Иштироки ректор ба дарси омӯзгорон

Ҳафтаи сипарӣ ректори МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” профессор Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло ба ҳашт машғулияти дарсии омӯзгорони факултетҳои санъати тасвирӣ ва технология ва тарбияи ҷисмонӣ ширкат варзид.

Ректори донишгоҳ пас аз иштирок ба дарсҳо ҳар як машғулияти омӯзгоронро дар алоҳидагӣ таҳлил намуда, тавсия дод, ки минбаъд барои самаранок омӯзонидани маводи таълимии нав, ташаккули нерӯи зеҳнӣ, маҳорат ва малакаи донишҷӯён аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд. Инчунин зикр дошт, ки санҷиши мунтазами сатҳу сифати дониш ба роҳ монда шуда, дар ташаккул додани маҳорату малакаи шогирдон корбарӣ намоянд.

Ҳадафи иштироки роҳбарияти донишгоҳ ба дарсҳо баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ба роҳ мондани роҳу усулҳои муосир ва таҳлили ҳаматарафаи он мебошад.

Иштироки ректори донишгоҳ ба дарсҳои омӯзгорон дар дигар факултетҳо низ идома дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ