Тақвияти корҳои тарбиявӣ ва ахлоқӣ - омили муҳими пешгирии экстремизм ва терроризм

Марҳилаи нави таърихии Тоҷикистон дар давоми ҳазорсолаи нав, ки ба номи Истиқлолияти миллӣ пайванд мегирад, рӯзҳои бо саодату лаҳзаҳои бошарофате ба ин миллату ин мардуми соҳибтамаддун ато намуд. Гузаштаи халқу миллатҳои дар арсаи ҷаҳонӣ таҷассуми андарзи кӯҳанеро дар андешаву пиндорҳои мо равшан сохтааст, ки ҳаргиз ҳеҷ истиқлоле новобаста ба моддӣ ва ё маънавӣ будан ба осонӣ ба даст намеояд ва бузуртарин қавмияту халқҳо дар ҷараёни талошҳои худ барои расидан ба он сарсупурдагӣ ва ҷонбохтагиҳое аз худ зоҳир кардаанд. Ҳамин роҳи пурранҷ, ки поёнаш кашфи хазинаи пурганҷи мақсуд буд, барои миллати тоҷик ҳам дар ин даврони нави таърихӣ, дар ҷараёни ворид шудан ба марҳилае, ки оламро ба раванди тоза ва мавҷудияти тазодҳои қудратҳои навин раҳнамоӣ мекард, оғоз бо мушкилоти зиёде ва пастиву баландиҳои фаровоне рӯ ба рӯ намуд. Афзудани ноумедиву ғамзадагӣ, шикастадиливу беормонӣ ва нобоварӣ ба ояндаи худ ва ҳастии фардои миллат, тафаккур дар парешониву ниҳоят гуфтугӯ аз адами миллат андешаҳое буданд, ки чанд соли аввали марҳилаи соҳибистиқлолии Тоҷикистон сари забонҳо ҷориву афзунгари ранҷу фишорҳои афзуни рӯҳӣ барои ҷомеа.

Бо шукргузорӣ аз сарнавишт, ки ин роҳи мубҳам бо ҳузури паёмрасони сулҳу саодат ва раҳнамояндаи ваҳдати миллат дар кутоҳтарин фурсат равшану пайдо гардид. Ба бахти мардуми тоҷик, минбари Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон, минбари ҳақиқии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон гардид, ки аз он ормонҳои миллати тоҷик ва таҳкими пояҳои истиқлолияти миллӣ ба дуриҳои дур ба парвоз омада, фардои пиндорҳои ояндасозро дар оинаи ҳақиқат ҷилвагар сохтанд. Ҳузури шахсияти соҳибназар, инсони олигуҳар ва абармарди некмазҳар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукми ситораи раҳнамояндаи миллат дар он айёми тирашаб аз омадани субҳи мубораки миллат дар тозатарин вақту фазои таърихӣ пас аз ҳазор соли кишвардории аҷдоди бузурги тоҷикон Сомониёни ориёнасл муждагонии босаодат расонед. Иҷрои рисолати бузурге, ки сарвари давлат дар минбари ин маҷлисгоҳи иқболи миллати тоҷик барои овардани сулҳу ваҳдат аҳд гирифтанд, дар фосилаи панҷ сол умеду ормонҳои мардуми тоҷикро пару боли тоза бахшида, таъмини куллии истиқлолияти ҷомеаро тақвияти бештар бахшид. Бо сабақгирӣ аз таҷрибаҳои андӯхта аз гузаштан аз айми шикастанҳо ба бастану сохтанҳо Тоҷикистонро новобаста аз кӯчак будани марзу масоҳат ва камбуди шумораи аҳолӣ ба унвони як кишвар, давлат, миллат ва қаламрави бузурги мунъакискунандаи як тамаддуни бузурги дорои собиқаи тӯлонии таърихӣ муаррифӣ дар анҷумани кишварҳои ҷаҳон муаррифӣ намуд. Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар соли 2002 буд, ки дар китоби арзишманди худ «Тоҷикон дар оинаи таърих» бо ишорат ба ҷойгоҳи ҷуғрофии Тоҷикистон дар харитаи ҷаҳонӣ хеле ҷолиб таъкид намуда буданд, ки: «Тоҷикистони азизи мо дар ин харитаи курраи арз мисли донаи регест, ки базӯр менамояд ва дар дили паҳнои Осиё қарор дорад. Ва воқеан дар қиёси кишварҳои паҳновару сернуфуси олам- Россия, Чин, Ҳиндустон, Амрико басо хурду назарногир менамояд. Вале аксари ин давлатҳои бузург дар харитаи сиёсии ҷаҳон назар ба давлатдории аҷдодии тоҷикон дертар падид омада, бо гардиши айём мақоми устувори геополитикӣ ва геостратегӣ пайдо намуданд».

Шарҳи воқеъбинонаи ин дидгоҳи сиёсӣ аз сӯи дигар ишорат бар он дорад, ки тоҷикон баробари дарки масъулияти бузурги истиқлолият доштанд, муддатҳои тӯлонӣ рӯҳияи озодихоҳӣ ва соҳибистиқлолиро таблиғ, таҷриба ва андӯхтаҳои таърихии хешро дар ҳаёт татбиқ карда омадаанд, ки истиқлолияти навини мо ҳам пеш аз ҳама яке аз самараҳои ҳамин андӯхтаҳои беназир маҳсуб мешавад. Аз сӯи дигар, аз рамзи ин сухани роҳбари муаззами давлат метавон ҳикмати мондагори дигареро барои худ кашф намуд, имрӯз бо он ҳама кӯчакии ишорат дар харитаи сиёсии ҷаҳон Тоҷикистон собит намуд, ки иқтидори таърихӣ, фарҳангӣ ва ваҳдатгароии ин миллати қадима дар канори чунин абарқудратҳо эътироф гардидааст. Муҳимтар аз ҳама имрӯз Тоҷикистон тавассути ташаббусҳои Пешвои миллати хеш дар ҳалли муҳимтарин масъалаҳои олам нақши муассир мегузорад. Эътирофи таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба унвони яке аз намунаҳои барҷастаи сулҳи башарӣ ва қобили истифода дар ҳалли мусолиҳатомези кишварҳои ҷангзада, нақши муассири Пешвои миллати Тоҷикистон дар таъмини сулҳи минтақа, аз ҷумла Афғонистон дар баробари ташаббусҳои марбут ба муаммоҳои об, дигар масоили сиёсӣ имрӯз ифодакунандаи нақши муассири Тоҷикистон дар ҳалли муаммоҳои ҷаҳонӣ ба шумор меоянд.

Имрӯз ба таври барҷаста равшан аст, ки яке аз муаммоҳои бузурги низоми сиёсии ҷаҳонӣ доман паҳн кардани хатарҳои экстремизм ва терроризм маҳсуб меёбад, ки ба ин масъалаҳо борҳо Пешвои миллати мо чӣ дар суханрониҳои хеш дар дохили кишвар ва чӣ аз минбарҳои баланди созмонҳои ҷаҳонӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, дар ҷустуҷӯи роҳу равишҳои хоси муқовимат ба ин вабои аср ба шоистагӣ изҳори назар намудаанд. Танҳо руҷӯъ ба ду суханронии муҳими Пешвои миллат, ки давоми моҳи майи ҳамин сол ироа гардиданд. Суханваронии аввал “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” унвон дошта, санаи 4 майи соли равон дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд, ки дар кишвари Тоҷикистон ва бо ташаббуси бевоситаи роҳбари давлати мо баргузор гардид, ироа гардида, дар он муҳимтарин омилҳои хатарзо ва вусъатёбии ин ду падидаи номатлуби қарни имрӯз – экстремизм ва терроризм ва роҳҳои муқовимат ба он бо шарҳу тавзеҳи ҳамаҷониба ва бо такя бар андешаву ормонҳои миллии ниёкон шарҳу тавзеҳ ёфтаанд. Дар суханронии дигар низ,ки дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фаро расидани моҳи мубораки Рамазон манзур гардид, ҳамоно баррасии замина ва омилҳои зуҳури ин падидаҳои номатлуб ва доман паҳн кардани ҷуғрофиёи он дар саросари он сурат гирифта, ҳамзамон роҳҳои аслии муқовимат на танҳо аз сӯи намояндагони миллати мо ё ҷомеаи ҷаҳонӣ, балки шеваҳои муборизаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ин зуҳуроти нангин тарҳрезӣ шуданд. Бар асоси таҳлилҳои анҷомдодаи Пешвои миллат дар ин суханронии хеш маълум гардид, ки танҳо бар асари нуфузи ин зуҳуроти номатлуб дар сайёраи мо айни замон “дар 40 нуқтаи олам муноқишаҳои мусаллаҳона идома доранд, ки дар онҳо тақрибан 30 давлати дунё бевосита ё бавосита ширкат мекунанд.Ғайр аз ин, дар беш аз сад давлати дунё тақрибан 70 миллион нафар одамон бинобар нооромии вазъият ва амалҳои террористӣ манзили зист ва Ватани худро тарк кардаанд.

Дар баробари ин, инсоният ба гирдоби нафсу манфиатҷӯйӣ мубтало гардида, худро тадриҷан аз олами табиат ҷудо менамояд ва бо муносибати ғайриоқилонаву нодуруст ба сарватҳои табиӣ, аз ҷумла обу хок ва олами наботот ба гаҳвораи ҳастии худ - Замин он қадар зарар ворид менамояд, ки оқибатҳои он пешгӯинашаванда ва фалокатборанд”.

Таваҷҷӯҳи амиқ бар ин ду суханронӣ ва зимнан дигар баромаду гуфтор ва навиштаҳои Пешвои миллат барои мо ин нуктаро равшан месозад, ки муҳимтарин роҳҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм аз сӯи роҳбари давлат ба таври мушаххас баён гардидаанд ва танҳо вазифаи муқаддас ва ҷонии ҳар яки мост, ки дар амри расидан ба ин ҳадаф тадбирҳои амалӣ андешем. Аз муҳтаво ва мундариҷаи суханрониҳо ин матлаб ҳувайдост, ки дар меҳвари маҷмӯи фаъолият ва рисолатҳои ҷомеаи имрӯз барои муқовимати бо ин зуҳурот тарбияи дурусти насли наврас ва такмили низоми ташаккули маънавии ҷомеа ба шумор меравад, зеро ба таъкиди Пешвои миллат омили аслии зуҳури ин падидаҳои ногувор пеш аз ҳама ба камсаводӣ, коҳиши маърифати ҷавонон вобаста аст, ки онҳоро ба гирдоби чунин ғаразу амалҳои ногувору нангин мекашонад.

Омӯзиши таҷрибаи таърихии ниёкони мо низ собит месозад, ки дар қаламрави таърих низ ҳамеша ҳама нерӯҳо барои расидан ба мақсаду ҳадафхои хеш пеш аз ҳама мехоҳанд ба тафаккури насли ҷавон асар гузошта, аз он истифода кунанд, зеро дар навбати аввал агар нуфузи насли ҷавон дар ҳамагуна ҷомеаҳо ба мушоҳида расад, аз диди дувум тасаллут ба қувваи ақлонии онҳо метавонад гурӯҳҳову ҷараёнҳоро ба мақсади хеш бирасонанд. Танҳо ин ҷо ишорат ба достони Заҳҳок аз “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ кофист, ки мо ҳақиқати ин падидаи номатлубро бишносем ва дарк намоем. Аз ин достон ҳувайдост, ки вақте Аҳриман- бунёдгузори нерӯи бадӣ дар олам аз бозувони Заҳҳок бӯса мезанад, аз ду китфи ӯ ду мор берун меояд. Баъдан, Аҳриман худ барои оромиши морон дастур медиҳад, ки барои таскини хашму ғазаби онҳо ва касби оромии онон бояд мағзи сари инсонҳои ҷавон дода шавад ва ҳамин тавр мо аз ин достон медонем, ки аз ҷумла 18 писари Коваи Оҳангар қурбонии ин тадбири бадандешона мегардад. Ҳаким Фирдавсӣ худ дар шарҳи аслии моҳияти “Шоҳнома” талқин мекунад, ки ҳамаи ин достонҳо рамзе доранд ва аз ин ҷо маълум мешавад, ки ҳадафи аслии ӯ аз баёни ин достон тасарруфи нерӯҳои харобкор ба ақлу тафаккури насли ҷавонон метавонад омили аслии нестиву нобудӣ ва ҳатто хатари ҷиддӣ ба ҷомеа гардад. Бо дарназардошти ҳамин хатарҳои марговари экстремизм ва терроризм ба нерӯҳои ҷавони ҷомеа, ки имрӯзу фардои рӯзгор сахт ба онҳо марбут аст, Пешвои миллат ҳамеша ду омили муҳимро дар такмили тафаккури маънавӣ ва шуури инсонии ҷавонон талқин мекунанд:

1) Омӯзиши таъриху фарҳанг ва мероси адабиву ахлоқии ниёкони шарафманди хеш ва сабақбардорӣ аз таҷрибаи неки ниёкон дар амри тарбия ва такмили маънавии ҷомеа;

2) Омӯзиши технологияи муосир ва забонҳои хориҷӣ, ҳамқадам шудан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва маърифати таҷрибаи пешқадами замони имрӯз.

Вобаста ба ин пешниҳодоти муҳими Пешвои миллат дар назди мо омӯзгорон, кормандони муассисаҳои таълимӣ шоҳроҳи аслии муқовимат бо экстремизм ва терроризм ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои хатарзо мусоидат дар такмили маърифати онон, боло бурдани шуури маънавии ҷавонон, саводу маънавиёт ва ба низомҳои маърифатии олам мутобиқ гардонидани раванди таҳсилот бо мақсади ташаккули ҷаҳоншиносии ҷавонон ба шумор меравад. Аз ин рӯ, имрӯз дар низоми фаъолияти тарбияии муассисаҳои таълимӣ тақвият бахшидани корҳои тарбиявӣ ва таҷдиди мазмуну мундариҷаи он яке аз омилҳои муассир дар роҳи муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб ба шумор меравад. Тавре ки борҳо дар суханрониҳои хеш Пешвои миллат таъкид доштаанд, дар таркиби мероси маънавии ниёкони мо таҷрибаҳои нодири мардуми тоҷик дар роҳи такмили ахлоқ ва маънавиёти ҷавонон афкор ва андешаҳои фаровоне ҷой дорад, ки имрӯз яке аз вазифаҳои муқаддас ва муҳими омӯзгорон берун овардани ин ганҷинаҳои ҳикмат ва таблиғи онҳо дар миёни насли наврас маҳсуб меёбад. Таблиғи ин андарзҳои ба таҷрибаи таърихии халқи мо пайвандёфта, оқибати кори ононе, ки ба ин роҳҳо рафтаву ҳаёти хешро ба бод додаанд, метавонад ба тафаккури ҷавонон таъсири матлуб гузорад, ки яке аз онҳо ҳамоно достони Заҳҳоки морон дар “Шоҳнома”-и безавол аст. Баробари ин, танҳо ҳамин китоби ҷовидонаи бузург худ саршори чунин ғояҳои ватандӯстист, ки бегумон тарғиби онҳо дар байни ҷавонон метавонад ба шуури маънавии онон таъсир гузорад. Бо дарназардошти ҳамин аҳамияти маънавии мероси ниёкони мо дар тарбияи ахлоқии насли наврас аст, ки соли гузашта Пешвои миллат дар Паёми хеш ташкили ҳар гуна озмуну маҳфилҳоро дар миёни ҷавонон ба унвони яке аз роҳҳои босамари боло бурдани тафаккури ахлоқии онон пешниҳод намуданд. Бегумон таъсис додани маҳфилҳои “Шоҳномахонӣ”, мутолеаи осори Рӯдакӣ, Мавлонои Балхӣ дар сурати озмуну маҳфилҳо, ташкили озмунҳои китобхонӣ, маҳфилҳои техникҳои ҷавонон, варзишгарон, навоварону ихтироъкорон ва дигар тадбирҳои ба ин монанд метавонад ҷавононро ба машғулиятҳои ақлонӣ ё ташаккулдиҳандаи нерӯҳои зеҳнӣ равона намояд. Мо боварии комил дорем, ки ҷавонони дорои нерӯи баланди ақлонӣ ва зеҳнӣ ҳаргиз қурбони чунин ақидаҳои ифротӣ намегарданд ва бо маърифату дониши хеш ба ҳама гуна зуҳуроти номатлуб муқовимат карда метавонанд. Аз ин рӯ, ҷустуҷӯи роҳҳои босамар ва ҳавасмандкунандаи марбут ба ташаккули нерӯи зеҳнӣ ва ақлонии ҷавонон имрӯз аз вазифаҳои бузургу рисолати созандаи муассисаҳои таҳсилот новобаста ба зинаҳои он маҳсуб меёбад. Иқдом дар роҳи ташаккулу такмили чунин тадбирҳо ва тақвияти корҳои тарбиявӣ бегумон роҳи равшану нурониро дар рӯёрӯи ҷавонони азизи мо боз мекунад, то онҳо бо дониши олӣ, хиради воло ва заковати баланд дар муқовимат бо ҳар гуна зуҳуроти номатлуб карор дошта бошанду ин вабои асри имрӯз марҳила ба марҳила вуҷуди ҷавонони дигари гирифтори онро тарк намояд.

Рухсора Давлатзода

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ