​Баргузории семинари илмии “Хазинаи ҳикмат”

Семинари навбатии илмии “Хазинаи ҳикмат”-и назди кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гашт.

Дар машварат ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода сухан карда, аз ҷумла зикр дошт, ки фаъолияти семинари илмии “Хазинаи ҳикмат” бо мақсади рушди фалсафа, фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ, ва ба ин васила, дастгирии ҷавонони эҷодкор, тарбияи ахлоқии ҷомеа, тарғиби осори ҳазорсолаи миллати тоҷик, баланд бардоштани маърифат ва дониши илмиву адабӣ ва фарҳангии устодону донишҷӯён, муаррифии осори адибон ва олимон, ба роҳ мондани иртиботи олимони донишгоҳ бо намояндагони марказҳои илмиву адабии кишвар, иҷроиши босифати дурнамои илмии донишгоҳ, баланд бардоштани сатҳи тадқиқоти илмӣ ва густариш додани мубоҳисаҳои илмӣ роҳандозӣ гаштааст.

Баъадан, дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа, Зебинисо Ҳасанова дар мавзӯи “Масъалаҳои ҷомеа ва ҳокимият дар низоми Кубравийа” баромад дошта, доир ба шаклу сохти низоми Кубравийа ҳарф зад. Ҳамчунин, муаллимаи кафедраи мумидонишгоҳиии фалсафа, Муҳайё Ҳотамова доир ба масъалаи “Афзалиятҳои ҷаҳоншинохти ҷавонон дар замони муосир” маърӯза ироа намуда, оид ба ҷаҳонбинии ҷавонон ва тарбияи онон дар рӯҳияи ватандӯстиву ҳуввияти миллӣ сухан кард.

Сипас, иштирокдорон доир ба масоили фавқуззикр ва вазифаҳои асосии семинар, ки муттаҳид намудан ва самаранок истифода бурдани нерӯҳои илмии ҳайати профессорону омӯзгорон барои ривоҷ додани илм дар донишгоҳ, нақши бориз гузоштан дар таъмини фазои мусоиди илмиву фарҳангӣ дар қаламрави кишвар ва барқарор намудани алоқаҳои самарабахши эҷодиву илмӣ бо пажӯҳишгоҳҳо, марказҳои илмиву адабӣ ва фарҳангӣ, дарёфти истеъдодҳо иборат мебошад, табодули афкор нрамуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ