Кабирӣ ва ҳизби нокоми ӯ!

Ба назари ман ин суол дурустматраҳ нашудааст. Ин муқоиса чандон саҳеҳ нест. Президенти аз тарафихалқ интихоб шударо бо роҳбари ҳизби дар Тоҷикистон фаоълияташ мамнўъ гашта, якчанд ҷиноятҳои вазнин содир кардаасту аз ҷавобгарӣ тарсида ба хориҷа фирор кардааст, муқоиса намудан нодуруст мебошад. Ҷавоб ба ин суол мураккаб нест. Эмомалӣ Раҳмон мувофиқи қонунҳои интихоботу райпурсӣ Президенти Чумҳурии Тоҷикистон шуд. Ў савганд хўрд ва мувофиқи конунҳои амалкунандаи Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Муҳиддин Кабирӣ чӣ? Вай замоне вакили маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда буд, вале ҳамчун депутат кори назаррасе накард, аз ин рў дар даъвати дигар нафақат Муҳиддин Кабирӣ, балки ҳизбаш овоз гирифта натавонист. Ягон нафаре вакил нашуд.Сабабаш возеҳу равшан аст. Ҳизб мавқею обрўяшро аз даст дод.

Эмомалӣ Раҳмон бори аввал моҳи ноябри соли 1994 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Пеш аз ҳама ў оташи ҷангро хомўш кард, ба Тоҷикистон сулҳ овард, гурезаҳоро аз хориҷа баргардонд. Бо мухолифин гуфтушунид намуда, моҳи июни соли 1997 ба созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо гузошт. Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хотима ёфт ва мардум ба фаъолияти осоишта машғул гашт.

Ба мухолифини тоҷик мувофиқи талабаш 30 фоиз мансаб доданд ва дере нагузашта маълум шуд, ки ҳамаи ин ҷангу ҷадал барои ишғоли вазифа ва мансаб будааст. Як гурўҳ бемансабон риёкориашонро давом доданд, якдигаркушӣ оғоз ёфт. Муовини аввали вазири ВКД -и ҷумҳурӣ Ҳабиб Сангинов, журналисти шинохтаи тоҷик Отахон Латифӣ, раиси ноҳияи Пролетар (ҳоло Ҷаббор Расулов) ва чанд нафари дигарро парронданд. Вақти тафтиши ин парвандаҳои ҷиноятӣ маълум шуд, ки роҳбарони мухолифин ба ин кушторҳо ҳисса доштанд.

Ҳамчунин воқеаҳои солҳои охир рўйдода шаҳодати онро доштанд, ки раиси ҳамонвақтаи ҳизби наҳсати ислом Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷи мамлакат истода ба ин нооромиҳо роҳбарӣ мекардааст. Яке аз ҳаммаслакони вай генерал Назарзода таҳти роҳбарии Кабирӣ хостаст дар Тоҷикистон табаддулот кунад. Ҳангоми тафтиши ин қазия маълум шуд, ки ошўбгарон аз хориҷа пул, яроқи ҷангӣ мегирифтаанд. Онҳо ин силоҳҳоро алайҳи халқи худ истифода бурданд ва чандин куштору сўхторро ба амал оварданд.

Инсоф кунед хоҷаҳо, магар кушторру сўхторҳои солҳои навадум дар вилояти Қўрғонтеппа ба вуқўъ омадаро мардум фаромўш кардааст?

Он кирдори нангинро, ки дар ҳаммоми хоҷагии «Туркманистон» - и ноҳияи Вахш, вилояти Қўрғонтеппа рух додаро дар ҷои дигаршунидаед? Кӣ ба даҳони ҳамдиёри худ муми тафсон рехтааст? Кӣ аз батни модар кўдакро гирифта куштааст? Кӣ одами зиндаро пўст кандааст? Ба ҳамаи ин амалиётҳо роҳбарони ҳизби наҳсати ислом Давлат Усмон ва шодмон Юсуф роҳбарӣ мекарданд ва кирдори худро ҳақ меҳисобиданд.

Наход мардуми Тоҷикистон кирдорҳои нопоки онҳоро аз ёд бароварда бошад? Чунинаш гумон!

Дар арафаи интихоботи президент ва вакилони маҷлис боз ин моҷаро, аз куҷо бархест? Наход боз мансабталошон ба ин майдон омада бошанд? Наход воқеаҳои дар давлатҳои дигар рух дода, аз ҷумла дар Украина сарзада, дарси ибрат нашуда бошад?..

Ҳусейнова Л.Б., омӯзгори кафедраи инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони русӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ