​Китоби ҷомеи ҳамахон

Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат - ҳастии миллат»

Китоби 1. Ба сўйи пояндагӣ. -Душанбе: Эр-граф, 2016. -516с.

Забони миллӣ пояи асосии ҳастӣ ва ҳувияти ҳар як халқу миллат ба шумор меояд. Аз ин хотир, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз аввалин лаҳзаҳои ба сари қудрат омадан бо мақсади ба ҳам овардан ва сарҷамъ намудани миллат ва, ба таъбири устод Айнӣ, «қавми бузург бо номи тоҷик», ки дар ҳоли парешониву нобасомонӣ қарор дошт, дар ҳимоя ва ҳифзи забони модарӣ бархоста, эълом дошта буданд, ки «забон дар паноҳи давлат ва давлат дар паноҳи забон аст». Аз ин баъд тақдиру таърихи забони тоҷикӣ дар мадди назар ва омўзишу пажўҳиши доимии Сарвари давлат қарор дошт ва дар ҳар суханронии худ аз забони модарӣ, ки «дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигаҳ медорад» (с.3), ёд мекарданд.

Бо мақсади рўнамо намудани таъриху тақдири забони тоҷикӣ, ки таъриху тақдир ва сарнавишти миллати тоҷик низ маҳсуб меёбад, Сарвари давлат зарур донистанд, китоберо таҳти унвони «Забони миллат - ҳастии миллат», ки «бо сабки илмию оммавии қобили фаҳми табақоти мухталифи ҷомеа навишта шудааст» (с.23), манзури соҳибзабонон ва алоқамандону ихлосмандони забони тоҷикӣ намоянд. Чун забони тоҷикӣ таърихи беш аз сеҳазорсолаи хаттӣ дорад, асари мазкур китоби якум буда, «Ба сўйи пояндагӣ» номзад шудааст.

Таърихи забони тоҷикӣ диққати олимони зиёди Аврупову Осиёро ба худ ҷалб намуда, дар ин замина пажўҳишҳои зиёде ба анҷом расидаанд, вале «Забони миллат - ҳастии миллат» аз аввалин китобҳои ҷомеъ ба забони тоҷикист, ки роҳи тайнамудаи забони тоҷиконро бо ҳама шебу фароз бозгўӣ мекунад. Китоб аз пешгуфтор, шаш боб, хулоса ва китобнома фароҳам омадааст.

Дар пешгуфтор Сарвари давлат аз Истиқлолият ва имкониятҳои он барои худшиносиву худогоҳии миллӣ сухан карда, ба бардоште мерасанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ масъалаи забон ва эҳтирому арҷгузории он ба ҳадде мубрам гардид, ки «онро метавон яке аз падидаҳои муҳими шуури миллӣ ва афкори ҷамъиятии ин солҳо номид» (с.11). Аз дигар тараф, маҳз Истиқлолият имкон фароҳам овард, ки «омўзишу таҳқиқи таърих, забон ва фарҳанги худро бидуни бими «ранҷиши дўстон» ва бе ороишҳои дурўғин, ки таърихи мо аслан ба онҳо ниёзе надорад, анҷом диҳем» (с.11). Дар ин замина метавон гуфт, ки аз беҳтарин ва нодиртарин таҳқиқот, ки дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар мавриди таърихи забони миллӣ анҷом ёфтааст, бегуфтугў, китоби «Забони миллат - ҳастии миллат» маҳсуб меёбад.

Дар пешгуфтор чанд сифати забони тоҷикӣ мушаххасан зикр шудааст, ки бояд мояи ифтихори ҳар як соҳибзабон бошад. Дар радифи ин сифатҳо муаллиф хосияти баҳамоварӣ ва ваҳдатофарии забони тоҷикиро, ки «на танҳо лаҳҷаву забонҳо, балки қавмҳои ҳамнажоду хешовандро дар атрофи як забони умумӣ - забоне, ки барои ҳеҷ кадоми ин қавмҳо бегона набуд, ҷамъ оварда, заминаро барои падид омадани забони адабии тавоно ва ташаккули миллати ягонаву воҳид муҳайё сохт» (с.15), махсус таъкид менамоянд.

Сифати дигари забони тоҷикӣ, ба эътирофи Сарвари давлат, тавоноӣ ва рақобатпазирии он ба шумор меояд. Аз таърих пайдост, ки вақте арабон ба Хуросону Вароруд ҳуҷум мекунанд, эронитаборон (бо вуҷуди он ки қувваи аъроб бештар аз он буд, ки ба Сурияву Миср ҳуҷум намуда буданд) дар пазироии ин «меҳмони нохондаву пуриштиҳо» (таъбир аз Баҳор) истодагӣ намуда, забони худро аз маҳву нобудӣ раҳониданд. Ба таъбири дигар, «дар миёни миллатҳои зиёди мутеи араб мо ягона мурдуме будем, ки забони худро ҳифз карда, аз истиқлоли адабӣ маҳрум намондаем» (с.16).

Дар пешгуфтор нуктаи дигари ҷолиб, ки бояд омўзанда бошад, он аст, ки муаллиф тафовутҳои ҷиддии ҷараёни интишори забони тоҷикиро аз нуфузи забони арабӣ мушаххасан баршумурдаанд. Ба андешаи муаллиф, «фарқи аввал дар он аст, ки забони арабӣ дар натиҷаи ҷангу лашкаркашиҳо дар кишварҳои дигар паҳн шуда, парчами оини нав - дини Ислом омили асосии пешрафти ин забон дар кишварҳои ғайриараб будааст» (с.21). Аммо барои забони тоҷикӣ омили низомӣ дар густариши он ҳеҷ мақом надошта, «ин раванд ҷанбаи фарҳангӣ дошта, асосан ба таври сулҳомез сурат гирифтааст» (с.21). Тафовути дигар он аст, ки забони тоҷикӣ бар хилофи забони арабӣ сабаби нобудии ягон забони дигар нашудааст, «баръакс дар бисёр маврид барои тараққиву такомули забонҳои ҳамсоя мусоидат намуда, барои онҳо намунаи тақлиду пайравӣ ва махзани луғот буда ва баъди ба сарҳади булуғ расидан низ ҳамеша бо онҳо муомилот ва доду гирифти табиии забониро идома додааст» (с.21).

Аз ин нуқтаи назар мақсади муаллиф низ аз таълифи ин асари ҷомеъ огоҳу бедор сохтани соҳибзабонон ва махсусан насли ҷавон аст, зеро ниёгони мо новобаста ба номеҳрубониҳои таърих дар ҳифзи ватан ва бавижа забони миллӣ бархоста, барои мо забони пуртавонеро ба мерос гузоштаанд. Имрўз «вазифаи ворисони ин забон он аст, ки ин кохи муҳташамро аз газанди боду борони замони ҷаҳонишавӣ нигаҳ дошта, то ҷойи тавон онро бо ғановати бештар ба наслҳои оянда ба мерос гузоранд» (с.24).

Боби аввали китоб «Даврабандии таърихии забони тоҷикӣ» унвон шуда, аз се бахш фароҳам омадааст. Бахши аввал «Мардуми ориёӣ ва забони онҳо» ном дошта, дар ин фасл муаллиф дар мавриди забони тоҷикӣ, ки аз оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ маҳсуб ёфта, бо забонҳои санскрит, юнонӣ, лотинӣ, готӣ, келтӣ ва авестоӣ (зандӣ) қаробат дорад, баҳс оростаанд. Ҷойгоҳи аслии ақвоми ҳиндуаврупоӣ, ки дар илми ҷаҳонӣ доир ба ин масъала ақидаву андешаҳои мухталиф ҷой дорад, дар фасли мазкур баррасӣ шудааст. Муаллиф ин назарияҳоро ба чаҳор даста ҷудо намуда (ниг. с.27), дар заминаи фарзияҳо ба миён омадани назарияҳои якуму дуюмро таъкид дошта, тарафдории худро ба назарияи сеюм - «Назарияи муҳоҷирати ориёиҳо ба Ҳинд», ки бархе онро «таҳоҷуми ориёиҳо» низ меноманд, иброз медоранд, зеро, аввалан, «ин назария бар заминаи таҳлил ва арзёбии матнҳои «Ведо» ва «Авасто» ба миён омадааст. Дар баробари ин сарчашмаҳои дигаре чун осори эламӣ, бобулӣ, ошурӣ, мисрӣ, митонӣ, юнонӣ ва румӣ ҳам то андозае дурустии ин назарияро таъйид мекунанд» (с.28) ва, ахиран, ин назария «бар пояи бозёфтҳои бостоншиносӣ устувор аст» (с.27). Баъдан доир ба таҳаввулоти овоии истилоҳи «арйа» дар осори забонҳои бостон ва миёна, маъноҳои он, сарзамини зисти ориёиҳо баҳс ороста, ба бардоште мерасанд, ки «номи арйа, арйана ҳамчун истилоҳи этникӣ дар таркиби номҳои ашхос ва номҳои ҷуғрофии сарзаминҳои таърихӣ ва ё ватани мардумони ориёӣ ҳам дар «Авесто», ҳам дар осори замони Ҳахоманишиён, ҳам дар манобеи юнонӣ ва эламиву аккадӣ корбурди фаровон дорад, ки ин ҳама далели мансубияти ин ашхос ва ҷойҳо ба нажоди ориёист» (с.35).

Фасли дувуми боби якуми китоби мавриди омўзиш ба давраҳои таърихӣ ва даврабандии таърихи забони тоҷикӣ ихтисос дода шудааст. Бо вуҷуди он ки дар ин маврид осори зиёди илмӣ рўи кор омада, мутахассисон ақидаҳои худро манзури аҳли илм намудаанд, «ҳанўз ҳам масоили барои тамаддун ва фарҳанги халқҳои эронинажод ва махсусан халқи тоҷик муҳиму сарнавиштсоз саҳифаҳои норавшан зиёд дорад ва бархе масъалаҳои мубраму бунёдӣ баҳснок буда, таҳлилу таҳқиқи илмиро хоҳонанд» (с.42) ва «мо - ворисони забони модариро лозим аст, то сатрҳои заррини осори таърихии хешро, ки аз гузаштаҳои дур ба мерос мондаанд, бештар омўзем ва ҳамчун ганҷи арзишманди сарвати миллӣ ҳифз намоем» (с.47).

Муҳаққиқон бар ин ақидаанд, ки то ба ду гурўҳ - эронӣ ва ҳиндӣ ҷудо шудани қабилаҳои ориёӣ онҳо давоми як марҳилаи ниҳоят тўлонӣ бо як забони муштараки умумиориёӣ ё худ ҳиндуэронӣ муошират менамуданд. Ин марҳила ҳиндуориёӣ ва забони онҳо ба таври эҳтимоливу шартӣ ҳиндуэронӣ номгузорӣ шудааст. Муаллиф баъди омўзиши масъала бар ин ақида омадаанд, ки «масъалаи вуҷуд доштани забони ягонаи ориёӣ барои тамоми қавмҳои ба истилоҳ ҳиндуэронӣ бояд аз марҳилаи тахмину фарзия дар асоси ҳуҷҷату далелҳои таърихӣ ба зинаи дигари пажўҳишӣ, яъне ба сатҳи асосноки илмӣ бароварда шавад» (с.43). Таҳлилу муқоисаи мадорику асноди хаттӣ муаллифи асарро ба бардоште расонидаанд, ки мардуми ҳиндуэронӣ дар Осиёи Миёна байни рўдҳои Сайҳуну Ҷайҳун ва доманакўҳҳои Ҳиндукуш умр ба сар мебурданд ва «муқоисаҳои ин забонҳо далели муштаракоти наздики онҳо буда, тафовут миёни забонҳои «Ведо» ва «Авесто» тафовути ду лаҳҷаи дугона аз як забони аслӣ маънӣ мешавад. Аз ин рў ин забонро як забони муштараки ҳиндуэронӣ ном мебаранд, ки аз ин забони ягона ба ҷуз намунаҳои ҷудогонае дар мисоли «Ведо» ва «Авесто» асаре дигар дар даст нест» (с.46).

Дар мавриди даврабандии забонҳои эронӣ муаллифи асар назарияи роиҷ - 1) давраи забонҳои эронии бостон (аз ҳазорсолаи II пеш аз милод то асрҳои IV-III пеш аз милод); 2) давраи миёна ё давраи асримиёнагии рушди забонҳои эронӣ (аз асрҳои IV-III пеш аз милод то асрҳои VIII-IХ милодӣ); 3) давраи нав ё давраи нави инкишофи забонҳои эронӣ (аз асрҳои VIII-IХ милодӣ то имрўз)-ро ҷонибдорӣ намуда, дуруст таъкид медоранд, ки «ин даврабандӣ то ҷое шартӣ буда, бештар хусусияти омўзишӣ дорад. Ин масъала яке аз пурихтилофтарин ва мушкилтарин масъалаҳои эроншиносӣ буда, ҳанўз ҷанбаҳои таҳқиқнашудаи он зиёд аст» (с.48).

«Ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар гурўҳбандии забонҳои эронӣ» - чунин ном дорад бахши сеюми боби якуми китоби «Забони миллат - ҳастии миллат», ки дар ин бахш дар мавриди роҳи тайкардаи забони тоҷикӣ, ки идомаи бевоситаи забонҳои форсии бостон ва миёна маҳсуб меёбад, сухан меравад. Аз дигар тараф, «таърихи забони мо на бар асоси гумону тахмин, балки дар пояи осори хаттии давраҳои таърихӣ тасдиқ гардидааст» (с.56). Аз ин хотир, дар ин бахш муаллиф дар мавриди забонҳое, ки дар шаклгирии меъёрҳои забони адабӣ таъсири мустақим доштаанд, чун авестоӣ (с.56-63), модӣ (с.63-64), забони форсии бостон (с.64-66), забони форсии миёна (с.66-69), забони портӣ (с.69-71), забони бохтарӣ (с.71-76), забони суғдӣ (с.76-79) маълумоти фаровони пурқимат манзур менамоянд. Таҳлилу баррасӣ ба хулосае овардааст, ки «забони тоҷикии мо, ки бар ивази забонҳои форсии миёна, портӣ, бохтарӣ ва суғдӣ дар қаламрави густариши ин забонҳо ҷойгузини онҳо гардид, меросбари воқеии ин забонҳо мебошад» (с.79).

Боби дуюми китоби «Забони миллат - ҳастии миллат» «Сарнавишти таърихии вожаи «тоҷик» ва забони тоҷикӣ» номгузорӣ гардида, дар панҷ фасл тарҳрезӣ шудааст. Масъалаи мазбур як-ду қарн пештар диққати мутахассисонро ба худ ҷалб намуда, дар ин ришта осори зиёди илмие рўи кор омадаанд, ки пажўҳишҳои устод Айнӣ, академик В.В.Бартолд, муҳаққиқон Эраҷи Афшор, Муҳаммад Муҳити Таботабоӣ, Сайидмуҳаммад Дабир Сиёқӣ ва дигаронро метавон номбар кард. Бархе аз пажўҳишҳои дар ин ришта баанҷомрасида дар маҷмўаи «Тоҷикон дар масири таърих» (ниг. 9) гирдоварӣ гардидаанд. Бо вуҷуди ин «дар шароити имрўз масъалаҳои таҳқиқи таърихи забони мо ва пайдо шудани шохаи нави илмии таҳқиқи ин масъала, яъне тоҷикшиносӣ пажўҳиши вожаи «тоҷик» ва «забони тоҷикӣ» аз нигоҳи таърихӣ ва забоншиносӣ аҳамияти сиёсӣ ва давлатӣ пайдо кардааст» (с.80). Ин аст, ки фасли аввал - «Истиқлол ва масъалаҳои тоҷикшиносӣ» унвон гирифта, доир ба решаи калимаи «тоҷик» пажўҳиши судманд ба анҷом расидааст. Муаллиф бар ин андешаанд, ки маънои калимаи «тоҷик» бояд дар матнҳои бостонӣ ҷустуҷў шавад. Аз ин хотир, маводи бозмонда аз даврони бостонро ба ду даста - «яке нақлу тафсири ривоятҳои қадимӣ ва дигаре баррасии илмии ин мавзўъ аз рўйи манбаъҳо ва осори хаттӣ» (с.81) ҷудо карда, пасон масоиле, аз қабили вожаи «тоҷ» ва робитаи он бо вожаи «тоҷик» (с.83-88); тоз, тоҷ ва вожаи «тоҷик» (с.88-90); тай, тозӣ ва вожаи «тоҷик» (с.91-97); вожаи «тоҷик» ва тахориву таоҷӣ (с.97-98) ва муаррифии сарчашмаҳои наве, ки аз тарафи донишманди тоҷиктабори Олмон Ғулом Ҷелонии Доварӣ ва устоди ў муҳаққиқи машҳури олмонӣ Ҳелмут Ҳумбох аз нав бозхонӣ шуда, «дастоварди ахири илми забоншиносии эронӣ дар ин мавзўъ мебошанд» (с.98), мавриди омўзиши соҳибасар қарор гирифтаанд.

Фасли дувуми боби дуюми китоби мавриди омўзиш «Муродифҳои вожаи тоҷик» номзад шудааст. Дар ин фасл муаллиф ду нуктаро махсус ҷудо менамоянд: яке он аст, ки вожаи «тоҷик» дар осори таърихиву адабӣ ва фарҳангномаҳо ба маъноҳои гуногун ва баъзан мухолифи ҳамдигар тафсир шудааст, чун ғайриараб, арабизода дар Аҷам, ғайритурк, мусалмон, савдогар, далеру ҷанговар, нарму мулоим, зебо ва ғ.; дигаре, ба сифати ифодаи номи мардуми форсизабони ориёнажод калимаву ибораҳои зиёде, аз қабили аҷамӣ, деҳгон (деҳқон), аҳрор (абнои аҳрор), озод, озода, озодагон, озодамардум, тоҷдорон ва ғ. истифода шудаанд. Баъдан масоили марбут ба ин мавзўъ, аз қабили муносибати мутақобилаи вожаҳои «тоҷик» ва «турк» (с.106-107); деҳгон, деҳқон ва вожаи «тоҷик» (с.107-108); озодагон ва вожаи «тоҷик» (с.108-109); ашрофу аъроб ва тоҷику тозӣ (с.109-110); тоту сарт ва вожаи «тоҷик» (с.110-113) мавриди пажўҳиш қарор ёфтааст.

«Хостгоҳ ва меҳани забони тоҷикӣ» фасли сеюми боби дуюм маҳсуб ёфта, масъалаи мазбур низ давоми ду қарни охир мавриди баҳсу талош ва андешаронии аҳли илми Машриқу Мағриб қарор дорад ва оташи баҳсу андеша то ба имрўз хомўш нагардидааст. Муҳимтарин нигоштаҳои аҳли илм дар ин маврид дар маҷмўаи «Ҳаждаҳ мақола» (ниг. 11) ҷамъоварӣ шудааст. Дар мавриди хостгоҳи забони тоҷикӣ андеша рондан ҳаргиз чунин маъноро надорад, ки «хостаем ин забонро дар маҳдудаи ҷуғрофии як минтақа қарор дода, ин ё он сарзамини интишори забонро нисбат ба дигар минтақа болотар гузорем» (с.113), балки «тарҳи ин масъала хусусияти илмӣ ва бештар ҷанбаи таърихию омўзишӣ дорад» (с.113). Аз дигар ҷониб, «ин ганҷинаи нодир тақсимнопазир ва барҳақ сарвати миллии ҳамаи халқҳоест, ки онро парварида, ташаккулу такомул доданд ва дар тўли таърихи пурҳаводис онро эмину пойдор нигоҳ дошта имрўз ҳам бо он гуфтугў мекунанд» (с.18).

Ҳангоми баррасии масъалаи фавқ андешаҳои мутааддиди олимон таҳлилу баррасӣ шуда, ба бардоште расидаанд, ки «то замоне, ки санади тозае дар ин маврид пайдо нашавад, қавли муътабар ва андешаи мантиқӣ ҳамон назарест, ки забони тоҷикӣ (дарӣ ё порсии дарӣ) дар сарзамини Хуросон ва Мовароуннаҳр пайдо шуда, сипас ба тадриҷ тамоми ноҳияҳои маълуми порисигўйро фаро гирифтааст» (с.131).

Баҳси дигари боби мазкур замони пайдоиши забони тоҷикӣ маҳсуб меёбад (фасли чаҳоруми боби дуюм). Дар асари мазкур аввалин маротиба таърихи рушди забони адабии тоҷикӣ ба панҷ давра тақсимбандӣ шудааст, ки ҷолиб аст: 1) давраи ташаккул, такомул; 2) давраи забони форсии дарии адабӣ (ин давраҳо барои забонҳои тоҷикӣ, форсӣ, дарӣ муштарак аст); 3) давраи таҷаддуд ва навҷўӣ, маорифпарварӣ; 4) давраи забони тоҷикии аҳди шўравӣ - замони бозсозӣ ва содагаройӣ ё демократӣ кардани забон; 5) давраи забони тоҷикии замони Истиқлол. Сарвари давлат давраи ахирро давраи бозгашт ба асли забон низ номзад намудаанд (ниг. с.132). Муаллиф дар қатори муҳаққиқони дигар мўътақид бар он ақидаанд, ки умри ин забон ба маротиб аз он чӣ менависанд (1100-1200 сол), бештар буда, «забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) ҳадди ақал ду-се қарн бояд таърих ва дар миёни мардум ривоҷ дошта бошад, то дар асри Х он қудрат ва тавоноиеро пайдо кунад, ки шеъре чун шеъри Рўдакӣ ба он забон гуфтан имконпазир гардад» (с. 136-137).

Фасли панҷуми боби дувум «Номи забони мо» унвон дошта, соҳибасар муфассал дар мавриди истилоҳҳои тоҷикӣ (с.139-145), дарӣ (с.145-150), форсӣ (с.150-154) нуқтаи назари хешро иброз дошта, ҷонибдори ақидаеанд, ки ««форсӣ» ё «форсии дарӣ» номидани забони ҳозираи тоҷикӣ на хилофи ҳақиқати таърихист ва на халале ба истиқлолияти кишвари мо мерасонад» (с.144).

Боби сеюми китоби «Забони миллат - ҳастии миллат» «Забони мо дар давраи истилои араб ва нахустин сулолаҳои эронитабор» унвон гирифта, матолиби боби мазкур дар чаҳор фасл гунҷоиш дода шудааст. Дар мавриди ҳуҷуми аъроб бисёр гуфтаанду боз ҳам хоҳанд гуфт, зеро ин давра «даврони ба зуҳур омадани рўҳи озодихоҳиву ватанпарварии ҳазорон фарзандони ҷасуру фидокор буд, ки то нафаси охирин бо нерўмандтарин қудрати замон мубориза бурда, дар набардҳои нобаробар қаҳрамонона ҳалок мешуданд» (с.158). Аз ин хотир, Сарвари давлат низ дар фасли аввали боби сеюм дар мавриди истилои араб ва оқибатҳои он барои забон ва фарҳанги мардуми Эронзамин андешаронӣ намуда, бар он боваранд, ки ҳарчанд аъроб ба мардуми таҳҷоӣ «хатари забонкуш» (таъбир аз Ҷаноби Олӣ) расонида, ба ҳастии ақвоми ориёӣ, ба фарҳангу тамаддуни миллӣ таҳдиди ҷиддӣ мерасонид, вале «нашри ислом дар миёни халқҳои ориёӣ ба арабҳо ба осонӣ даст надод» (с.161) ва афзун бар ин забони ниёи моро на танҳо аз саҳнаи таърих дур наандохт, балки аъроб аксар «ночор буданд аз ҷомаи арабӣ бадар омада ҷомаи эронӣ бипўшанд» (7, 90).

Фасли дувуми боби сеюм «Наҳзати тоҷикӣ (дарӣ, форсӣ) дар Хуросону Мовароуннаҳр» номгузорӣ шудааст. Дар фасли мазкур мақом ва мавқеи забони тоҷикӣ ҳамчун забони пирўз бар забони арабӣ ва нақшу мақоми он дар бархўрд бо забони арабӣ меравад. Муаллиф дуруст таъкид мекунанд, ки «забони арабӣ ба ҳайси забони дину давлат бо мурури замон нуфузи бештар ёфт, вале ҳеҷ гоҳ ба муҳити хонаводагӣ ва зиндагии маъмулии мардуми ин сарзамин роҳ наёфт» (с.176; ҳамч. ниг. 4, 429-441; 5, 10-13). Маълум мешавад, ки дар бархўрд бо забони арабӣ забони тоҷикӣ на танҳо мағлуб нагардид, балки бо ин забон ҳампоӣ намуда, минбаъд ҷуғрофияи интишори он густарда гардид. Дар асари мавриди тақриз даҳҳо маводу мадорики зикршуда бозгўи он аст, ки забони тоҷикӣ дар муоширати Паёмбари акрам (с), дар гуфтори мардуми Басраву Куфа, дар пойтахти хилофати Араб - шаҳри Бағдод (ниг. с.180-183) истифода гардидааст. Илова бар ин, таъкид мешавад, ки чанде аз калимаҳои тоҷикӣ бо тағйири сурати худ (обрез - ибриқ; ганҷ - канз; сангу гил - сиҷҷил ва ғ.) дар китоби Қуръон низ роҳ ёфтаанд, ки дар муносибати забонҳо амри воқеист, зеро «то даме ки башарият ҳаст ва забонҳо вуҷуд доранд, доду ситад ва таъсири мутақобилаи забонҳо низ идома пайдо мекунад» (с.188-189). Муҳимтар аз ҳама «забони модарии мо… дари хазинаи дороиҳои худро ба рўйи забонҳои дигар боз мегузорад» (с.189).

Баҳси дигари китоби мавриди тақриз ба мавқеъ ва мақоми забони тоҷикӣ дар аҳди аввалин хонадонҳои миллӣ - Тоҳириёну Саффориён ихтисос дода шудааст (фаслҳои сеюм ва чаҳоруми боби сеюм). Мухолифату муқовиматҳои мафкуравии эронитаборон бо аъроб мунҷар ба таъсиси давлатҳои маҳаллии эронинажод гардид. Нахустин давлати миллии эронитабор Тоҳириён маҳсуб меёбад, ки дар аҳди хилофати Аббосиён мустақилияти худро эълом дошта, беш аз панҷоҳ сол салтанат доштанд. «Тоҳириён, - менависанд Ҷаноби Олӣ, - дар давраи ҳукмронии худ на танҳо барои ташкили ҳукумати мутамарказ саъю кўшиш карданд, балки дар қаламрави давлати худ ҷиҳати истифодаи оқилонаи обу замин низ тадбирҳои судманд андешиданд» (с.200), вале онон «асосан ба забони арабӣ шавқу рағбат доштанд ва дарбори онон бештар маҳалли гирдомади шоирони арабизабон буд» (с.201).

Дар даврони зимомдории Саффориён мақому мавқеи забони тоҷикӣ пойбарҷо шуда, Яъқуби Лайси Саффор «дар рушду болиши забону адаби тоҷикӣ-форсӣ хидмати арзанда кардааст ва ба иттифоқи муаррихон нахустин шеъри тоҷикии дарбор баъди истилои араб ва густариши ислом бо ташвиқу ҳидояти бевоситаи ў суруда шудааст» (с.205).

Боби чаҳоруми китоби мавриди назар «Забони навиштории тоҷикӣ: давраи оғозин» унвон дошта, фарогири чаҳор фасл аст. Баъд аз истилои аъроб эронитаборон дар баробари қабули дини ислом хатти арабиро низ пазируфтанд, ки ҷараёни таҳвили он дар забони тоҷикӣ наздик дусад солро дар бар мегирад. Ниёкони мо офаридаҳои закои хешро бо ин хат рўи коғаз оварданд, зеро «сабти намунаҳои забонӣ ба воситаи хат гоми муҳимме дар рушду густариши забон аст» (с.207).

Муаллиф дар ин боби асари хеш куҳантарин намунаҳои хаттие, ки ба забони тоҷикӣ то ба рўзгори мо расидаанд, ба ду даста: 1) вожаҳо, иборот, таркиботи ҷудогона, ки асосан дар матнҳои арабӣ дучор шуда, бо истилоҳи «ҷумали қисор» (ҷумлаҳои кўтоҳ) ёд мешаванд ва 2) намунаҳои шеърӣ, мисраъҳо ва байту порчаҳои шеърие, ки дар матнҳои арабию тоҷикӣ оварда шудаанд (ниг. с.210) ҷудо намуда, онҳоро муфассал ба риштаи таҳлил кашидаанд.

Дар бахши «Нахустин осори хаттии назму насри тоҷикӣ» дар мавриди аввалин намунаҳои шеърӣ, ки, ба иттифоқи муҳаққиқин, ба Абўҳафси Суғдӣ тааллуқ дорад, иттилоъ дода, дар густариши пояҳои забони тоҷикӣ саҳми шоирони даврони Тоҳириёну Саффориён, чун Абулаббоси Марвазӣ, Ҳанзалаи Бодғисӣ, Маҳмуди Варроқи Ҳиравӣ, Муҳаммад ибни Васифи Сагзӣ, Бассоми Курд, Фирўзи Машриқӣ, Абўсалики Гургонӣ ва дигаронро нишон дода, хулоса шудааст, ки «забони ҳамин намунаҳои боқимондаи куҳантарин шеъри дарӣ низ дар ғояти пухтагиву расоӣ буда, аз пешинаи дерини шеър ба ин забон гувоҳӣ медиҳад» (с.231).

Намунаҳои аввалини насри китобӣ ба асри Х милодӣ тааллуқ дорад ва аҳли таҳқиқ «Муқаддимаи «Шоҳнома»-и Абўмансурӣ»-ро (соли таълиф 958м.) қадимтарин намунаи насри китобӣ медонанд, ки то мо расидааст (ниг. 3, ҷ.2, 2-8; 8, 167-170). Муаллифи «Забони миллат - ҳастии миллат» бар ин боваранд, ки «яқинан китобу рисолаҳои дигаре низ пеш аз ин давра будаанд, ки то замони мо намондаанд» (с.232). Пасон таҳлили беҳтарин намунаҳои насри порсӣ, аз қабили «Муқаддимаи «Шоҳнома»-и Абўмансурӣ», «Гаршоспнома»-ву «Аҷоиб-ул-булдон», «Тарҷумаи «Таърихи Табарӣ»», «Тарҷумаи «Тафсири Табарӣ»», «Тафсири Қуръони пок» сурат гирифтааст.

Дар фасли баъдии боби мазкур дар мавриди замина ва омилҳои ташаккули забони адабӣ баҳс шудааст. Забони тоҷикӣ бо заҳмату хидмати аҳли илм на танҳо дар баробари забони арабӣ пойбарҷой монд, балки «тадриҷан аз забони дорои таронаҳои парокандаи мардумӣ… ба забони шеъру адаб мубаддал гардид» (с.241) ва бузургтарин суханварони аъроб эътироф намудаанд, ки «маънӣ ва балоғат дар забони форсӣ аст! Забон аз мост ва маонӣ аз онҳост» (ниг. с.192). Бо дастгириву ҳимояти амирони сомонӣ ин забон шакли адабӣ гирифта, замони зимомдории эшон аз «пурбортарин давраи наҳзату шукуфоии забони форсии дарӣ маҳсуб мегардад» (с.241).

Дар замони Сомониён ин забон ба дараҷае қудрат ва имконияти худро рўнамо намуд, ки на танҳо «Шоҳнома» барин асари бузурги ҳамосавӣ, балки осори зиёди илмӣ низ рўи кор омаданд. Ибни Сино, Абўрайҳони Берунӣ, Насируддини Тўсӣ, Носири Хусрав, Муҳаммад ибни Айюби Ҳосиби Табарӣ ва дигарон бо таълифоти зиёди илмӣ собит намуданд, ки ин забон на танҳо забони шеъру адаб, балки забони илм ҳам метавонад бошад. Ин ва дигар масоили марбут ба забони илм ва ташаккули истилоҳот дар фасли чаҳоруми китоби мазкур, ки «Забони илм ва ташаккули истилоҳот» унвон гирифтааст, мавриди пажўҳиш қарор ёфтааст.

Боби панҷуми китоб «Давраи боландагӣ ва шукуфоии забони тоҷикӣ» унвон шуда, аз панҷ фасл иборат аст. «Забони модарии мо дар аҳди Сомониён» - чунин номгузорӣ гардидааст фасли аввали боби мазкур. Дар давлатдории тоҷикон замони зимомдории Сомониён аз даврони пуршукўҳи ривоҷи илму адабиёт, фарҳангу ҳунар ва, ба истилоҳ, эҳёи Аҷам номзад шудааст (ниг. 10), зеро амирони олигуҳари сомонӣ, ки, ба қавли муаррихон «донишмандонро дар баробари шоҳ маҷбур ба заминбўсӣ» намекарданд (6, 157), бо сиёсати маънавибунёди худ, аввалан, забони тоҷикиро ба пояи адабӣ бароварданд ва, сониян, ба сифати забони расмии давлатӣ қарор доданд. «Забони тоҷикӣ (форсии дарӣ), ки мояи ифтихор ва василаи сарнавиштсозу ваҳдатофари қавмҳои эронинажод аст, - менависанд Ҷаноби Олӣ, - дар давраи ҳукмронии Сомониён ба сифати забони расмӣ ва омили ҳамбастагии миллӣ дар тамоми қаламрави Хуросону Мовароуннаҳр ва дигар вилоятҳои тобеи давлати Сомониён рушду боландагӣ ёфт ва ба авҷи қудрату шукуфоӣ расид» (с.270). Ин амирон ба дараҷае ба сухан ва аҳли илму адаб эҳтироми хосеро қоил буданд, ки худ низ ба забонҳои арабиву тоҷикӣ шеър месуруданд. Дар асар намунаи ашъори амирзодагони сомонӣ Амир Оғоҷӣ, Абуиброҳими Мунтасир ва аз вазирон Абутаййб Муҳаммад ибни Ҳотими Мусъабӣ муаррифӣ шудааст. Дар радифи ин сарояндагон намунаи ашъори шоирони ин аҳд, ба мисли устод Рўдакиву ҳаким Фирдавсӣ, Шаҳиди Балхиву Абўшакури Балхӣ, Кисоии Марвазӣ, Мунҷики Тирмизӣ, Робиаи Балхӣ, Башшори Марғазӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст.

Дар фасли «Вижагиҳои забони тоҷикӣ дар аҳди Сомониён» бо такя ба «Шоҳнома»-и ҳаким Фирдавсӣ дар бандҳои алоҳида хусусиятҳои забонии ин шоҳасар зикр шуда, таъкид гардидааст, ки забони асар алоқаи бештар бо забони тоҷикӣ дорад ва «Фирдавсӣ бо таълифи «Шоҳнома» дар амри бақою пойдории забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) хидмати босазо ва мондагор анҷом додааст» (с.301).

Дар баробари хидмати аҳли сухан дар бақою пойдории забони тоҷикӣ саҳми донишмандони замони Сомониён, чун Муҳаммади Форобӣ, Ибни Сино, Закариёи Розӣ дар мавриди ба сифати забони илм густариш додани забони тоҷикӣ баррасӣ шудааст.

Баъд аз суқути Сомониён (соли 999м.) ба сари қудрат давлатҳои турктабор, чун Ғазнавиён, Салҷуқиён ва … омаданд, ки коргузории онҳо низ асосан бо забони тоҷикӣ сурат гирифта, ба қавли устод Айнӣ, «сарои худро аз уламо ва удабои тоҷик зинат дод(анд), катибаҳои ҳамаи иморатҳои худро ба тоҷикӣ сабт кунонд(анд)» (2, 86). Дар фаслҳои баъдии китоби «Забони миллат - ҳастии миллат» вазъи забони тоҷикӣ дар замони зимомдории Ғазнавиён баррасӣ шудааст. Баъд аз таҳлилу таҳқиқи сарчашмаҳои ин аҳд муаллиф ба бардоште мерасанд, ки «дарбори Ғазнавӣ конуни бузурги фарҳанг ва маҳфили гирдомади шоирону адибон ва донишмандони аҳди худ буд» (с.325). Яке аз омилҳои шукўҳи давлати ғазнавӣ низ, бешак, ҳузури аҳли илму адаби тоҷик буд, ки миқдори онҳо ба чаҳорсад нафар мерасид. Муаллиф саҳми олимону адибони ин аҳд, чун Абўрайҳони Берунӣ, Шайх Абўсаиди Абулхайри Майҳанӣ, Шайх Абулҳасани Харақонӣ, Мустамиллии Бухороӣ, Абулҳасани Ҳуҷвирӣ, Абдуллоҳи Ансорӣ, Унсурии Балхӣ, Масъуди Саъди Салмон, Саноии Ғазнавӣ, Азрақии Ҳиравӣ, Абулфазли Байҳақӣ, Абулҳай ибни Заҳҳоки Гардезӣ ва дигаронро дар рушду интишори забони тоҷикӣ ба субут мерасонанд. Дар фаслҳои чаҳоруму панҷуми боби мазкур вазъи забони тоҷикӣ дар аҳди Оли Зиёр (Зиёриён, Повандиён) ва Оли Бўя (Бувайҳиён, Дайламиён) мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Зиёриён аз хонадони қадими Гелон буда, дар қаламрави давлат забонҳои табариву тоҷикӣ мавриди истифода қарор дошт, вале «забони коргузорӣ ва номанигории дарбори Оли Зиёр забони арабӣ буд» (с.352). Аз амирони ин хонадон ду нафар - Қобус ва Кайковус ба забону адаби тоҷикӣ эҳтирому эътиқоди хосеро қоил буданд ва «эҳтимол ин муҳаббат бар асари зиндагии дарозмуддати онҳо дар дарбори Сомониёну Ғазнавиён… ба миён омада бошад» (с.352). Махсусан, муҳаббати Кайковус «Қобуснома»-ро ба майдон овард ва муаллиф «ба истифодаи ноҷо ва бемавриди калимаю таркибҳои арабӣ мухолиф аст ва муаррихону нависандагонеро, ки ба таъбири худи ў «тозиҳои сарду ғариб», яъне калимаю таркибҳои арабии дурушт ва нофаҳморо василаи фазлфурўшӣ кардаанд, накўҳиш менамояд» (с.352).

Воқеан ҳам, «Кайковус дар ин китоб доди сухан додааст» ва «Қобуснома»-ро метавон «маҷмўаи тамаддуни исломии пеш аз муғул номид» ва «дар сафи нахустин аз тирози аввали насри солису комил ва зебову матбўи форсӣ гузошт» (3, ҷ.2, 114).

Дайламиён, ки «аз моҳидорӣ ба тахти подшоҳӣ расиданд», «замоне подшоҳӣ ёфтанд, ки хилофати аббосии Бағдод аз авҷи шукўҳу қудрати худ афтода буд» (с.353). Ин хонадон ҳарчанд хилофати Бағдодро сарнагун карданд, вале «дар амри густариши забони тоҷикӣ (форсӣ) ва эҳёи суннатҳои қадими давлатдории миллии эронӣ дар маркази хилофати араб ва сарзаминҳои тобеи он иқдом наварзиданд» (с.353). Ин аст, ки «дар таърихномаю тазкираҳо танҳо дар бораи 6 шоири форсигўй маълумот мавҷуд аст» (с.357).

Боби шашум «Густариши забони тоҷикӣ ба сифати забони байналмилалӣ» унвон гирифта, фарогири панҷ фасл аст. Дар натиҷаи заҳмату хидмати давлатҳои милливу маҳаллӣ ҳудуди интишори забони тоҷикӣ то ба Ҳиндустон, Қафқоз, Осиёи Сағиру Сурия ва Чин густариш меёбад. Аз ин хотир, «нуфуз ва тавоноии забони модарии мо дар асрҳои миёна ба ҳадде буд, ки на танҳо дар ҳавзаи илму фарҳанг, балки аз ҷиҳати сиёсӣ низ ҳеҷ забони дигар бо вай рақобат карда наметавонист ва қавму халқиятҳои мухталифе… онро на танҳо ҳамчун забони илму фарҳанг, балки ба ҳайси забони сиёсат ва давлату дарборҳои худ истифода намуда, ба дороиҳои он дороӣ афзуданд» (с.363).

Дар фаслҳои дигар вазъи забони тоҷикӣ дар аҳди Салҷуқиён (с.364-410), Ғуриён (с.410-416) ва Хоразмшоҳиён (с.416-425) баррасӣ шуда, бо фасли «Нуфузи забонҳои бегона ба забони мо» (с.425-445) китоби аввали «Забони миллат - ҳастии миллат», ки «Ба сўйи пояндагӣ» номгузорӣ шудааст, поён меёбад.

Дар хулоса муаллифи асар бардоштҳои худро дар 36 банд бо чандин зербандҳои дигар натиҷагирӣ менамоянд.

Нуктаи дигар низ гуфтанист, ки асари мазкур дар заминаи мутолиа ва муқоисаву муқобалаи беш аз чаҳорсад (407 адад) осори илмиву сарчашмаҳои дасти аввал, ки ба забонҳои тоҷикиву арабӣ ва русиву аврупоӣ ба нашр расидаанд, таълиф ёфта, аз заҳмати бесобиқаи соҳибасар гувоҳӣ медиҳад.

Дар маҷмўъ, асари ҷомеи «Забони миллат - ҳастии миллат» аз дастоварди навтарини илми тоҷикшиносӣ маҳсуб ёфта, ба худшиносиву худогоҳии миллии тоҷикон равона шуда, имрўзу фардо ва фардоҳои дигар ин рисолатро адо хоҳад кард.

Сабку тарзи баёни асар илмию оммавии қобили фаҳми хонанда буда, воқеан ҳам, «китоби ҷомеи ҳамахон» (с.23) аст. Табъу нашри асари «Забони миллат - ҳастии миллат»-ро барои тамоми соҳибзабонон таҳният гуфта, чун хонандаҳои дигар банда низ интизори китоби дувуми ин шоҳасар ҳастам.

Мўсо Олимҷонов, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забони тоҷикии МДТ-и «ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ