Артиши миллӣ – пойдеворидавлати миллӣ

Ватандорӣ аз имондорист, аз ин лиҳоз бояд ҳамеша бо дили пок ба Ватан хизмат намоем ва манфиати миллиро аз манфиатҳои шахсӣ ҳамеша пеш гузорем. Зеро талаботи замон аз мо тақозо мекунад, ки рўз то рўз ба дарки оромии кишвар бирасем ва онро ҳамешаарҷ гузорем. Мо бояд Ватанамонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, мисли гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Дар ин равандкафили таҳкимиистиқлолияти давлатӣ,мактаби бузурги ватандорӣ,пойдевори тарбияи ҳарбӣ – ватандўстӣАртиши миллӣ ҳамчунсипари боэътимоди Ватани соҳибистиқлоломон аҳамияти калоти таърихӣ-умумиҷаҳонӣ дорад.Дар асоси тағйирот ва иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2021) “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ пешбинӣ шудааст, ки мувофиқи он шаҳрвадони синни даъватӣ ба таври ихтиёрӣ бо гузаштани ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ ва пардохти маблағи муайян, аз хизмати ҳарбӣозод карда мешаванд. Вазъи имрўзаи ҷаҳон ва минтақа моро водор месозад, ки Артиши миллӣ ҳамчун кафили таҳкими истиқлолияти давлатӣба масъалаи таъминоти Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар беш аз ҳар вақти дигар таваҷҷуҳи ҷиддӣ доданро талаб менамоянд. Мардуми шарафманди қадимаи халқи тоҷик дар арафаи 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон31-солагиитаъсиси (1993)Артиши Миллиро қайд карда, бароимуҳофизатимарзи бумимамлакат эътибори махсус медиҳанд.

Аввалин қисмҳои Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистондар асоси ба амал тадбиқ намудани қарорҳои Иҷлосияи тақдирсози миллат-Иҷлосияи ХУ1 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда, бароимустаҳкам намуданисохта давлат ва давлатдори, таъмини сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ, мактаби бузурги ватандорӣ, макони таорбияиҳарбӣ-ватандорӣ, таъмини муҳофизаиҳаёти бунёдкоронаю созандагии меҳнаткашоникишвар, ҳифзи Ватан,ҳимояи манфиатҳои давлат,таъмини амният ва иқтидори мудофиавии кишвар Артии миллӣсаҳми беандоза мегузорад. Таърих гувоҳ аст, ки бо Қарори Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 18 декабри соли 1992 таҳти рақами № 3 «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд. Яъне, заминаҳои ҳуқуқии таъсисиАртиши миллӣ азИҷлосияи тақдирсози миллат сарчашма мегирад.

Бо пешниҳои Пешвои муаззами миллат,мўхтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 феврал Рўзи Артиши миллӣ дар мамлакат эълон карда шуд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 1992 ва бо қарори Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 1992 дар пойгоҳи техникими геологӣ коллеҷи олии ҳарбии фармондеҳӣ-мухандисӣ ташкил карда шуд ва гурўҳи аввалини донишҷўёни шомил шуда ба коллеҷи мазкур бори нахуст, 23 феврали соли 1993 аввалин паради Артиши миллӣ доир шуд ва нахуст санганди ҳарбӣ ёд намуд. Нақши Пешвои миллат дар таъсис ва таҳкими Артиши миллӣкалон буда, то соли 1997 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 қисмат: Қўшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва Қўшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат буд. ²оло бо Қӯшунҳои зуд-амал (аз соли2003) (таркибаш- қисмҳои низомии десантӣ, тирандозони кӯҳӣ, қисмҳои таъиноти махсус, полки муҳандисӣ-сапёрӣ ва як қатор ҷузъу томҳои дигар шомил гаштанд), литсейи ҳарбӣ, Донишкадаи ҳарбӣ (2002), полки комендантӣ, қисмҳои ҳарбии таъминоти ва дигар идораҳо фаъолият мебарад.Соли 2024- 106-солагии Артиши Шўравӣ,31-солагии Артиши миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар асоси таҳлил ва омўзиши Паёми навбати (№ 25) Асосгузорисулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 декабри соли 2023 дар барои самтҳои асосии сиёсатидохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мутахассиси ин соҳа ва таърихшинос ба чунон хулоса омадан мумкин, ки Паём саодатномаи халқи тоҷик мебошад.

Дар солҳои иститқлолият халқамон бо дастоварду пешравиҳо ноил шуд ва ддар ин саҳми Артиши миллӣ беандоза калон аст. Дар ин шароититаъмини беҳатари мамлакат аз тарафи Артиши милли сайёҳӣ ҳам рушд меёбад. Дар кишвар зиёда аз 240 ширкатҳои сайёҳӣ фаъолият дошта, 15 лоиҳаи инфрасохтори сайёҳӣ аз имтиёзҳои бархурдар гардидааст, 20% сайёҳ зиёд аст, барои тайёр кардани кадрҳо дарзаминаи ДСХДонишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (ДБССТ) таъсис дода шуд. Ба соҳибкорони хориҷие, ки ба иқтисодиёти кишвар зиёда аз 1 млн доллар сармоягузорӣ менамоянд раводиди бисёркаратаи 5 сола дода шавад ва дар доираи“Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ваҳунарҳои мардумӣ” бо мақсади ҷалби пештари сайёҳон ба шаҳрвандони хориҷие, ҳуқуқи бо тартиби сода гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, раводиди навъи сайёҳии бисёркарата дода, мӯҳлати он то 60 рӯз дароз карда шавад, ҳамватанони бурунмарзие, ки зодагони Тоҷикистон мебошад, раводиди бисёркаратаи 3 сола дода шавадро пешниҳод намуданд Пешвои миллат.

Ҳамчун кафили таҳкимиистиқлол давлатиАртиши миллии кишвар барои мустаҳкам кардани муносибатҳаи байналмилали эътибори махсус медихад.Дар солҳои истиқлолият дар таркиби Артиши милли қисмҳои пиёдагар, сарҳадӣ,артелерӣ,ҳавои -ҳарбӣ ва ғайриҳо ташкил карда шуда, бо яроқу воситаҳои ҳабии замонавӣ таъмин карда шудааст, ки дар он мутахассисҳои касбфаъолият мебаранд, аз ҷиҳати мазмун ва моҳият бо талобати стандардҳои байналмилалӣ ҷавобгар мебошад. Артиши миллии Тоҷикистон артишисулҳпарвар мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои муассиру самарабахш ва созандаи худро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, шарикони рушд ва ниҳодҳои бонуфузи молиявие, ки ба онҳо ҳамкориҳои судманд дорем, идома медихем. Душанбе ба маркази баррасии масъалаҳои глобалӣ ва минтақавӣ табдил ёфтааст. Конференсияи байналмилалӣ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028”, “Соли 2025 –соли байналмилалӣ ҳифзи пиряхҳо”дар Душанбе баргузор мегардад.

Дар гузаронидани ин маъракаҳои байналмилалӣ нақши Артиши миллӣ назаррас аст. Дар ҳақиқат, Паёми Пешвои муаззами миллат (2023) то соли 2040саодатномаи халқи тоҷик буда, дар он қайд карда шудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати заҳмати халқи соҳибмаърифату тамаддунсозаш ба марҳалаи нави рушд ворид шуд, ки дар ин равандмо ва хизматчиёни ҳарби ҳушёриву зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надиҳем, ба масъалаи ҳифзиамнияти инфрасохтори низомӣ бисёр ҷиддӣ муносибат намоем.

Боиси таассуф аст, ки имрўз қисме аз ҷавонон ба синну солихизмати ҳарбӣ расида, сари вақт ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир намешаванд ё худ аз хизмати ҳарбӣ саркаши мекунад. Хизмати ҳарбӣ барои занҳо ҳамчун уҳдадории конститутсионии шаҳрвандӣ муқаррар нашуда бошад ҳам, вале рўз аз рўз дар таҷрибаи ҷаҳонӣраванди иштироки занҳо дар мудофиаи ҳарбӣдар баъзе давлатҳои муосир 15%, дар оянда ба 20% роташкил мекунанд. Дар Исроил хизмати ҳарбӣ барои занҳо баробари мардон ҳамчун уҳдадории конститутсионӣ муқаррар карда шудааст. Тибқи муқаррароти моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” шаҳрвандони ҷинси зани аз 20 то 40 сола метавонанд бо тартиби ихтиёрӣ ба хизматидохил шаванд. Масъалаҳои ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлоли давлатӣ, уҳдадориҳои ҳарбӣ, хизмати ҳарбӣ, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрвандони кишвар буда, иҷро он барои ҳар як фарзанди фарзонаи миллат шарт мебошад.Дар асоси пешниҳоди Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳии олии кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои гуногуни низомӣ вазифадор карда мешаванд, ки риояи низоми ҳарбӣ, низоми тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳо, идоракунии ҷузъи томҳои ҳарбӣ, огоҳсозӣ ва робитаи байниҳамдигариро доир ба вазъи фаврӣ пайваста такмил дода, ба масъалаи ҳифзи амнияти инфрасохтори низомӣ бисёр ҷиддӣ муносибат намоянд.

Хизмат кардан дар Артиши миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарзанда бонумуси мамлакатамон мебошанд. Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани фарди бераҳму шавқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонад. Шарти муҳими ба даст овардани муваффақият дар мубориза бо терроризм фаъолиятиҳамоҳанг шудаву босамари мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва Артиши миллӣ дар ин самт мебошад.

Дар давраи истиқлолият таъминиамнияти марзу буми давлат омили осоиштагӣ ва сарҷамъии миллати тоҷик нақши Артиши миллӣ бузург аст.Дар арафаи 35-солагииистиқлоли давлатӣ ва 31-солагии таъсиси Артиши миллӣ дар ҳамаи корхоную ташкилотҳои, муассисаҳои маориф, тандурустӣ, маъданӣ-равшанномаи бо иштирокивакилониқисмҳои ҳарбӣ,кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ бо иштироки иштироокчиёни ҶБВ,барқарорсозиҳокимияти қонунӣ, интернатсионалистҳо шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд суҳбатҳо, саволу ҷавобҳо, мулоқотҳо, воҳӯриҳо дар бароимазмун ва моҳияти ҳизмати ҳарбии,иштироки ҷавонон дар ҳизмати ҳарбӣ гузаронидан ба анъана табдил ёфтааст.

Ҷиҳати суръат бахшидан ба навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии Артиши миллӣ, баланд бардоштани омодабошии ҳарбӣ ва тақвияти иқтидории мудофиавии кишвар эътибори махсус додан талоботи замон аст. Дар солҳои истиқлолият масъалаи тақвияти ҳисси ватандўстӣ, худшиносиву худогоҳӣ, садоқат ба Ватан-модар ва хизмат дар Артиши миллӣяке аз мавзўъҳои муҳим ба ҳисоб рафта, он метавонад дар замири шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, дарки молҳияти ҳарчи бештари ҳифзи тамомияти озодиро ба вуҷуд меорад.Масъалаҳои хъизмат дар Артиши миллӣ, ватандўстӣ ва ватанпарварӣ муҳимтарин маҳаки фаъолияти касбиву ҷамъиятӣ ва омили асосии муттаҳидсозии тамоми неруҳоиҷомеа мебошад. Пешвои миллат таъкид намуданд: “Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар руҳияи ватандўстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣтарбиянамудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин, риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб меёбад”. Дар сафҳои Артиши миллии давлатибузургамон ҳизмат карда, мардуми бузургмекишварро бо ҷашни Артиши миллӣ табрик намуда, мо 35-солагии Истиқлолияти давлатии азизамонро бо муваффақиятҳои бузург пешвоз гирим.

Хизмат дар сафи Артиши миллӣ вазифаи муқаддаси мо, кафили таҳкимиистиқлолӣ давлат, пойдевори давлати миллӣ мебошанд. Мо,шаҳрвандони кишварро зарур аст, ки барои ҳифзи амнияту оромии мамлакати соҳибистиқлол ҳама якдилона талош кунем. Якҷоя Тоҷикистону орому зеборо боз ҳам ба наслҳои оянда орому зеботар ба мерос гузорем!

Эркаев Сафар Абдулхайрович, дотсенти МДТ «ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров», н.и.т., Иштирокчии Иҷлосияи ХVI ШО ҶТ,

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ