​“Файласуфони ҷавон” таълимот дар бораи ҳастиро баррасӣ намуданд

Дар доираи маҳфили “Файласуфони ҷавон”-и кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа ин навбат таълимот дар бораи ҳастӣ –онтологияро мавриди муҳокима қарор доданд.Дар маҳфил оид ба масъалаҳои мубрами фалсафӣ изҳори ақида шуда, дар байни донишҷӯён муколамаи фалсафӣ сурат гирифт.

Маврид ба зикр аст, ки маҳфили “Файласуфони ҷавон” ҷиҳати муттаҳид намудани донишҷӯёни соҳибсавод ва лаёқатманд, ки ба илми фалсафа таваҷҷуҳ ва шавқи бештар доранд, ихтисос ёфта, дар доираи он масъалаҳои муҳими фалсафа баррасӣмешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ