​Шукронаи ҳаёти осуда

Терроризм ва ифродгароӣ зуҳуротихафноку хатаровар буда, имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда аст. Гурӯҳҳои эктримистӣ ва ифротӣ аз ҷумлаи онҳо ҲНИ, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон карда шудааст, барои амалӣ намудани нақшаву ниятҳои нопоки худ аз номи дини мубини Ислом истифода бурда, мардумро хусусан ҷавононро ба гумроҳию хиёнат ба давлату миллат ҳидоят мекунад. Мо ҷавононро, ки оянда ва қувваи пешбарандаи ҷомеаи мо мебошанд аз мақсадҳои ғаразноки сиёсии ҳизби наҳзати ислом огоҳ бояд кунем, то ки баъзе аз онҳо, ки саводи зарурї надоранд ба доми онҳо нағалтанд ва гумроҳ нагарданд.

Аъзоёни ҲНИ дар асл мухолифони давлат буда, мақсадҳои ғаразноки сиёсӣ доранд, пешравӣ ва сулҳу субот, ободии диёрамонро дидан намехоҳанд. Мо бояд ҳушёриро аз даст надиҳем ва ба ҳазёнгӯиҳо ва дурӯғгӯии наҳзатиён ҳеҷ гоҳ бовар накунем. Ба қадри пойдории сулҳу ваҳдат ва оромӣ дар кишварамон бирасем. Ба дасисаҳои бадхоҳони Ватани азизамон ҳаргиз дода нашавем. Шукронаи ҳаёти осуда дар кишварамон кунем, баҳри ободї ва пешравии давлатамон саҳмгузор бошем.

Изҳороти сармуаллими кафедраи СБТ Усмонов Ҳ.Ҳ.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ