​Изҳорот: Ҳизби назҳати ислом дар Аврупо

Ҳизби назҳати ислом ё худ терроризм ва экстремизм- яке аз роҳҳои ба амалбарорӣ ва тарзу усули бурдани муборизаи сиёсӣ бо истифодаи афкори даҳшатангез бо роҳи таҷовуз ва зӯроварӣ, ҷиҳати бедор кардани тарсу ҳарос дар вуҷуди инсонҳо мебошад. Ҳодисаҳои террористи дар Англия, Фаронса рухдода аз он шаҳодат медиҳанд, ки дасти терроризм бо ҳар роҳу восита аз лонаи хеш ба минтақаҳои хеш ба минтақаҳои дурдаст расида, мехоҳад амалҳои нобахшиданӣ ва бераҳмонаву ҷоҳилонаро анҷом диҳад. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоишта, алалхусус занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопоказ ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мешавад.

Нагирифтани пеши роҳи ин хатари умумибашарӣ метавонад боз ҳазорҳо мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад, зеро дар қалбу вуҷуди онҳое, ки чунин зулму ситам ва афкору анедешаи ҷоҳилона ҷой гирифтааст, ба ҷузъ бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надорад.

Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳонбо ин зуҳуроти марговар мубориза бурда, талош менамояд аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо пайгирӣ намояд. Бо ин мақсад аз тарафи Ҳукумати мамлакат якчанд қонунҳо ва санадҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”(соли 1999), Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифродгароӣ)(соли 2006), Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм, Фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифродгароӣ)” (2006) ба тавсиб расиданд, ки барои муборизаи оштинопазир бурдан бо зуҳуроти номатлуб мусоидат менамояд.

Имрӯз танҳо муборизаи дастҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқук, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин даҳшат ва бераҳмӣ гирифта шавад.

Устодони кафедраи математикаи олӣ ва амалӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ