​Чорабиниҳои тарбиявӣ дар хобгоҳи донишгоҳ

Устодони кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология дар хобгоҳҳои №2 ва №9-и донишгоҳ чорабинии тарбиявӣ дар мавзӯи “Ҷавонон терроризм ва экстремизмро маҳкум менамоянд” ташкил намуданд.

Аз ҷониби устодони кафедра ба донишҷӯён оид ба манбаҳои пайдоиши терроризм ва экстремизм, ҳаракатҳои ифротгароӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Дар қисми бадеии чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯёни курси якуми ихтисоси агроэкология шеърҳо дар васфи Ватан, дӯстиву рафоқат қироат ва саҳначаҳои тарбиявӣ намоиш дода шуд.

Баъдан доир ба ҷанбаҳои ҳаёти ҷавонон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ