​Аёдати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Аз ҷониби Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иттифоқи касабаи маорифи вилояти Суғд иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ғафур Шариф ва Абдулло Исмоилов аёдат карда шуд.

Зимни мулоқот иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ғафур Шариф ва Абдулло Исмоилов аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумати кишвар таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори хушнудӣ намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ