​Ғолибони олимпиадаи фаннӣ аз фалсафа муайян шуданд.

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз фанни фалсафа олимпиадаи фаннӣ доир гардид, ки дар он донишҷӯён аз тамоми факултетҳои донишгоҳ иштирок намуданд. Ҳадаф аз ташкили озмуни мазкур дарёфти донишҷӯёни лаёқатманд ва соҳибмаърифат, инчунин таҳкими дониши фалсафии онҳо унвон мешавад.

Мувофиқи натиҷаи ҳайати ҳакамон ҷои якум ба Нуров Басирҷон, донишҷӯи факултети геоэкология, ҷои дуюм насиби Зайниддинова Рухшона ва Шарифзода Абдумӯъмин – донишҷӯёни факултети таърих ва ҳуқуқ ва ҷои сеюм сазовориАзизов Шарафҷон, донишҷӯи факултети геоэкология гардид.

Ғолибон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ