Мизи мудаввар: баррасии хушунат

Дар факултети тарбияи ҷисмонӣ дар доираи маъракаи умумиҷаҳонии “16 рӯзи алайҳи хушунат” мизи мудаввар доир гардид. Омилҳои гирифторшавӣ ба хушунат ва роҳҳои мубориза бо ин зуҳурот дар доираи ин чорабинӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Перомуни мавзӯи мавриди матраҳ устодони кафедраи анатомия, варзиш ва мудофиаи гражданӣ маърӯза намуданд.

Ҳамзамон, ҷиҳати пешгирӣ аз пайомадҳои хушунат миёни иштирокчиёни мизи мудаввар мубодилаи афкор сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ