​Констиутсия-омили пойдорӣ ва муташаккилии муносибатҳои ҷамъиятӣ

Раванди рушди босуботи ҷомеа ва инкишофи бомавриди он масъалаи фаҳм ва дарки мафҳумҳоеро, ки талаби замон аст, ба пеш мегузорад ва яке аз ин масъалаҳо ё худ мафҳумҳое, ки даркаш боиси пурра гардидан ва сатҳи волоиятро касб кардани маърифати ҳуқуқӣ, ва яке аз сабабҳои ба вуҷуд омадани зиракии сиёсӣ мегардад – индарк ва сарфаҳм рафтан ба маънии аслии мафҳуми “Конститутсия” мебошад.

Масъалаи мафҳуми Конститутсия аз нигоҳи сокинон, шаҳрвандон ва махсусан ҷавонон дар раванди рушди низоми ҳуқуқӣ ва мустаҳкам намудани самти сиёсати ҳуқуқии Тоқикистони муосир, масъалаи рӯз ба ҳисоб меравад. Пеш аз оне, ки мафҳуми мазкур дарк карда шавад ва чигунагии шарҳи он аз нигоҳи ҷавонон муайян гардад, диққати асосиро ба фаҳми дурусти мафҳуми “Конститутсия” равона сохт.

Конститутсия – ин қонуни асосии давлат, ки қувваи олии ҳуқуқиро оид ба низоми ҳуқуқӣ, системаи сиёсӣ ва иқтисодӣ дорад ва онро мустаҳкам менамояд, система, принсипҳои ташкилӣ, фаъолият ва ҳисоботдиҳии мақомоти қонунбарор, иҷроия ва судӣ, ҳуқуқҳои асосӣ, озодӣ ва масъулияти шаҳрвандонро муайян менамояд. Фаҳми принсипҳои Конститутсия аз ҷониби ҷавонон амри зарурист. Яке аз принсипҳои асосии Конститутсия тасдиқи волоияти қонун мебошад. Дарк ва сарфаҳм рафтан ба аҳамияти Конститутсия дар рушди низоми ҳуқуқии давлати миллӣ, вазифа ва яке аз масъулияти муҳими ҳар як шаҳрванд, махсусан ҷавонон ба ҳисоб меравад.Конститутсия ҳуҷҷати расмии дорои аҳамияти барҷастаи давлатӣ ва ҷамъиятӣ буда, дар он масъалаҳои асосии ҳокимияти давлатӣ, асосҳои сохтори иқтисодию иҷтимоии ҷомеа, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, сохтори давлатӣ ва масъалаҳои дигари ҳаёти муҳими ҷомеа таҷассуми ҳуқуқӣ меёбанд.

Қабули Коститутсияро омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии ҷомеа муайян менамоянд. Яъне шакли моликият ва ташкили фаъолияти иқтисодӣ, муносибатҳои шахс бо давлат ва муҳимтарин вазифаҳои онҳо, таносуби қувваҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоиро дар низоми сиёсӣ аниқ сохта, таъинот, вазифаҳо таркиби дохилӣ ва сохтори мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидораи маҳаллиро инъикос менамояд.

Конститутсия вазифаҳои муассисӣ, ташкилӣ, сиёсӣ, идеологӣ ва ҳуқуқиро иҷро менамояд. Вазифаи муассисии конститутсия дар он зоҳир мегардад, ки он дар натиҷаи табадулоти кулли ҳаёти ҷмъиятӣ қабул гардида, заминаи ҳуқуқию сиёсии инкишофи марҳилаи нави ҷомеаро муайян менамояд. Асосҳои муассисии конститутсия ҳам дар низоми ҷамъиятию сиёсӣ ва ҳам дар падидаҳои мушахаси давлатию ҳуқуқӣ зоҳир мегардад, ки он дар натиҷаи табаддулоти кулии ҳаёти ҷамъиятӣ қабул гардида, заминаи ҳуқуқию сиёсии инкишофи марҳалаи нави ҷомеаро муайян менамояд. Асосҳои муассисии Конститутсия ҳам дар низоми ҷамъиятию сиёсӣ ва ҳам дар падидаҳои мушаххаси давлатию ҳуқуқӣ зоҳир мегардад. Вазифаи ташкилии конститутсия дар он ифода мегардад, ки он на танҳо натиҷаҳоро дар ҳаёти ҷамъиятӣ мустаҳкам менамояд, дар назди давлат ва аҳли ҷомеа вазифаҳои навро пеш мегузорад, балки фаъолияти сиёсию мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандонро дар руҳияи қонуни нав ҳавасманд мегардонад. Вазифаи сиёсии берунии Конститутсия дар он зоҳир мегардад, ки пояи ҳуқуқии фаъолияти сиёсати хориҷии давлат низ ба ҳисоб меравад. Вазифаи идеологии он башад, дар он зоҳир мегардад, ки ягон мафкураи сиёсиро ба сифати идеологияи ҳукмрон ё ташхисгар қабул надорад. Вазифаи ҳуқуқии Конститутсия бошад, дар он ташхис мешавад, ки он асоси низоми ҳуқуқӣ ва тартиботи ҳуқуқии нав мегардад.

Конститутсия танзимгари бевоситаи муносибатҳои ҷамъиятӣ буда сарчашмаи асосии қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқии дигар мегардад.

Дар ҳамин асос, закр кардан ба маврид аст, ки тибқи моддаи якуми Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад”. Аз тавсири ин модда бармеояд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати ягонаи ҳуқуқбунёд раванди ташаккул ва инкишофи ҳамаҷонибаи истиқлолияти сиёсии хешро дар заминаи ҷустуҷуи дарёфти роҳу усулҳои таҳким ва такмили давлатдории миллӣ оғоз намуда, дар заминаи ба эътибор гирифтани манфиатҳои миллӣ басифати давлати соҳибихтиёр ва демократӣ рушд меёбад.

Омӯзиш, дарк ва фаҳми асосии мафҳуми Конститутсия, махсусан барои ҷавонон, ки нерӯи пешбаранда ва мутаҳаррикии кишвари соҳибистиқлоли моро ташкил медиҳанд, ҳукми бартарӣ ва зарурати хосаеро пайдо намудааст. Зеро мақом ва нақши Конститутсия дар ташаккул ва инкишофи ҷомеа, дар раванди гузариши сиёсӣ аз як тамаддун ба тамаддуни дигар хеле барҷаста намуддор гаштааст. Аз тарафи дигар Конститутсия дар инкишофи муносибатҳои мавҷудаи ҷомеаи шаҳрвандӣ мақом ва нақши муассирро соҳибанд. Таъмини сохтории Конститутсия дарки ҳамаҷонибаи ҳар як мафҳуми он оз ҷониби ҷомеа ва давлат ва чуноне, ки гуфтем риояи ҳаматарафаи он аз ҳар ду ҷониб, баландбардоштани мафкураи сиёсию ҳуқуқии бошандагони кишвар аз манфиатҳои миллию давлатӣ холӣ нест.

Диловар Саидзода-номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ