​Саҳми барҷастаи Пешвои миллат дар рушду нумуи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таърихи бою куҳан ва интиҳои қарни сипаригардидаи кишварамон воқеаҳои сиёсии бузургеро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми он дар марҳалаи худ накши махсусе дорад. Дар таърихи навин аз нигоҳи мо, волотарин дастовардамон соҳиб шудан ба истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ амалӣ гардид.

«Таърих гувоҳ аст,-менависанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, - ки тўли ҳазорсолаҳо оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронида, аз дунболи ҳар шикасту инқироз, боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст…

Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату давлатдории тоҷикон аст, ки нахуст дар заминаи давлатҳои навтаъсиси Иттиҳоди Шўравӣ арзи ҳастӣ намуда, ҳамчу шакли давлатдории мутаммаддину пешрафта сабзид, ба камол расид ва ташаккул ёфт.

Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.

Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутаммаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад».

Бисту ҳашт соли таърихи навини давлат ва миллати мо давраи пурфоҷиа, солҳои ҳалли масъалаи будан ё набудани давлати Тоҷикистон, таъмини сулҳу субот, ризоият ва ваҳдати милли, марҳилаи омодасозии заминаҳои гузариш аз як низоми сиёсиву таҳкурсии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, давлатдории навини тоҷикон ва мустаҳкам намудани пояҳои он буданд.

Истиқлолияти давлати барои мо - тоҷикистониён ба осонӣ ба даст наомад. Бо таъсири қувваҳои бадхоҳи дохилию хориҷӣ кишварамон ба ҷанги шаҳрванди кашида шуд, ки боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, талафот ва хисороти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гашта, пояҳо, рукнҳо ва асосҳои давлатдориро фалаҷ гардонид, қонуншиканӣ ва бесарусомониҳоро дар мамлакат ба вуҷуд овард.

Дар чунин шароити душвор шаҳрвандони тамоми манотиқи кишвар, ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ба воситаи вакилони халқ дар мақоми олии намояндагии мамлакат масъулияти бузург ва беназири давлатдории хешро ба воситаи Шурои Олӣ ифода сохта, ба он ноил гардиданд, ки баҳри барқарор намудани асосҳои давлатдорӣ ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ, 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хучандӣ бостони Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) баргузор гардид.

Дар он вақт Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро дар назди таърих, халқу Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба душ гирифта, самти тараққиёти онро дар Иҷлосияи XVI муайян кард. Шўрои Олӣ роҳбарияти нави мамлакатро таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд.

Халқи Тоҷикистон дар марҳилаи наву тақдирсоз симои роҳбари худро дар шахсияте медид, ки он бевосита аз байни халқ баромада ва барои халқ дар шароити гузариш фаъолияти пурмасъулиятро ба душ гирифта метавонад. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун вакили халқ, ки дар байни зиёда аз даҳ номзад интихоб гардида буд, ҳамеша ба ростгўӣ, ҳақиқатҷӯӣ, серталабӣ нисбат ба худ ва дигарон дар ҳамаи иҷлосияҳои Шўрои Олӣ нақши аввалиндараҷа мебозиданд. Он кас савганд ёд намуда гуфтанд: «… кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард… Ман тарафдори давлати демократӣ ва хуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…» Ин садоқату самимиятро дар ҷараёни хидматҳояшон дар назди халқу Ватан Эмомалӣ Раҳмон бараъло собит намуда истодаанд.

Маҳз Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Сарвари давлат барномаи мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иктисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро ба миён гузоштанд.

Вақт ва таҷрибаи таърихии давраи истиқлолият исбот намуданд, ки роҳи муайянкарда ва пешгирифтаи Эмомалӣ Раҳмон алтернативаи дигар надошт. Таърихи давлатдории навини Тоҷикистон собит сохт, ки мардуми кишвар дорои қувваи солим ва тавоноест, ки пеши роҳи ҳамагуна моҷароҷўиро гирифта метавонад ва обрўву нуфузи кишварро дар арсаи байналмиллалӣ собит ва ҳифз менамояд.

Аз нигоҳи имрўза ва оянда бо ифтихор бояд таъкид кард, ки суханрониҳо ва фаъолияти амалии Эмомалӣ Раҳмон дар ин Иҷлосия ба қалби мардуми кишвар роҳ ёфта, яке аз асосҳои боварии халқ ба Сарвари давлат ва роҳбарияти нави мамлакат гардиданд.

Эмомалӣ Раҳмон масъулияти олии созандагиро ба зимма гирифта, тавонистанд манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ, гурўҳӣ ва маҳаллию минтақавӣ боло гузоранд. Бо шарофати сиёсатӣ хирадмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми чудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, эҳтироми озодӣ, ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ва ба мақсади демократикунонии ҷомеа, бунёди давлати соҳибихтиёр, хуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона Конститутсияи нави мамлакатро бори нахуст дар таърихи давлатдории навин бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд, ки дар он ҳама дастовардҳои башарият дар бобати озодии инсон, хуқуқи шаҳрванд, ҷомеаи демократии, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дарк шудаанд.

Имрўз, бояд махсусан таъкид намуд, ки муваффақ шудан ба ризоияти миллӣ ва сулҳу ваҳдат идомаи мантиқии сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва талошҳои Эмомалӣ Раҳмон дар ин роҳ аст.

Роҳбарии хирадмандона, самимияти беназари инсонӣ, руҳи ватанпарастӣ, ҳамкории пурсамар дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ташкил намудани фаъолияти судманди рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ѓайриҳукуматию ҳаракатҳои мардумӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, эътиқоди мардуми диёр, аз ҷумла гурўҳҳои мухталифи сиёсӣ нисбат ба Сарвари давлат аз омилҳои буданд, ки ба амали гардонидани нақшаҳои асоси мусоидат намуданд.

Кўшишҳои пайвастаи Сарвари давлат ва ҳамчунин заковати мардуми бономусу бофарҳангамон натиҷаҳои дилхоҳ доданд ва ниҳоят 27- июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиатномаи худ ба муносибати имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аҳмияти бузурги таърихии ин ҳодисаи фараҳбахшро барои сарнавишти миллати тоҷик ва ҳамаи тоҷикистониён таъқид намуда, аз ҷумла овардаанд: «Ҷидду ҷаҳд ва умедвориҳо барои нигоҳ доштани давлати миллии тоҷикон маҳз дар ҳамин рўзи саид ҷомаи амал пушид. Ман имрўз гуфта метавонам, ки насли ҳозираи миллати тоҷик ҳарчанд аввал пешпо хўрд, имрўз пирўз аст. Зеро ин насл тавонист васвасаи аҳриманиро, ки дар майнаи халқи мо ҷо гирифта буд, аз худ дур андохта, морони заҳҳокиро, ки ҷони ҷавони садҳо фарзандони моро қурбон мекарданд, саркўб созанд… Ақли солим ва хиради дурбин пирўз шуд. Рўзи фархундае, ки онро дар ҳамаи шаҳру ноҳияхо ва деҳотӣ дурдаст, дар ҳамаи оилаҳо интизор будем, фаро расид».

«Баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти милли дар Тоҷикистон ва дар натиҷаи кўшишҳои мунтазами Ҳукумат дар кишвар фазои сулҳу салоҳ ва ризоияти миллӣ барқарор шуд. Маҳз аз баракати сулҳу оштии милли мо тавонистем ваҳдати миллӣ ва якпорчагии ватанамонро таъмин намуда, чорабиниҳои бузурги умумимиллии худро гузаронем».

Таҷриба ва амалияи ба даст овардани сулҳи миёни тоҷикон натанҳо аҳамияти миллӣ, балки аҳамияти ҷаҳонӣ дорад. Зеро ҳамсоли хуби ҳаллу фасли низоъҳои миллӣ ва дохилидавлатии минтақаҳои гуногун шуда метавонад. «Беҳуда нест, ки таҷрибаи мо дар ҷодаи таъмини сулҳ, ба Ватан ва ба макони зист баргардонидани қариб як миллион гурезаҳо ва ташкили ҳамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо воқеъбинона арзёбӣ шуд ва ҳамчун модели нодири сулҳофарӣ эътироф гардид».

Омўзиши ҳамаҷонибаи ин таҷриба имконият медиҳад, ки пеши роҳи сар задани чунин моҷароҳо гирифта шавад ва дар сурати ба вуқўъ омадани ҳар гуна муноқишаҳо, роҳи ҳалли онҳо ҳарчи зудтар пайдо карда шаванд.

Роҳи ҳалли масъалаҳои дар Созишнома ифодаёфта сулҳи бебозгаштро дар Ҷумҳурӣ таъмин намуд. Мо имрўз ифтихор аз он дорем, ки Фарҳанги сулҳи тоҷикон барои дигарон намунаи ибрат гардид ва аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф гардид. Таърихи тамаддун ёд надорад, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар чунин мўҳлати кўтоҳ қатъ шуда бошад ва ҷонибҳои даргир дасти дустӣ ба ҳам дода, фаъолияти солими дастгоҳи воҳиди давлати хешро ба манзури ободии кишвар равон намоянд.

Истиқлолияти Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, таъйин намудани самти ҷараёни инкишофи ҷомеа дар солҳои баъдӣ ва пайгирӣ намудан аз принсипҳои талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва хқуқубунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард.

Сарвари давлат изҳор доштанд, ки мо вазифадорем, аввал амнияти давлатамонро таъмин намоем, артишро созмон дода, милиса, кумитаи амнияти миллӣ, дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро мустаҳкам намоем, зеро давлате, ки худашро муҳофизат ва ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандонашро таъмин карда наметавонад, аслан арзише надорад.

Дар як муддати кўтоҳ дар шаҳру ноҳияҳо мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва милитсия аз нав созмон ёфта, онҳо бо аслиҳа ва муҳимоти ҳарбӣ таъмин шуданд. Садҳо ҷавонони ватандўст ба кори ин мақомот сафарбар гардиданд. Бо вуҷуди касодии иқтисодӣ, Сарвари давлат ба таъсиси артиши миллӣ шурўъ намуданд ва барои мустаҳкам намудани сарҳадҳои ҷанубии худ чораҳои мушаххас андешиданд.

Муҳимтарин дастоварди таърихии Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид, он аст, ки он кас тавонистанд дар кўтоҳтарин муддат оташи ҷанги хонумонсўзи дохилиро дар Тоҷикистон хомўш созанд. Дар кори хотима бахшидан ба ҷанги дохилӣ ҳодимони милитсия ва Кумитаи амнияти милли хизматҳои шоён карданд. Дар ноҳияҳои бар асари ҷанг тамоман харобшуда, ҳокимияти давлатӣ, мақомоти идоракуни ва таъминкунандаи ниёзи мардум таъсис ёфт ва фаъолияташро дар шароити нави сиёсию иқтисодӣ оғоз намуд.

Ба Эмомалӣ Раҳмон муяссар шуд, ки дар муддати кўтоҳ мақомоти маҳаллии ҳокимиятро барқарор намуда, тартиботи қонуниро нисбатан беҳтар ҷорӣ кунанд, фаъолияти вазоратҳо, идораю кумитаҳои давлатии ҷумҳуриро ба низом оваранд. Халқ бовар кард, ки ҳукумат устувор гардидааст, он қодир аст, амнияти ҷомеаро таъмин намояд.

Барои пойдории истиқлолият ва ҳифзи якпорчагии давлати ҷавон лозим буд, ки қувваҳои мусаллаҳи миллӣ таъсис дода, тамоми сохторҳои низомиву қудратӣ аз нав барқарор карда шаванд. Гузашта аз ин, муътадил гардонидани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, хотима додани муноқишаҳои мусаллаҳона ва қонуншиканиву бедодгариҳо ба эътидол овардани тартиботи ҷамъиятӣ бетахир таъсис додани Артиши миллиро тақозо мекард. Таҳкурсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон моҳи феврали 1993 амалан дар ҷойи холӣ, дар шароити набудани пойгоҳи моддиву техникии зарурӣ ва нарасидани кадрҳои баландихтисоси фармондеҳӣ гузошта шуд. Бо вуҷуди вазъияти ниҳоят мураккаби иктисодӣ, роҳбарияти ҷумҳурӣ масъалаи бо техникаи ҷангӣ, аслиҳа ва лавозимоти зарури ҳарбӣ таъмин намудани артиши тозабунёди миллиро дар як муддати кўтоҳ ҳал намуд. Барои пурра ба эътидол овардани вазъият роҳбарияти Тоҷикистон кўшиш намуд, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идора, системаи судӣ ва мақомоти ҳифзи тартиботу қонунро ҳамаҷониба мустаҳкам намоянд.

Ба ифодаи ҳамфикрию пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат халқи покзамиру сулҳпарвари Тоҷикистон эътимоду боварии хешро рўзи қабули нахустин Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон аз тариқи раъйпурсии умумихалқи 6 ноябри соли 1994 изҳор дошта, Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуд.

Конститутсияи соли 1994 сохти президентии идораи малакатро ба ҳукми қонуният ворид намуда, мақоми парламентро мушаххас ва ҳамаҷониба муқаррар кард. Конститутсияи ҷумҳурии сохибистиқлоли Тоҷикистон қадами устувор ҷониби ишкишофи такомули парламентаризми тоҷик буд.

Маҳз ба шарофати Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, озодӣ ва хуқуқи шахсро мукаддас шумурда, таъмини соҳибихтиёрии давлаташро дарк намуда, баробархуқуқи ва дўстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, Конститутсияи нави мамлакатро қабул намуд. Қабули Конститутсия, интихоби Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, интихоби вакилони халқ ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлиси маҳаллӣ дар асоси Конститутсияи нав ва тасдику тайини ҳамаи сохторҳои давлати моро ба сўи таҳкими ҳокимияти давлатӣ, сохтмони ҷомеаи демократӣ ва хуқуқбунёд ҳидоят менамуд.

Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти қонунгузории давраи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол ибтидо гузоштанд.

Қабули Конститутсияи нави ҷумҳурӣ ва дар асоси он таъсис додани системаи самарабахши ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ дар ин самт марҳалаи муҳимтарин гардид. Сохторҳои давлатию ҳукуматӣ, системаи адолати судӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ аслан аз навъ ташаккул ёфтанд.

Бо мақсади таҳкими ҳокимияти давлатӣ тадбирҳои зерин андешида шуд: мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва марказӣ, судҳо, прократура, милитсия, гумрук, андоз ва дигар мақомот аз шахсоне, ки бо қаллобию порахурӣ ба обрўву эътибори ҳокимият иснод меоварданд, тоза карда шуд.

Яке аз муҳимтарин масъалаҳои рўз танзими муносибатҳои вобаста ба хизмати давлатӣ мебошад. Бо мақсади баланд бардоштани нақш ва мавқеи хизматчиёни давлатӣ дар ҷомеа, интизому савияи дониши онҳо, таҷрибаи кордонию касбиашон, интихоби кадрҳои боистеъдод ва ба манфиатҳои мардум содиқ ва ба як низоми муайян овардани сохтори идораҳои мамлакат Идораи хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Истиқлолият неъмати бузургест. Вай бунёд ниҳодани пояҳои устувори давлатдорӣ, тоб овардан ба имтиҳони душвори ҳаёти мустақилона, ба роҳ мондани иқтисодиёти муосир ва устувор нигоҳ доштани давлати демократиро дар назар дорад. Моҳияти асосии истиқлолияти мо ва мақсади ниҳоии он ин аст, ки қадри шаҳрванд ва инсон ба дараҷаи меъёрҳои олии давлатдории муосири демократӣ баланд бардошта, ба ў имкон дода шавад, ки соҳиб, нигаҳбон ва пешбарандаи давлатдории хеш бошад.

Дар тўли бисту ҳашт соли истиқлолият кишвари мо дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон, Суруди Миллии нав гардид. Пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории худ - артиши миллӣ, қувваҳои сарҳадиро ба вуҷуд овард ва устувор гардонд. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуд ва бо аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иктисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд. Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад, шиносномаи миллӣ эътироф гардид.

Ҳамин тавр, хизмати таърихии Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳоқимияти давлатӣ ва истиқлолияти Миллӣ аз он иборат аст, ки маҳз он кас ихтиёри давлатдориро даст оварда, пеши роҳи хатари нобудии онро гирифтанд, оташи ҷанги дохилиро хомўш намуданд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи хуқуқро барқарор сохтанд. Артиши миллӣ ва нерўҳои посбони сарҳадро таъсис доданд, барои таъкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуданд, заминаи сулҳи миллиро матраҳ карданд, аксари гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардониданд, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузоштанд, ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардониданд, Конститутсияи нави Тоҷикистонро эҷод карданд, барои 27-июни соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти ҷомеа заминаҳои хуқуқиву сиёсиро фароҳам сохтанд, сулҳи тоҷиконро ба даст оварданд, ки барои ҷаҳониён таҷрибаи беназир аст, аҳволи иҷтимоӣ ва иқтисодии мардумро дар арсаи байналмилалӣ афзуданд.

Таҷрибаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомўзӣ расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, як қадами ҷиддии рў овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ гардид, ки ҳадафҳо бузургӣ он бо тақдири наслҳои оянда пайвастаанд.

Дар марҳилаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон тақдири баланди миллати куҳандиёри тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофариро ато карданд ва маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид.

Ин раванд инқилоби арзишманду таърихӣ буда, дар ҳаёти иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакат ба сиёсати серҷабҳа ва бобарори Сарвари давлат иртиботи ногусастанӣ дорад ва ба устувории рукнҳои давлатдорӣ мусоидат карда, нерўҳои солиму пешбарандаро ба тарҳрезии фардоӣ боз ҳам осудаю обод ҳидоят менамояд.

Файзиев Аҳмадҷон - сармуаллими кафедраи педагогикаи умумии МДТ “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ