​Ҳафт садаи инкишофи забони адабии тоҷикӣ аз нигоҳи Пешвои миллат

Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат - ҳастии миллат»

Китоби 2. Забон ва замон. -Душанбе: Нашриёти муосир, 2020. – 432 с.

Дар арафаи Наврўзи байналмилалӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миллати шарифу шарафманд ва сарбаланди тоҷик наврўзии дигар ҳадя намуданд. Дар «Нашриёти муосир»-и пойтахт китоби дувуми асари гаронмояи «Забони миллат - ҳастии миллат» бо номи «Забон ва замон» бо теъдоди 15000 нусха бо сатҳу сифати баланд ба нашр расид.

Китоби аввали асари мазкур соли 2016 дар нашриёти «Эр-граф» бо теъдоди 500 нусха таҳти унвони «Ба сўйи пояндагӣ» чоп шуда буд.

Китоби дувуми «Забони миллат - ҳастии миллат» таъриху тақдири забони тоҷикиро аз оғози ҳуҷуми муғул (асри ХIII) то ибтидои садаи ХХ (фурўпошии аморати Бухоро ва эълони Ҷумҳурии халқии Бухоро (соли 1920)-ро дар бар гирифта, аз сарсухан, ҳафт боб, хулоса ва китобнома иборат аст.

Дар сарсухан аз нахустунсури ҳастӣ ва ҳувияти миллат ба шумор омадани забон суҳбат шуда, таъкид гардидааст, ки «забон муҳимтарин унсури бақои миллат буда, оинаи рўзгори гузаштаву ҳозира ва маҷмўи тафаккуру андешаи халқ ба ҳисоб меравад…» (с.5), вале барои Пешвои муҳтарам «… забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугўю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллат…, рўҳи поки гузаштагон... ва оинаи осори ниёгон… мебошад» (с.6). Аз ин рў, мавсуф бо ҳисси баланди ватандўстӣ бо забони мазкур аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ сухан мегўянду ба он арҷ мегузоранд.

Шаҳодати барҷастаи эҳтирому эътиқоди Сарвари давлат ба забони тоҷикӣ таълифи осори зиёди мондагор доир ба таъриху тақдири забону адабиёти тоҷик аст, ки «Забони миллат - ҳастии миллат» яке аз онҳост.

Боби якуми асари мавриди муаррифӣ «Забони тоҷикӣ ва санҷиши замон» унвон гирифта, вазъи забони тоҷикиро дар замони ҳуҷуми муғул мавриди баррасӣ қарор додааст. Ваҳшонияти муғул дар осори зиёди таърихӣ инъикос шудааст ва ҳосили бардошти муаллифи «Забони миллат - ҳастии миллат» ҳам он аст, ки «… муносибати Чингизхон бо мардуми тоҷик хеле ваҳшиёнаю душманона буд» ва «ҳамлаи харобовари лашкари муғул дар сарнавишти халқи тоҷик ва илму фарҳанги он шикасти азиме овард» (с.13). Ин фоҷиаи таърихро муаррихи қуруни вусто Ибни Асир чунин ба қалам медиҳад: «Бар замин хун равона шуд, чунонки аз фаровонии хун пои асп бар замин мелағзид» (4, с.138). Ҳамин муаллиф дар давоми фикри худ вазъи Бухороро ин гуна тасвир мекунад: «Дар натиҷа Бухоро ба вазъе даромад, ки дигар паранда дар он пар намезад ва чунон шуд, ки гуфтӣ рўзе қабл ҳеч кас ва ҳеч чиз дар он ҷо набудааст» (4, с.143). Дар натиҷаи ин ваҳшонияту харобкорӣ мардум, ба таъбири муаррихи фавқ, «маргро аз таҳаммули ин вазъ тарҷеҳ медоданд» (4, с.143).

Бо вуҷуди ин ваҳшоният боиси тафохури соҳибзабонон аст, ки «муғулҳо ҳам монанди арабҳо дар идораи сарзаминҳои ғасбкарда ночор рў ба мардуми тоҷиктабор оварданд ва дастгоҳи идории онҳо ба воситаи вазирони онон, ки ҳама тоҷикзабон буданд, роҳбарӣ мешуд» (с.16) ва «забону фарҳанги оламгири тоҷикӣ бо собиқаю салиқаи дерини худ ва тадбиру хиради вазирону дабиронаш тавонист, то ҷое ҳокимону фармонравоёни аҷнабии муғулро ба тобеияти худ кашад ва худро аз фаною нобудӣ раҳоӣ бахшад» (с.29).

Ба саҳнаи эҷод омадани Шайх Саъдӣ, ки дар «Бўстон»-у «Гулистон» «аксари калимаву истилоҳоти ахлоқӣ ва иҷтимоӣ… аз забони зиндаи замони муаллиф ва ё аз осори гузаштагон гирифта шудаанд» (с.27), Хоҷа Насируддини Тўсӣ, ки «бо лақаби «Устозулбашар» машҳур аст» (с.30), Ҷалолуддини Балхӣ, ки «забони Мавлоно дар «Маснавии маънавӣ» фасеҳу мардумӣ мебошад» (с.39), забонро аз нобудӣ раҳонида, баръакс, ба он рўҳу равони нав ато намуд.

Баъд аз таназзули ҳукмронии муғулон дар саҳнаи таърих сулолаҳои хурде мисли Ҷалоириҳо, Куртҳо, Сарбадорон, Музаффариён омаданд, ки ба зуҳури ситораҳои дигари забону адаби порсӣ мусоидат намуданд, ки Хоҷа Ҳофиз ва Шайх Камол аз зумраи онҳоянд. Иродату муҳаббати Сарвари давлат ба Камол махсус аст, зеро мавсуф Камолро ба қатори 25 чеҳраи мондагори тоҷик ворид намуда, таъкид доштаанд, ки «дарахти андешаҳои башардўстонаи шайх Камол мисли дарахти зиндагӣ асрҳои аср сарсабзу устувор боқӣ хоҳад монд» (3, с.278), зеро, ба таъбири Ҷаноби олӣ, «бузургии Хоҷа Камол ҳамчун шоир дар он зоҳир мешавад, ки ў шеърро ҳамчун василаи ифодаи андешаҳои баланди ирфонӣ ва ғояҳои инсондўстонаи худ истифода карда тавонистааст» (с.52).

Инқирози муғулон ва ҳузури хонадонҳои хурд дар хоки Мовароуннаҳру Хуросон боиси зуҳури давлати Темуриён гардид, ки асосгузори он писари беки қабилаи муғулии барлос Темур буд. Амири мазкур низ дар дарозои ҳамлаву юриши хеш «аз қатлу ғорат, зинда ба зинда аз ҷасади инсон девор кардан, калламанора сохтан ва дигар ҷиноятҳои хунбор ҳамчун меросбари Чингизхон ба таври фаровон истифода кардааст» (с.63), вале, маҷмўан, амирону вазирони темурӣ ба забону адабиёти тоҷикӣ эҳтироми хосеро қоил буданд ва «суҳбату муошират бо шоирону донишмандонро мояи ифтихор медонистанд» (с.70).

Дар рушду густариши забони адабии порсии тоҷикӣ дар замони Темуриён саҳму нақши Мавлоно Ҷомӣ шоистаи таҳсин аст, ки мавриди таҳқиқи муаллифи «Забони миллат - ҳастии миллат» қарор гирифтааст. Эмомалӣ Раҳмон се омили маъруфияти Ҷомиро дар олами илму адаби порсӣ муайян намуда, афкори аҳли пажўҳишро, ки садаи ХV-ро асри эҳёи шеъри тоҷикӣ-форсӣ ва Ҷомиро бузургтарин адиби эҳёгар номидаанд, ҷонибдорӣ кардаанд.

Боби дуюми китоби дуюми «Забони миллат - ҳастии миллат» «Забони тоҷикӣ дар нимҷазираи Ҳиндустон» номзад гардидааст. Соҳибасар дар заминаи маводу мадраки фаровони таърихиву адабӣ, аз ҷумла «Ригведа»-ву «Авасто» бо тафохур аз гузаштаи муштараки забону фарҳанги мардумони тоҷику ҳинду баҳс ба миён оварда, менависанд, ки нуқтаи баланди ин равобитро дар даврони қадим дар ҳайати императории Кушониён будани онҳо бояд донист. Пасон муаллиф нуфузи забони тоҷикиро дар шибҳи қораи Ҳинд баъд аз ҳуҷуми аъроб ба ду давра ҷудо менамоянд:

  • Раванди густариши забони тоҷикӣ аз истилои араб то барқарор шудани сулолаи Темуриёни Ҳинд. Ин давра асрҳои ХI-ХV-ро дар бар мегирад;
  • Нашъунамои забони тоҷикӣ дар даврони ҳукмронии Темуриёни Ҳинд. Давраи мазкур ба асрҳои ХVI-ХIХ рост меояд (ниг. с.87-88).

Дар давраи аввали густариши забони тоҷикӣ дар Ҳинд муаллифи асар саҳми сулолаи Ғазнавиёнро махсус таъкид дошта, ба ин фикранд, ки бо ҳуҷум ба Ҳинд султонҳои ғазнавӣ ба «пай афкандани кохи бегазанди адабиёту фарҳанги тоҷик ва форс дар хиттаи паҳновари Ҳинд» мусоидат намуданд (ниг. с.89). Муҳити созгори адабӣ адибони бузург чун Амир Хусрав, Ҳасани Деҳлавӣ, Бадри Чочӣ, Зиёуддини Нахшабӣ ва дигаронро тарбият намуд, ки тавассути инҳо назму насри порсии тоҷикӣ дар сарзамини Ҳинд истеҳкоми тамом ёфт.

Дар давраи дуюми густариши забони тоҷикӣ дар Ҳиндустон, ки ба даврони ҳукмронии Темуриён иттифоқ афтодааст, «хонадони Темуриёни Ҳинд дар ин кишвар тамаддуни нави тоҷиктаборонро побарҷо карданд» (с.115). Ба фикри муаллиф, ин давра аз чанд ҷиҳат ҷолиб аст: аввалан, бо вуруди забони тоҷикӣ ба Ҳинд барои ташхиси забони Ҳинд аз забони Мовароуннаҳру Хуросон истилоҳоти тозае, чун «форсии Ҳинд», «форсии Мовароуннаҳр», «форсии Эрон» ва ғ. ба миён омаданд; сониян, чун забони тоҷикӣ забони расмии дарбор қарор гирифт, зарурати омўхтани он аз ҷониби табақоти гуногуни ҷомеа ба миён омад ва мунҷар ба рушди илми луғатшиносиву луғатнависӣ гардид; солисан, муҳити афсонавиву фарҳанги рангин ва афкори мухталифи мазҳабиву мафкуравӣ ба забони тоҷикӣ рангу бўйи «ҳиндӣ» бахшида, ба зуҳури сабки ҳиндӣ боис гардид.

Дар ин марҳала шибҳи қораи Ҳинд ба маркази бузурги илму адаб табдил ёфт, ки ҳузуру мероси гаронбаҳои Файзӣ, Носиралӣ, Бедил, Ғанӣ, Зебуннисо, Орзу, Озод, Мир Зиёуддин, Саиди Таботабоӣ, Мирзо Роиҷи Сиёлкутӣ ва дигарон бурҳони қотеи ин гуфтаҳост.

Як бахши боби мазкур ба сабки ҳиндӣ ва вижагиҳои он ихтисос дода шудааст. Муаллиф бар ин фикранд, ки агар нахустин нишонаҳои ин сабк дар ашъори Амир Хусрав ба назар расад (ниг. с.93), пас ашъори Бедил «қуллаи баландтарине дар сабки ҳиндӣ» маҳсуб меёбад (с.133). Дар густариши сабки мазкур шоирон Урфӣ, Файзӣ, Толиб, Калим, Фонии Кашмирӣ, Ғанӣ, Шавкат ва дигарон саҳми назаррас доранд, ки мақоми онҳо дар густариши ин сабк дар асар баррасӣ гардидааст. Муаллифи «Забони миллат - ҳастии миллат» вижагиҳои зеринро махсуси сабки ҳиндӣ медонанд: 1) парвози баланди хаёл, тасвироти аз воқеият дур ва истиороти пўшида; 2) дар ашъори шоирони сабки ҳиндӣ воситаҳои бадеӣ - ташбеҳ ва истиора аз моддиёт ҷудо гардида ба хаёлот табдил ёфтанд; 3) зуҳури калимаҳои мураккаби серҷузъа ва ғайримуқаррарӣ.

Дар давраи дувуми интишори забони порсӣ сарзамини Ҳинд ба маркази таълифу нашри фарҳангҳои тафсирӣ табдил меёбад. Таҳлили намунаи ин фарҳангҳо як фасли боби сеюмро ташкил додааст. Муаллифи «Забони миллат - ҳастии миллат» фарҳангҳои мазкурро аз лиҳози таърихи таълиф ба се давра ҷудо намудаанд: 1) давраи пеш аз ҳукумати Темуриёни Ҳинд (асрҳои ХIII-ХVI); 2) давраи Темуриёни Ҳинд (асрҳои ХVI-ХIХ); 3) давраи нав (асрҳои ХIХ-ХХ).

Дар давраи аввал фарҳангҳои зерин, чун «Фарҳанги Қаввос»-и Фахруддини Муборакшоҳ, «Дастур-ул-афозил»-и Рафеи Деҳлавӣ, «Адот-ул-фузало»-и Қозӣ Бадруддин Муҳаммади Деҳлавӣ, «Фарҳанги зуфўнгўё ва ҷаҳонпўё»-и Бадруддин Иброҳим, «Донишномаи Қадархон»-и Ашраф ибни Шарафулмузаккари Алфоруқӣ ва ғ. рўйи кор омаданд.

Давраи дувумро муаллиф аз нигоҳи муҳтаво пурмаҳсултарин медонанд, зеро беш аз сад луғатнома таълиф гардидаанд, ки аз нигоҳи навъ низ гуногунанд, чун тафсирӣ, фарҳанги осори шоирони алоҳида ва ғ. Маъруфтарин фарҳангҳои давраи мазкур «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ»-и Инҷуи Шерозӣ, «Фарҳангнома»-и Ҳусайн Вафоӣ, «Бурҳони қотеъ»-и Муҳаммадҳусайни Бурҳон, «Фарҳанги Рашидӣ»-и ат-Татавӣ, «Чароғи ҳидоят»-и Алихони Орзу, «Баҳори Аҷам»-и Рой Тикчанд Баҳор, «Ғиёс-ул-луғот»-и Муҳаммад Ғиёсуддин ва ғ. ба шумор мераванд.

Дар шибҳи қораи Ҳинд ду навъи осор - дастурнависӣ ва таърихнависӣ низ рў ба рушд ниҳоданд, ки дар фаслҳои дигари боби дуюм мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд.

Боби сеюми асари мавриди назар «Мақоми иҷтимоии забони тоҷикӣ дар асри ХVI» номзад шуда, дар фаслҳои алоҳида доир ба: 1) вазъи сиёсиву иҷтимоии давр; 2) забону адабиёту фарҳанг дар давраи Шайбониён; 3) роҷеъ ба сабки баёни суханварони асри ХVI; 4) истифодаи унсурҳои омиёнаи забонӣ; 5) авзои сиёсӣ дар давраи Сафавиён; 6) забону адабиёт дар давраи Сафавиён баҳс шудааст.

Вазъи сиёсиву иҷтимоии замон дар давраи мазкур низ чандон орому осоишта набудааст, ки байти Сайидо шоҳиди ин гуфтаҳост: Аз рафиқони ҷаҳон ёрӣ тамаъ кардан хатост - Дар чунин вақте, ки одам хуни одам мехўрад. Ин аст, ки дар натиҷаи саҳнаи талошҳои сиёсӣ қарор гирифтани хоки Мовароуннаҳру Хуросон на фақат сарзамини ягонаи забони порсӣ тақсим мешавад, балки «забони умумии мо ба ду шоха - гўиши эронӣ-форсӣ ва гўиши мовароуннаҳрӣ-тоҷикӣ-дарӣ ҷудо гардид» (с.164). Соҳибасар бо таассуф иброз медоранд, ки «назар ба бисёр марҳилаҳои инкишофи забони тоҷикӣ (асрҳои ХI-ХV ва ХIХ) таҳқиқот дар бораи вазъияти забони тоҷикӣ дар садаҳои ХVI-ХVIII камтаранд» (с.166). Аз ин нуқтаи назар чун «хусусиятҳои хоси забони тоҷикии ин давра бештар дар осори адибону суханварон инъикос ёфтааст» (с.163), соҳибасар дар заминаи мероси адабии давр, чун осори Ҳилолӣ, Биноӣ, Восифӣ, Мушфиқӣ, Соиб ва дигарон муҳимтарин вижагиҳои забони ин марҳиларо таҳқиқ намудаанд.

Боби чаҳоруми китоби дувуми «Забони миллат - ҳастии миллат»«Забони тоҷикӣ дар асрҳои ХVII-ХVIII» унвон гирифтааст. Дар ин давра низ сарзамини сукунати тоҷикон орому осоиш надоштааст, чунончи қатли оми бешумор дар Тошканд ва аз чуқурии хуни қурбониён гузаштани Имомқулихони Аштархонӣ намунаи ин фоҷиаҳост (ниг. с.208-209). Дар ин давр «барои аҳли адаб ба ҷуз қаноат ва созиш бо камбағаливу бечорагӣ дигар чорае набуд» (с.213). Доираи адабии Бухоро, Қўқанд ва Балх дар марҳилаи мавриди назар бештар фаъол буданд. Яке аз чеҳраҳои адабии намоёниин давр Сайидост, ки «дар масъалаи муносибат ва алоқаи забони осори адабӣ бо забони халқ дар таърихи адабиёти тоҷик ягон шоир ё нависандае бо Сайидо қобили муқоиса шуда наметавонад» (с.215).

Маҷмўан, дар давраи мазкур ду тарзи баёнро метавон мушоҳида намуд: равияи анъанаи соданависӣ, ки аз сабки хуросонӣ сарчашма мегирифт ва пайравӣ ба сабки ҳиндӣ, ки дар марҳилаи мазкур ба қуллаи камолоти худ расида буд.

Боби панҷуми асар «Забони тоҷикӣ дар асри ХIХ» номзад шуда, доир ба вазъи забони адабии тоҷикӣ дар замони Манғитиён, ки, бадбахтона, «аз замонҳои ниҳоят душвори таърихи халқи тоҷик ва забону фарҳанги он ба шумор меравад» (с.262), баҳс мекунад. Забони адабӣ дар садаи ХIХ ва, хосатан, дар нимаи дувуми асри мазкур идомаи забони классикӣ ва, махсусан, забони баъд аз даврони Темуриён буда, «забони саршор аз такаллуфоти муншиёна ва луғоти арабӣ аст» (с.263). Дар давраи фавқуззикр дар густариши забони адабии тоҷикӣ Дониш, Ҳозиқ, Возеҳ, Савдо, Шоҳин, Туғрал ва дигарон саҳми назаррас доранд.

Вуруди воҳидҳои луғавии русиву аврупоӣ, чун губурна, имперотур, телегроф, газит, истанса, истакон ва ғ., ба вуҷуд омадани калкаҳои фразеологӣ (железная дорога - роҳи оҳан, поезд - аробаи оташӣ) ва зуҳури муродифоти вожаҳои русиву аврупоӣ, чун спирт - тезоб, ресторан - ошхона, бештар ба кор рафтани калимаҳои туркиву муғулӣ (ўрда, ясавул, қушбегӣ...), корбасти бештари вожаву таъбироти мардумӣ (дина, суп-сурх, сип-сиёҳ, қад-қади ҷав, бори накав, даъвои нони қоқ…), тағйири маъно кардани бархе аз воҳидҳои луғавӣ, чун коргар, тапонча, сим ва ғ. аз муҳимтарин вижагиҳои забонии давраи мазкур ба шумор мераванд. Муаллиф дуруст таъин намудаанд, ки «аз ҳамин давра шурўъ карда, забони адабӣ ба тадриҷ аз инҳисори муншиву мирзоён ва масҷиду дабирхонаҳо берун омада, бо забони мардум наздик мешавад» (с.295), вале «вазнинӣ ва сабукии забони ин гурўҳ адибонро мавзўъ, мавқеъ ва тарзи муҳокимаронии онҳо муқаррар мекунад» (с.299).

Боби шашуми китоби дувуми «Забони миллат - ҳастии миллат» «Вазъияти забони форсӣ ва дарӣ дар Эрону Афғонистон» унвон дорад. Маълум мегардад, ки ҳарчанд марзҳо ҷудо гардиданд, вале дар Эрону Афғонистон низ чун дар аморати Бухоро вазъи сиёсӣ ноорому ногувор боқӣ мондааст. Чунончи, бо амри Оқомуҳаммадхон чашми бист ҳазор аҳолии Кирмонро кўр карда ба гўристон табдил додани шаҳри мазкур намунаи ин ваҳшонист (ниг. с.322-327).

Баъди тавсифи вазъи сиёсии Эрон дар замони Қоҷориён муаллиф доир ба вазъи забону адабиёт дар давраи мазкур баҳс оғоз намуда, рушду густариши забони форсиро дар давраи Қоҷория ба ду давра тақсим намудаанд: 1) аз ибтидои ба сари қудрат омадани сулолаи Қоҷория то давраи ҳукмронии Носириддиншоҳ; 2)аз давраи оғози ҳукумати Носириддиншоҳ то солҳои 20-уми асри ХХ.

Дар давраи якум адибон Фурўғи Бастомӣ, Яғмои Ҷандақӣ, Ризоқулихони Ҳидоят ва дигарон фаъолият дошта, забони форсӣ бо таркибу ибораҳо ва унсурҳои арабиву туркӣ олуда гардида, сабку услуби хосе рўйи кор меояд, ки бо номи «насри маснўӣ» иштиҳор дорад. Намунаи олии ин навъи наср «Таърихи Вассоф» маҳсуб меёбад, ки аҳли таҳқиқ муаллифи асарро аз «фасодкори бузурги забон» ном бурдаанд (ниг. с.329).

Дар давраи дувуми рушди забони форсӣ аввалин донишгоҳҳо дар Эрон ба вуҷуд омада, сабки бозгашти адабӣ бештар доман паҳн мекунад ва «забони форсии ибтидои асри ХХ аз саҷъу қофиябозӣ ва сабку услуби мутантан озод шуда, рў ба сўйи содагиву шевоӣ ва бозгашт ба асолати худ овардааст» (с.334) ва аҳли қалам кўшиш доштанд, ки «матолиби рўзро дар қолабҳои бисёр сода бо забони мардуми одӣ баён кунанд» (с.335). Беҳтарин намунаи ин навъи осор ашъори Фаррухии Яздӣ, Баҳор, Эраҷ Мирзо, Абулқосими Қазвинӣ ва дигарон ба шумор меравад.

Дар Афғонистон хонадони Дуррониҳо салтанат дошта, забони дарӣ-тоҷикӣ забони расмӣ маҳсуб меёфт ва, муҳимтар аз ҳама, «тоҷикон як бахши муҳимми аҳолии ин давлат, махсусан, шаҳрҳо буданд» (с.351). Маъруфтарин адибони давраи мазкур Вақиф, Оҷиз, Мир Ҳутак, Шаҳбоз, Идӣ, Васфӣ, Ризо, Маҳмуди Тарзӣ, Абдулҳақи Бетоб ва дигаронанд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди таҳқиқи вазъи забони тоҷикӣ дар Эрону Афғонистон ба чунин бардоште мерасанд, ки забони порсии тоҷикӣ «аз сафарҳои дури байналмилалӣ баргашта, оҳиста-оҳиста дар паҳнои се кишвари бо ҳам ҳамсояи Тоҷикистону Афғонистону Эрон, дар меҳани азалии худ маҳдуд мешавад ва рушду густариши минбаъдаи он ба сарнавишти ин се кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг бо ҳам мепечад» (с.364).

Боби ҳафтум «Забони тоҷикӣ дар ибтидои асри ХХ» ном гирифта, доир ба ҷараёни ҷадия, мубориза бар муқобили пантуркизм ва исботи ҳастии тоҷикон, пайдоиши матбуот ва таъсири он ба забони адабӣ, аз нақши боризи мунавварфикрону адибони давр, чун Мирзо Сироҷи Ҳаким дар густариши забони тоҷикӣ баҳс шуда, хусусиятҳои хоси луғавиву дастурии ин давраба таҳқиқ расида, таъкид гардидааст, ки дар давраи мазкур «анъанаҳои соданависии насри классикӣ ва имкониятҳои беҳтарини забони шифоҳии мардумӣ ҳар чӣ бештар истифода шуданд» (с.391).

Дар бахши хулосаи китоб соҳибасар пажўҳиши худро дар чиҳил банд натиҷагирӣ намудаанд, ки бетағйир мондани хусусиятҳои дастурии забони тоҷикӣ аз давраи Рўдакӣ то ба имрўз боиси ифтихори мо - тоҷикон маҳсуб меёбад.

Китоби дувуми «Забони миллат - ҳастии миллат» баъд аз мутолиаву муоинаи беш аз чаҳорсад (410) осори илмиву адабӣ, ки ба забонҳои мухталиф, аз ҷумла тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ғ. ба нашр расидаанд, рўйи кор омада, шаҳодат аз заҳматписандии муаллиф медиҳад.

Ба таъбири Ҷаноби олӣ, «Омўзиши сайри таърихии ташаккул ва таҳаввули забони тоҷикӣ имкон медиҳад, ки мо забонамонро дўст дорем, барои ҳифзи он талош варзем ва ба хотири ғанӣ гардидани ин забони ширину шево тамоми неруи зеҳнии кишварро сафарбар карда, рушди бемайлони онро таъмин намоем» (с.9). Аз ин рў, ин ҷониб ҳам бовар ба он дорад, ки мутолиаи асари боарзиши «Забони миллат - ҳастии миллат» меҳру муҳаббат ва иродату ихлоси соҳибзабононро ба забони тоҷикӣ боз ҳам бештар карда, дар рушду густариши он мусоидат хоҳад кард.

Мўсо Олимҷонов, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забони тоҷикии МДТ-и «ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ