тарбиявӣ ҷараён гирифт.

Дар факултети забонҳои шарқ маҳфили ҳунаромӯзии “Худ бисоз бо мо бисоз” гузаронида шуд, ки донишҷӯён бо истифода аз қоғазҳои ранга иероглифҳо сохта, доир ба фарҳангу тамаддуни мардуми Чин табодули афкор намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ