​Файласуфони донишгоҳ конференсияи илмӣ ташкил намуданд

Мувофиқи нақшаи баргузории конференсияҳо бахшида ба ҳафтаи илм ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа конференсияи илмии устодон ва олимони ҷавон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Самандар Рӯзиев, раиси шӯрои олимони ҷавони донишгоҳ зикр кард, ки конференсияи илмӣ-анъанавии устодон, олимони ҷавон, магистрантон ва донишҷӯён бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “20-солаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ”, 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон – Мирзо Турсунзода ва Рӯзи илми тоҷик ба роҳ монда шуда, бо фарогирӣ ва баррасии масъалаҳои муҳимтарини илми муосир дар донишгоҳ 12-уми апрел шурӯъ гашта, он то 21-уми апрел ҷараён мегирад.

Мудири кафедраи мавриди назар, доктори илмҳои фалсафа, профессор Атоулло Атоев ба кори конфронс ҳусни оғоз бахшида, устодонро бо барномаи конфронси илмӣ шинос намуд.

Дар рафти конфронс 14 маърӯзаи илмӣ, аз ҷумлаи “Принсипи адолат аз назари Фирдавсӣ”, Адолати иҷтимоӣ ва ягонагии он ба макулаи қувва”, “АнтропологияиКубравия”, “Тадбири манзил” и Ибни Сино”, “Ақидаҳои ахлоқии Ибни Сино”, “Таърихи пайдоиш ва ташаккули ҷомеа”, “Шуури асотирӣ ҳамчун азхудкунии фарҳанг”, “Муаммоҳои замони муосир ва ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонони Тоҷикистон”, т“Масъалаи маърифат дар андешаҳои фалсафии Қутбиддини Шерозӣ”, “Таҳлилу таҳқиқӣ зиддиятҳои иҷтимоӣ ва низоъҳои иҷтимоӣ”, “Муаммоҳои тавсифи онтологӣ дошта дар таълимоти “Асҳоби ҳаюло”, “Фарҳанг ва эҳёи маънавии миллат”, “Аҳамияти фарҳангӣ ва ахлоқӣ-фалсафии осори Ҷалолиддини Давонӣ” ва “Афкори сиёсии Абӯалӣ ибни Сино” шунида шуд.

Дар идома музокира ҷараён гирифта, маърӯзуҳои беҳтарин муайян ва барои нашр ба маҷаллаи илмии “Номаи ховаршиносон”, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр мегардад, барои чоп пешниҳод шуданд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ