​Гиромидошти хотираи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Дар факултети тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба гиромидошти шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ чорабинии илмӣ-тарбиявӣ баргузор шуд.

Дар он устодону донишҷӯён сухан карда, аз ҷумла қайд доштанд, ки башарияти ҷаҳон аз замони пайдоиши олам ин гуна ҷанги хонумонсӯз ва фоҷиаи мудҳишро аз сар нагузаронидааст. Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939-1945) аз рӯи миқёсу андоза даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи башарият буда, дар он беш аз 72 давлати хурду бузурги олам ширкат варзида, доманаи амалиёти ҳарбӣ ба ҳудуди 40 давлати ҷаҳон вусъат ёфтанд.

Гуфта шуд, ки теъдоди сафарбаршудагон 110 миллионро ташкил медод. Дар натиҷаи ин ҷанг кишварҳои зиёде хароб гаштанд ва бештар аз 50 миллион нафар қурбон ва садҳо миллион нафар аҳолии мамлакатҳое, ки ба гирдоби ҷанг кашида шуда буданд, ба маҳрумияту азоби тоқатшикан гирифтор гаштанд.

Баъдан, аз ҷониби донишҷӯён барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ пешкаш гашт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ