​Донишҷӯён ба дидорбинии кӯдакони қувваи босираашон суст рафтанд

Бо ташаббуси кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ як гурӯҳ донишҷӯён аз Мактаби махсус барои кӯдакони қувваи босириашон суст ва нобинои шаҳри Хуҷанд дидан намуданд.

Донишҷӯён аз шароити таҳсили бошандагон ва ҳолати муассиса бархурдор шуда, бо кӯдакон суҳбат карданд. Зимни мулоқот кӯдакон дар васфи Ватан, Тоҷикистон, Пешвои миллат шеърҳо қироат доштанд.

Бояд гуфт, ки дар муассиса таълиму тарбия дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, баҳри ташаккули малака ва маҳорати кӯдакон тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гаштааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ