​Илмат ба амал чу ёр гардад…

Бо ибтикори «Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои педагоги”-и назди донишгоҳ дар бинои таълимии № 2, факултети забонҳои хориҷӣ семинари доимоамалкунандаи таълимӣ-методии усулҳои фаъоли таълим бо роҳбарони таҷрибаомўзии факултетҳо баргузор гардид. Мақсади асосии семинар-машварат баланд бардоштани сифати таҷрибаомўзии педагогии донишҷўён мебошад.

Нахуст директори «Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои педагогӣ», профессор Шаропов Шавкат баромад карда, нақш ва мавқеи таҷрибаомўзии педагогӣ дар ташаккули салоҳияти касбии донишҷўёнро баррасӣ намуд. Мавсуф иброз дошт, ки вақти он расидааст, ки масъулияти донишҷўён нисбат ба таҷрибаомўзии педагогӣ баланд бардошта шавад, зеро онҳо дар оянда методист, педагог ва психологи ба талаботи замони муосир бояд ҷавобгў бошанд.

Сониян роҳбари семинари мазкур ходими калони илмии институти мазкур, дотсент Алиҷон Бойматов сухан карда, таъкид намуд, ки бо ташаббуси ин институт дар донишгоҳ аввалин маротиба озмуни «Донишҷўй-таҷрибаомўзи беҳтарин» гузаронида мешавад. Номбурда ҳозиринро бо тартиб, шарт ва меъёрҳои баҳодиҳӣ барои муайян намудани ғолибони озмун шинос намуд.

Иштирокчиёни семинар озодона фикру андешаҳои хешро иброз намуданд, аз ҷумла дотсенти кафедраи методикаи таълими таърих Олимҷон Маҳмудов оид ба меъёрҳои таҷрибаомўзӣ ва шартҳои он андешаҳои худро баён намуд.

Дар ҷамъбасти семинар сардори шуъбаи таҷрибаомўзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон Расул Бобоев сухан карда, гуфт: “Бояд дар тўли ҳафтаи панҷум озмуни сатҳи факултет ҷамъбаст гардида, ғолибон ба шуъбаи таҷрибаомўзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон пешниҳод гарданд. Дар ҳафтаи шашум ҳайати комиссия аз тарафи институт ва раёсати донишгоҳ ғолибонро санҷида, ҷойҳои намоёнро муайян ва ҷамбаст намуда, ғолибонро қадршиносӣ менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки айни замон таҷрибаомӯзии омӯзгории донишҷӯён дар муассисаҳои таълимӣ ҷараён дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ