Ҷ. Расулов: ​Тарғиботу ташвиқот бо мақсади ҷалби довталабон ба ихтисосҳои донишгоҳ

Бо мақсади ҷалби довталабон ба ихтисосҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои соли таҳсили 2020-2021 устодони кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов сафарбар гаштанд.

Устодон бохонандагони гимназияи №1, литсеи №1, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №2, 5, 6, 13, 16, 19, 20, 27 ва 40 ноҳифи мазкур доир ба интихоби ихтисос ва ҷараёни машғулиятҳои таълимӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд табодули афкор намуданд.

Гуфта шуд, ки соли таҳсили ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар натиҷаи таҷзия гардидани факултети педагогӣ, факултетҳои “Психология ва таҳсилоти томактабӣ” ва “Таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус” ба вуҷуд омад. Дар ин замина, кафедраҳои “Назария ва методикаи тарбияи томактабӣ” ва “Педагогикава психологияи томактабӣ” ихтисос дода шудааст.

Ҳамчунин, баён гашт, ки бо назардошти талабот 10 ихтисоси нав, аз ҷумлаи физика ва информатика (рӯзона), география –демография (рӯзона, фосилавӣ), забони англисӣ. Забони олмонӣ (рӯзона), забон ва адабиёти тоҷик. Рӯзноманигорӣ (рӯзона), санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ. Ҳунарҳои халқӣ бадеӣ (рӯзона), забон ва адабиёти рус. Забон ва адабиёти тоҷик. (рӯзона), тарбияи ҷисмонӣ (фосилавӣ), андоз ва андозбандӣ (фосилавӣ), молия ва қарз (фосилавӣ), таҳсилоти ибтидоӣ.Забони хориҷӣ (англисӣ) (рӯзона) таъсис ёфт.

Хотирнишон менамоем, ки соли таҳсили 2019-2020 дар 18 факултет ва 79 кафедра (аз ҷумла 5 кафедраи умумидонишгоҳӣ), аз рӯи 77 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва аз рӯи 31 ихтисос дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ фаъолияти таълимӣ ба роҳ монда шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ