​Молия ва ИБ: Баргузории семинари илмӣ-методӣ

Дар факултети молия ва иқтисодиёти бозори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров семинари илмӣ-методӣ бо ширкати роҳбари шуъбаи иқтисодиёти миллӣ ва амнияти иқтисодии Донишгоҳи миллии тадқиқоти политехникии Перм, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Мингалёва Жанна Аркадьевна баргузор гашт.

Кори семинари илмӣ-методиро профессор Мингалёва Жанна Аркадьевна оғоз бахшида, доир ба Донишгоҳи миллии таҳқиқоти политехникии Перм маълумот ироа намуд. Аз ҷумла, зикр дошт, ки донишгоҳи мазкур бо ҷорӣ намудани усулҳои нави таълими замонавӣ мутахассисони баландихтисосро аз рӯи ихтисосҳои асосии техникӣ тайёр менамояд, ки айни замон дар он беш аз 18 000 донишҷӯ ва аспирант ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Дар қисмати дуюм устодон, донишҷўён, магистрантону докторантони донишгоҳ бо профессор Мингалёва Жанна Аркадьевна доир ба масъалаи самтҳои фаъолияти донишгоҳи фавқуззикр ва шарту шароит дар он табодули андеша намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ