​Семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Волонтёрӣ мактаби бузурги худташаккулёбӣ”

Санаи 9-уми октябри соли 2019 дар толори факултети санъати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Волонтёрӣ мактаби бузурги худташаккулёбӣ” донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Диловар Ҷаъфаров, Умарҷон Ҳабибуллоев, сармутахассиси маркази иттилоот ва таҳлили донишгоҳ Шодмон Нурматов, мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ, роҳбари маҳфили “Пайравони Пешвои миллат”-и донишгоҳ Муталиб Маҳмудов маърӯза намуданд. Аз тарафи маърӯзакунандагон доир ба ғамхориву таваҷҷуҳи Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон, рушди фаъолияти волонтёрӣ дар замони соҳибистиқлолии кишвар, саҳми волонтёрон дар раванди ободкориву созандагӣ ва бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бо усули “Ҳамсол ба ҳамсол” ибрози андеша карданд.

Ҳозирин бобати фаъолияти волонтёрӣ, қонунҳои танзимкунандаи соҳа, ҷанбаҳои мусбии фаъолият ва корҳои ба сомон расонидаи волонтëронро маълумот дода, иштирокчиëнро барои саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ даъват намуданд. Қайд гардид, ки волонтёрӣ фаъолияти хайрхоҳона буда, волонтёр бояд ҳамеша манфиати ҷомеаро болотар аз манфиати шахсии худ бидонад. Хулоса, волонтёри на танҳо вазифа, балки дӯстиву рафоқат, хайрхоҳиву накӯкорӣ, сабаби рушди мамлакат ва аз ҷумла лаҳзаҳои беҳтарини ҳаёти инсон ба ҳисоб меравад.

Дар анҷоми чорабинӣ зикр карда шуд, ки раёсати донишгоҳ ҳамаи иқдому ташаббусҳои ҷавононро мунтазам ва ҳаматарафа дастгирӣ намуда, бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлатии ҷавонон ва фаъолгардонии иштироки онҳо дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ тадбирҳои судмандро роҳандозӣ менамояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ