​Изҳороти устодони кафедраи забони тоҷикӣ

Дар замони мутамаддини кунунӣ сиёсикунии дин яке аз масъалаҳои печидаи давлатҳои исломӣ мебошад, ки борҳо аз ҷониби дигарон мавриди сарзаниш қарор гирифтааст. Дар ҳақиқат, имрўзҳо мушоҳида мегардад, ки баъзе афрод бо номи дини ислом мехоҳанд амалҳои зишти худро дар ҷомеаи ором амалӣ намоянд, ки ин яке аз амалҳои бади инсонӣ мебошад. Чунонки мо медонем, дини ислом ҳеҷ гоҳ касро ба роҳгумӣ намебарад, баръакс яке аз динҳои ростӣ, покӣ ва намунаи беҳтарини динҳои рўи олам маҳсуб меёбад.

Бадном кардани низоми давлатдории дунявии демократӣ аз нуқтаи назари динӣ хатоии маҳз буда, онро баъзе аз афроди ҷомеадар муборизаҳои сиёсии худ истифода мебаранд. Хушбахтона имрӯз дар байни сокинони асосии кишвари мо ба ин тамоюлҳо баҳои дурусти худро медиҳанд зеро оид ба давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд ва чунин мешуморанд, ки фақат давлати дунявию демократӣ метавонад динро тариққи дода роҳҳои дурусти онро пешаи мардум гардонад.

Андешаҳои ҳамешагии ноби саршор аз ҳидоят ва раҳнамунсози Пешвои миллат ба мардуми шарафманди ҷумҳурӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мо шаҳрвандон дар ин ҷаҳони пуртазод ҳамеша ҳушёрӣ ва зиракии сиёсии худро аз даст надода дар партави сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд амал намоем.Имрўз мардуми Тоҷикистони азиз, бидуни шакку шубҳа, аз зиндагии хубу шоистаи худ хурсанд буда, раъйи хешро ба таври ошкоро дар истиқболи шоёни ин сиёсати дурнигарона баён карда истодаанд. Таъмини пурраи барқ дар ҷумҳурӣ, шароити мусоиди корӣ ва маоши хубу зиндагии тинҷ, ҳукмфармо будани сулҳу субот дар Ватани азизамон далели ин гуфтаҳо ба шумор меравад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ