​Маҳалгароӣ низ ифротгароист!

Дар олами муосир хатари маҳалгароӣ ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами рӯз аст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд. Ба ин маънӣ омӯзиши ҳамаҷонибаи ин масъала талаби замон мебошад. Агар одамон ба масъалаҳои терроризм ва муборизаи зидди он бевосита пайваст набошанд ҳам, тавассути чизи дигаре ва ё субъекти дигаре бо масъалаҳои мухталифи терроризм ва шаклҳои дигари экстремизми сиёсӣ алоқаманд гашта, мавқеи худро муайян менамоянд.

Чӣ тавре ки маълум аст, дар баробари ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ дар зери таъсири гурӯҳҳои алоҳидаи дохилӣ ва хориҷӣ раванди эҳёи дин хусусияти ифротгароӣ касб (пайдоиш ва ташаккули ҲНИТ) намуд. Ҷиҳати пешгирӣ намудани ин падидаи номатлуб ва оқибатҳои иртиҷоии он, баҳри ҳифзи арзишҳои милливу мазҳабии мардуми шарифи тоҷик зарурати аз нигоҳи қонунгузорӣ танзим намудани масоили динӣ пеш омад. Хушбахтона баъд аз ба даст овардани истиқлолият соли 1994 ва 2008 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар асоси таклифу пешниҳодоти мардуми кишвар қабул гардид. Мақсад аз қабули қонуну қарорҳои мазкур танзим ва таъмини фаъолияти ҳуқуқии иттиҳодияҳои динӣ ва ҳифзи дини мубини ислом аз ҳама гуна хурофоту одатҳои асримиёнагӣ ва ифротгароӣ буд. Зеро имрӯз дини мубини ислом аз ҷониби баъзе гурӯҳҳо дар шаклҳои гуногун ҳамчун омили низоъ ва муноқишаҳо истифода шуда истодааст. Дар ин замина мо бояд таҳдид ва хатарҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризмро, ки хусусияти динӣ касб кардаанд ва таҳдид ба ҳаёти мусулмонон ва умуман ислом доранд, муайян намуда, интишори онҳоро дар ҷомеа пешгирӣ намоем.

Аз таҷрибаи ташаккули тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризм дар гузашта то қадри имкон маълум шуд, ки он падидаи манфии сиёсӣ буда, ҷаҳони имрӯзаро ба худ нигарон намудааст. Ин падидаҳои манфӣ бо ҳам робитаҳои сабабӣ доранд, чунки тундгароӣ омили пайдоиши ифротгароӣ буда, дар навбати худ сабаби пайдоиши тазоҳуроти террористӣ мебошад.

Махсусан воқеияти инро мо бештар дар амалҳои даҳшатангези террористӣ дар кишварҳои Ироқ, Сурия, Покистон, Афғонистон, Лубнон ва ҳатто кишварҳои Аврупо Фаронса, Белгия, Украина мушоҳида менамоем. Вале пайванд хӯрдани фаъолияти ҳаракатҳои террористӣ бо сиёсат имрӯз дар кишварҳои Миср, Ироқ, Сурия ва Лубнон таҷрибаи амалии худро пайдо намуда, ҳадаф на террори ин ё он шахс, балки аз байн бурдани низоми сиёсӣ ва давлатдорӣ мебошад.

Ҳаёти воқеӣ нишон медиҳад, ки терроризм ба амнияти ҷомеа ба таври муътадил фаъолият намудани мақомоти ҳокимият, инчунин ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон хавфу хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Ин падидаи манфӣ имрӯз яке аз амалҳои бениҳоят хатарнок шинохта шуда, ҳамчун ҷинояти дорои хусусияти байналмилалӣ эътироф карда мешавад.

Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ