Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат

Тавсеаву такомули маҳорати китобхонӣ раванди бисёр душвор,тўлонӣ ва мустақим аст. Муҳассилин мувофиқи барнома бо намунаҳои барҷастаи асарҳои адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик ошно гашта, ба таҳлилу тафсири онҳо маҳорат пайдо мекунанд, хониши бадеӣ ва нақл карданро меомӯзанд, дар иҷрои кори мустақилона аз рӯйи китоб малака ҳосил менамоянд. Хониши беруназсинфӣ дониши дар ҷараёни тадрис ҳосилнамудаи хонандагон ва шарҳи маъноиву хусусиятҳои бадеии онҳоро амиқтар мегардонад. Муҳим он аст, ки робитаи хониши беруназсинфӣ ва хониши синфӣ ба таври муназзам идома ёбад ва муҳассилин ба китобхонӣ ҳар чӣ бештар роғиб гарданд. Бо ташаббусу дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мутолиаи китоб даҳсолаҳои охир диққати хоса зоҳир гашта, дар тамоми қаламрави кишвар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” доир шуда истодааст. Ҳадафи баргузории он чунин шарҳ ёфтааст: “Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо, ходимони илм), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар доир мегардад”.

Роҳандозию баргузории озмуни мазкур аз шоёнтарин иқдомҳои фарҳангии ҳукумати кишвар аст ва он лаёқату маҳорати эҷод­корию маърифатпарвариро тақвият бахшида, барои дарёфти дӯстдорони каломи бадеъ, истеъдодҳои нодир аз байни наврасону ҷавонон ва ба ин васила арљгузорӣ ба фарҳангу маънавият, ҳувияту худшиносии миллӣ мусоидат карда метавонад. Аз ин ҷост, ки муаллим дар ҷараёни дарс ҳангоми пешниҳод кардани маводи барнома бояд ба љанбаи муассири тарбиявию ахлоқии ин ганљинаи хирад диққат дода, ба таври умумӣ он асарҳоеро, ки барои хониши беруназсинфӣ тавсия шудаанд, ҳанӯз аз оғози соли таҳсил тавсиф намояд. Хониши беруназсинфиро бо се роҳ амалӣ кардан мумкин аст: 1) мутолиаи мустақилонаи адабиёти ҳатмии вобаста ба маводи дар синф омўхташуда, ки равишшиносон чунин усулҳои ба роҳ мондани онро бозгӯ кардаанд - дарёфти порчаҳои таъинкардаи омўзгор аз асари бадеӣ, нақли мазмуни қисмати алоҳидаи матн, ки омўзгор талаб кардааст, баҳо додан ба қаҳрамони асари бадеӣ дар радифи корҳои мустақилонаи хонандагон арзиши бештареро соҳиб ҳастанд”; 2) мутолиа ва таҳлили адабиёти аҳаммияти тарбиявӣ дошта («Асарҳо барои хониши беруназсинфӣ», ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҶТ барои ҳар синф муқаррар шудааст; 3) мутолиаи китобҳое, ки хонандагон бо салоҳдиди худ ё бо тавсияи бузургсолон интихоб кардаанд. Омӯзиши осори адабӣ ѓайр аз мустаҳкам гардонидани дониш инчунин фаъолнокии хонандагонро меафзояд, зеро онҳо имкон меёбанд, ки андешаҳои хешро дар таҳлили озоду мустақил баён созанд ва ба ин васила салоҳияти фарҳанги муоширати муҳассилин таъмин мегардад. Доир ба ин масъала Президенти Љумҳурии Тољикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (28.12.2023) чунин изҳори назар карданд: “Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин, вазифадор карда мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо бо мақсади татбиқи лоиҳаи сармоягузории давлатии «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» «Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намояд. Зарур аст, ки дар раванди амалисозии лоиҳа муҳити мусоид барои дастрасӣ ба таҳсилот, таълиму тарбияи самарабахш, таълифи китобҳои дарсии насли нав, баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳлил ва арзёбии раванди таълиму тарбия ва беҳтар кардани инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ таъмин карда шавад”. Таҳлили асарҳои мустақилона мутолиашуда малакаҳои хонишро дар доираи машғулиятҳои беруназсинфӣ ва робитаи хонандагонро бо китоб тақвият бахшида, шавқу ҳаваси мутолиаи онҳоро зиёд мекунад. Новобаста аз он, ки ин фаъолиятҳо ёрирасонанд, аммо шомили салоҳиятҳои касбии муаллими замони муосир ҳастанд ва бо роҳандозии ин навъ машғулиятҳо дар фароянди таҳсил тағйироти матлубе дар ву фарҳанги гуфтори толибилмон эҳсос мегардад.

Шоира Пўлодова - дотсенти донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ