​Конфронс: Сайёҳӣ-омили рушди иқтисоди кишвар

Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ дар раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони “Сайёҳӣ-омили рушди иқтисоди кишвар” конференсияи илмӣ-амалӣ доир гашт.

Конфронс бо ҳамкории шуъбаи рушдии сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гашта, дар кори он муовини раиси вилояти Суғд Январ Яъқубӣ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии сайёҳии вилоят, бонкҳо, устодону донишҷӯён иштирок ва маърӯза намуданд.

Ширкаткунандагон доир ба масоили муаммои рушди соҳаи сайёҳӣ ва роҳҳои ҳалли он, имконияти таъмини сайёҳон бо асъори миллӣ, мавзеъҳои сайёҳии экологии Тоҷикистон, сайёҳии Тоҷикистон захираи бузурги истифоданашуда, иқтидор ва дурнамои рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза ва табодули андеша доштанд.

Баён гашт, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои сердаромадтарини иқтисод дар ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, имрӯзҳо дар содироти ҷаҳонии молу хизматҳо туризм баъд аз маҳсулоти нафт ва истеҳсолу фурӯши автомобил дар ҷои сеюм қарор дорад, ки ҳоло дар ин соҳа беш аз 150 миллион нафар фаъолият доранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ