​Изҳорот: Ҳиллаҳои нави наҳзатиён

Чун ҳарвақта роҳбари гурезаи ин ташкилоти террористӣ чанд созмонҳову расонаҳои дар хориҷ фаъолияткунандаро баҳри пиёда гардонидани “ормонҳои худ ва ташкилоти террористиаш” амалӣ намуда дигарбора вазъро муташанниҷ кардан мехоҳад.

Ҳама медонад, ки ин ташкилоти террористиву экстремистӣ тасмими бо роҳи ғайриқонунӣ расидан ба қудратро дошт. Аз имконияти фароҳамнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муқоиса бо дигар кишварҳо иҷозаи фаъолиятро бо ягона ҳизби исломӣ дар минтақаро дода буд, сӯистифода карда, хеле зуд хешро дар арсаи сиёсат ба ҳизби калиди пиндошт ва бозии хатарнокро оғоз кард.

Ҳушёрии роҳбарияти кишвар ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буд, ки тадриҷан парда аз рӯи нақшаҳои наҳзатиён бардошта шуда чораҳои қонунӣ андешида шуд.

Имрӯз барои касе пинҳон нест, ки роҳбарони фирории ташкилоти террористии наҳзати ислом аз ҳиллаҳои нав, азҷумла иштирок ба баромад намудан дар нишасти САХА иқдом гирифта истодаанд. вале дарк кардан намехоҳад, ки дигар мардумро фиреб карда наметавонанд.

Бинобар зарур ва ногузир аст, ки мо ҳамеша ҳушёру зирак бошем ва ба ҳар гуна дасисиву фиреби доираҳои манфиатхоҳ фирефта нагардем, мардумро муттаҳид ва суботи сиёсиро боз ҳам устувор гардонем.

Зеро таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ ва мӯътадил нигоҳ доштани фазои сиёсиву мафкуравии ҷомеа барои давлатдории тоҷикон нақши аввалиндараҷа ва ҳатто сарнавиштсоз дошту дорад.

Ҳоҷибоев А.Қ.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ