​Мо ҷавонон пайравони асили Пешвои миллатем!

Истиқлолият нишонаи барҷастатарини пойдории давлат, рамзи асолату ҳувият, симоии миллат, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори миллат гашт. Мо баъди ба даст овардани Истиқлолият ба ҷаҳони мутамаддин ҳамчун Тоҷикистон пайвастем ва аз куҳантарин диёру миллат ва қавм будани хеш дарак додем. Ҳамчунин Истиқлолияти давлатӣ ҳаёти озодонаи ҳар фард гашт ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.

Истиқлоли давлатӣ барои мо - ҷавонон беҳтарин неъмат, орзуву ормон, таҳкими давлат, наҷоти миллат ва ҳастии инсон ба шумор меравад. Танҳо бо доштани соҳибистиқлолӣ муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Танҳо дар фазои соҳибистиқлолӣ душвориҳо ва монеаҳо паси сар гардида, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меоварад.

Маҳз истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон нақши босазо гузошта, ба ташаккули фарҳанги сиёсии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд, ки саҳми ҷавонон дар ин раванд хеле самарабахш арзёбӣ мегардад. Вазъияти сиёсӣ дар ҳама давру замон ба неруҳои гуногуне, ки онҳо дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат нақши муассир доранд, такя мекунад.Имрӯз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Зеро имрӯз Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи чунин нерӯи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Мо, ҷавонони бо нангу номуси тоҷик, нерӯи пешбаранда ва такондиҳандаи ҷамъият барои тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллат, рушду ободии мамлакат, дар арсаи ҷаҳон ва миёни давлатҳои мутамаддини олам мақоми шоиста ёфтани Тоҷикистони азиз масъулияти бузург бар дӯш дорем. Мо идомадиҳандаи таъриху фарҳанги қадимаи ватани худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳастем.

Мо - ҷавонони даврони Истиқлол, нерӯи ояндасози миллати тоҷик ваъда медиҳем, ки ҳамеша дӯсту иттифоқ бошем, доимо бо баҳои аъло таҳсил намуда, дар оянда мутахассиси хуб ба воя расида барои гул-гулшукуфоии давлати хеш саҳмгузор бошем.

Мо ҷавонони хушбахти замон аз мактаби сулҳофару созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон садоқатмандӣ ва содиқ будан ба Ватанро омӯхтаем.

Ёрова Азиза Бахтиёровна - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, бахши сеюми факултети филологияи тоҷиқ, аъзои Шӯрои духтарони вилояти Суғд

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ