​Таҳкими ваҳдату ягонагӣ

«Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад»

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳар як инсоне, ки ба дунё меояд ва дар рўи замин умр ба сар мебарад мехоҳад, ки дар кишвари орому осуда умр ба сар барад.

Он дарахтеро, ки Президентамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрўзҳо меваҳои ширину босамар оварда истодааст, ки бо онҳо мо тоҷикон фахр месозем.

Иттиҳоди миллӣ ҳамеша бар ҷангу ҷидол ва нифоқу ҷудоӣ пирўз мегардад. Аз ин рў, вазифаи ҷонӣ ва қарзи инсонии ҳар як фарди бонангу номус, ватандўсту ватанпарвари миллати мо, таҳкими дўстиву бародарӣ, сулҳу созиш ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол мебошад. Ташаккули ѓояи ваҳдати ягонагӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар як миллати соҳибдавлат мебошад, ки ҳадафу роҳи таърихи ҳар як халқ ҳаракати огоҳонаи он ба сўи дастовардҳои шоистаи сиёсӣ мебошад.

Ин шоҳроҳи бунёдӣ, яъне худогоҳиву худшиносӣ шахсро водор месозад, ки ба қадри Модар-Ватан, муқаддасоти миллӣ-истиқлол, озодӣ ва рамзҳои давлатӣ, инчунин арзишҳои волои фарҳанги ахлоқӣ, забони модарӣ, адабиёти оламшумул ва таъриху маданияти кўҳани халқи худ бирасад ва барои ба насли оянда гузоштани мероси арзанда кўшишу талош варзад.

Имрўз фарҳанги давлатсозӣ ва давлатдории ҷомеаи мо рўз то рўз решадору мустаҳкам мегардад, зеро хурду бузурги мардуми Тоҷикистон ҳамеша хостгори ободиву озодӣ ва оромиву осудагӣ мебошанд.

Бояд мо ватани худро самимона ва аз таҳти дил дўст дорем ва барои ободиву шукуфоии он пайваста талош варзем. Барои он ки дар ин самт мо ба натиҷаи боз ҳам назаррас ноил гардем, зарур аст, ки тамоми ҷомеа ба масъалаи таълиму тарбия ва рушди фарҳангу маориф рў орад.

Наврасон ва ҷавононро дар рўҳияи ватандўстӣ ва ватанпарастӣ тарбия бояд кард то ки онҳо вориси ҳақиқии ин давлату ҷамъият буданашонро эҳсос намоянд ва барои ободии сарзамини хеш саъю талош варзанд.

Ҳадафи ниҳоии мо бо истифода аз дастовардҳои илму техникаи муосир ва техникаи пешрафта ҷавононро тарбия карда ба камол расонида, наслҳои закиву донишманд ва соҳтбмаърифату соҳибмаълумот

зиёд гардад, то дар оянда тақдири давлату миллати худро онҳо ба даст гирифта тавонанд.

Аз ин рў, бояд ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандўсту ватанпараст дар қалбу шуури худ эҳсоси наҷиби ваҳдатро парвариш диҳад ва барои таҳкиму тақвияти он ҳамчун арзиши нодири милливу дастоварди бобақои замони истиқлол талош намояд.

Дар ҳамин сурат, ваҳдату иттиҳод, ҳамраъйиву ҳамбастагӣ ва ҳамдиливу якдигарфаҳмӣ барои ташаккул ва рушди андешаи фарогири Ваҳдати миллӣ замина хоҳад гузошт ва ин андеша мардумро ба пирўзиҳои минбаъда раҳнамоӣ хоҳад кард.

Хулоса, чун як фарзанди бонангу номус имрўз аз сулҳу ваҳдати кишвари азизам меболам ва хоҳони онам, ки ваҳдати миллии халқи тоҷик ҳамеша пойдру устувор ва ҷовидона бошад.

Кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарии факултети педагогӣ Азимова Машҳурахон Ҳоҷиевна

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ