Факултети таърих ва ҳуқуқ: Марҳилаҳои асосии ҳаёт ва фаъолияти академик Бобоҷон Ғафуров
Ба истиқболи ҷашни 110 солагии академик Б.Ғафуров
Бобоҷон Ғафурович Ғафуров 31 декабри соли 1908 дар деҳаи Исфисори уезди Хуҷанди вилояти Самарқанд (ҳоло ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон) таваллуд ёфтааст.
Солҳои 1922-1924 | Дар хонаи бачагони деҳаи Хистеварз зиндагӣ ва тахсили ибтидоиро гирифтааст. |
Соли 1922 | Ба сафи ВЛКСМ (Иттифоқи Ленинии Коммунистии ҷавонони Умумииттифоқ) аъзо гардид. |
Солҳои 1926-1928 | Дар мактаби назди истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд таҳсилро идома медиҳад. |
Солҳои 1927-1928 | Мудири Бюрои (бахши) бачагон ва сипас мудири Шуъбаи фарҳанг ва таблиғоти Комитети комсомоли ноҳияи Хуҷанд. |
Солҳои 1928-1930 | Баробари кору фаъолият дар Комитети комсомолии ноҳияи Хуҷанд ба рӯзноманигорӣ машғул гашта, аввалин мақолаҳои худро дар саҳифаҳои рӯзномаи «Овози тоҷик» ва дигар нашрияҳо чоп мекунад. |
Солҳои 1928-1929 | Дар Курсҳои олии ҳуқуқшиносӣ дар ш.Самарқанд таҳсил намудааст. |
Соли 1930 | Дар Комиссариати (Вазорати) адлияи ҶШС Тоҷикистон ба сифати ёвари комиссари (вазири) адлия ва сипас мудири шӯъба кор кардааст. |
Соли 1930 | Ба кори рӯзноманигорӣ гузашта, дар идораи рӯзномаи ҷумҳуриявии «Қизил Тоҷикистон» (нашрияи расмии КМ ҳизби КоммунистиТоҷикистон) аввал ба сифати мудири шӯъба, сипас чун муовини сармуҳаррир фаъолият бурдааст. |
Солҳои 1931-1935 | Дар Донишкадаи Умумииттифоқии Коммунистии ҷурналистика (рӯзноманигорӣ) дар ш.Маскав таҳсил намуда, яке аз нахустин рӯзноманигорони тоҷик буд, ки соҳиби маълумоти олии касбии рӯзноманигор гаштааст. |
Соли 1932 | Ба сафи ҳизби Коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ (КПСС)қабул гардид. |
Солҳои 1936-1938 | Дар Мактаби олии кишоварзии Тоҷикистон ба донишҷӯён аз фанни «Иқтисоди сиёсӣ» таълим додааст. |
Солҳои 1936-1941 | Ба дастгоҳи марказии КМ ҲК (б) Тоҷикистон ба кор даъват шуда, дар вазифаҳои дастурдеҳ (инструктор) оид ба матбуоти Шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти ҳизбӣ, мудири Шуъбаи нашриёт ва матбуот, муовини мудири Шуъбаи таблиғот ва ташвиқот, мудири сектори (бахши) муассисаҳои фарҳангӣ-маърифатии КМ ҲК (б) Тоҷикистон кор кардааст. |
Солҳои 1936-1956 | Аъзои Комитети Марказии ҳизби Комунисти Тоҷикистон. |
Солҳои 1938-1958 | Вакили (депутати) ШӯроиОлии ҶШС Тоҷикистон. |
Солҳои 1939-1940 | Дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Сталинобод (Душанбе) ба донишҷӯён аз фанни «Таърихи ИҶШС» таълим додаст. |
Солҳои 1940-1941 | Дар аспирантураи Пажӯҳишгоҳи таърихи Академияи илмҳои ИҶШС (ш.Маскав) таҳсил намудааст. |
Соли 1941 | Рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Таърихи мазҳаби исмоилия аз ибтидои асри Х1Х то оғози ҷанги якуми ҷаҳонии империалистӣ» таҳти роҳбарии ховаршинос ва исломшиноси маъруф А.Е.Беляев ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих гардид. |
Солҳои 1941-1945 | Дар вазифаи котиби КМ ҲК (б) Тоҷикистон оид ба таблиғот ва ташвиқот фаъолият бурдааст. |
Солҳои 1942-1948 | Дар баробари фаъолияти ҳизбӣ дар КМ ҲК (б) Тоҷикистон вазифаи мудири Сектори (бахши) таърихии Паҷӯҳишгоҳи таърих, забон ва адабиёти Филиали Тоҷикистонии Академияи илмҳои ИҶШС-ро дар ӯҳда дошт. |
Солҳои 1942-1954 | Б.Ғафуров роҳбарии як гурӯҳ аспирантонро, ки ба таҳқиқу омӯзиши давраҳои гуногуни таърихи халқи тоҷик ва халқҳои Осиёи Миёна машғул буданд, дар ӯҳда дошт. |
Соли 1944 | Бо ордени Ленин мукофотонида шуд. |
Солҳои 1945-1946 | Котиби дуюми КМ Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон |
Соли 1944 | Дар ҷаласаи Сессияи нахустини илмии Филиали Тоҷикистонии АИ ИҶШС 24 апрели соли 1944 бо нутқи барномавии «Гузаштаи бои таърихии халқи тоҷикро амиқ омӯзем» суханронӣ намуд, ки он барои тарҳрезии нақшаҳои минбаъдаи таҳқиқотҳо оид ба таърихи халқи тоҷик заминаи муҳим гардид. |
Соли 1944 | Асари калонҳаҷми Б. Ғафуров ва Н. Прохоров «Халқи тоҷик дар мубориза баҳри озодӣ ва истиқлолияти Ватани худ:Очерк аз таърихи тоҷикон ва Тоҷикистон» дар шаҳри Сталинобод (Душанбе) ба забони русӣ нашр гардид, ки дар ин китоб бори нахуст яклухт ва ҷамъбастӣ оид ба таърихи халқи тоҷик баён ва тахрезӣ гашта буд. |
Солҳои 1946-1956 | Котиби якуми КМ Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон. |
Соли 1946 | Бо ордени Ленин мукофотонида шудааст. |
Солҳои 1946-1956 | Котиби якуми КМ Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон. |
Соли 1946 | Бо ордени Ленин мукофотонида шудааст. |
Соли 1947 | Асари аввалини калонҳаҷм, яклухт ва ҷамъбастии Б. Ғафуров «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» (ҷилди 1), зери таҳрири А. Мирзоев дар Сталинобод (Душанбе) ба забони тоҷикӣ нашр гардид. |
Соли 1948 | Бо ордени Ленин мукофотонида шудааст. |
Соли 1948 | Вакили (депутати) Шӯрои вакилони халқи вилояти Сталинобод. |
Соли 1949 | Бо ордени Ленин мукофтонида шудааст. |
Соли 1949 | Китоби «Таърихи мухтасари халқи тоҷик. Ҷилди 1. Аз давраи қадимтарин то инқилоби Кабири сотсиалистии Октябри соли 1917» дар нашриёти «Госполитиздат»-и Маскав зери таҳрири И.С. Брагинский ба забони русӣ нашр гардид. |
Соли 1951 | Узви ҳақиқии (академики) Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон интихоб гардид. |
Солҳои 1952-1961 | Узви КМ ҲКИШ (Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ). |
Соли 1952 | Китоби «Таърихи мухтасари халқи тоҷик. Ҷилди 1. Аз давраи қадимтарин то Инқилоби Кабири Октябри соли 1917», нашри дуюм бо ислоҳу иловаҳо зери таҳрири И.С. Брагинский дар нашриёти «Госполитиздат»-и Москав ба забони русӣ нашр гардид. |
Соли 1952 | Бо қарори Шӯрои илмии Паҷӯҳишгоҳи таърихи маданияти моддии АИ ИҶШС аз 25 феврали соли 1952 ба Б.Ғафуров барои таълифи китоби «Таърихи халқи тоҷик» (нашри русии соли 1952) дараҷаи баланди илмӣ-доктори илмҳои таърих дода шуд. |
Соли 1953 | Бо қарори Комиссияи Олии Аттестатсионии (ВАК) ИҶШС ба Б.Ғафуров дараҷаи доктори илмҳои таърих дода шуд. |
Соли 1953 | Вакили (депутати) Шӯрои вакилони халқи шаҳри Сталинобод (Душанбе). |
Соли 1954 | Бо ордени Ленин мукофотонида шудааст. |
Соли 1955 | Вакили (депутати) Шӯрои вакилони халқи шаҳри Сталинобод (Душанбе). |
Соли 1955 | Китоби «Таърихи мухтасари халқи тоҷик. Ҷилди 1. Аз давраи қадимтарин то Инқилоби Кабири Октябри соли 1917» нашри сеюм, бо ислоҳу иловаҳо зери таҳрири И.С. Брагинский дар нашриёти «Госполитиздат»-и Москав ба забони русӣ нашр гардид. |
Солҳои 1956-1977 | Директори Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ ИҶШС–бузургтарин маркази ховаршиносии ҷаҳон. |
Соли 1957 | Бо ордени Ленин мукофотонида шудааст. |
Соли 1957 | Дар Конгресси XXIV байналхалқии ховаршиносон (Мюнхен, Олмон, 28 август-4 сентябри соли 1957) ҳайати олимони ховаршиноси шӯравиро сарварӣ намуда, дар мавзӯи «Сабабҳои болоравӣ ва шикасти Сомониён» маърӯзаи илмӣ намуд. |
Соли 1957 | Бо ташаббуси Б.Ғафуров дар ш.Тошкент (Ӯзбекистон) Конференсияи якуми умумииттифоқии шарқшиносон (4-11 июли соли 1957) даъват карда шуда, дар конференсия Б.Ғафуров бо маърӯзаи таҳлилӣ ва барномавии «Вазъ ва вазифаҳои илми шарқшиносии шӯравӣ дар партави қарорҳои Анҷумани ХХ ҲКИШ» маърӯза намуд. |
Соли 1957 | Ҳайати олимони ховаршиноси шӯравиро, ки аз ҷониби АИ ИҶШС бо даъвати директори Паҷӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ Чехословакия, Ярослав, Прушен бо мақсади таҳкими равобит ва ҳамкориҳои миёни ховаршиносии шӯравӣ ва чех ба Чехословакия сафар карда буд, сарварӣ намудааст. |
Соли 1957 | Дар ҳайати вакилони Ҳукумати шӯравӣ ба Тунис сафар намуда, бо Президенти Тунис Х. Буғриба мулоқот намуд. |
Солҳои 1957-1974 | Сармуҳаррири маҷаллаи «Азия и Африка сегодня» буд. |
Соли 1958 | Дар Сессияи илмии Шуъбаи илмҳои ҷомеашиносии АИ ИҶШС дар мавзӯи «Сохтмони коммунизм ва масъалаи миллӣ» маърӯза намуд. |
Соли 1959 | Дар ҳайати вакилони шӯравии ҷонибдорони сулҳ ба давлати Тунис сафар намуд. |
Соли 1960 | Ҳайати вакилони шӯравиро дар Конференсияи дуюми минтақавии давлатҳои Осиё-аъзои ЮНЕСКО дар ш.Манила (Филиппин) сарварӣ намуда, дар мавзӯи «Фаъолият оид ба тадбиқи лоиҳаи ЮНЕСКО» «Шарқ-Ғарб» ва рушди робитаҳои фарҳангӣ дар байни ИҶШС ва кишварҳои Шарқ» маърӯзаи илмӣ намуд. |
Соли 1960 | Ба сифати роҳбари ҳайати вакилони шӯравӣ дар Конференсияи дуюми минтақавии давлатҳои Осиё-аъзои ЮНЕСКО дар ш.Манила (Филиппин) дар мавзӯи «Масъалаҳои аслиҳапартоӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ» маърӯзаи илмӣ намуд. |
Соли 1960 | Дар назди шунавандагони Корпуси дипломатӣ дар ш.Маскав (12 октябри соли 1960) дар мавзӯи «Ҳалли масъалаи миллӣ дар ИҶШС» лексия хондааст. |
Соли 1960 | Президенти Конгресси ХХV байналхалқии ховаршиносон (ш.Маскав, 9-16 августи соли 1960) интихоб гардид. |
Соли 1960 | Бо сафари илмӣ ба Лубнон ташриф овард. |
Солҳои 1961-1977 | Раиси Шӯрои илмии «Ҷунбиши миллӣ-озодихоҳии халқҳои Осиё ва Африка бар зидди мустамликадорӣ» дар назди Паҷӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ ИҶШС. |
Соли 1961 | Раиси Раёсати Бунёди ҳамрайъии Африка-Осиё. |
Соли 1961 | Дар Машварати ҳамоҳангсозии фаъолияти шарқшиносии Москва, Ленинград (Санкт-Петербург) ва ҷумҳуриҳои иттифоқӣ (Москва, 27-29 июни соли 1961) иштирок намуд ва дар мавзӯи «Рушди ховаршиносии шӯравӣ пас аз Анҷумани ХХ ҲКИШ ва масъалаҳои ҳамоҳангсозии тадқиқотҳо дар соҳаи шарқшиносӣ» |
Соли 1961 | Бо сифати роҳбари ҳайати шӯравӣ ба Гвинея ташриф овард. |
Соли 1962 | Ҳайати вакилони шӯравиро дар Конференсияи байналхалқии муаррихон дар ш.Дакка (Покистон, январи соли 1962) сарварӣ намуда, дар мавзӯи «Доир ба равобити фарҳангии Осиёи Миёна бо халқҳои Покистон дар асри ХVII» маърӯзаи илмӣ намуд. |
Соли 1962 | Ба Бағдод (Ироқ) ба сафари илмӣ фиристода шуда, дар ҷашни 1200-солагии Бағдод ва 1100 – солагии шоир ва файласуфи араб Ал-Кимди иштирок намуд ва дар Сессияи илмӣ бахшида ба ҷашнҳои мазкур дар мавзӯи «Аҳамияти шаҳри Бағдод дар рушди халқҳои Осиёи Миёна» маърӯзаи илмӣ намуд. |
Соли 1962 | Дар Машварати ҳамоҳангсозии фаъолияти муҳаққиқон оид ба таърихии ҳаракати байналхалқии коргарӣ ва ҷунбиши миллӣ-озодихоҳӣ (ш.Маскав, феврали соли 1962) иштирок намуд ва дар мавзӯи «Масъалаҳои асосии омӯзиши ҷунбиши миллӣ-озодихоҳии халқҳои Осиё ва Африка бар зидди мустамликадорӣ» маърӯзаи илмӣ намуд. |
Соли 1962 | Дар Машварати умумииттифоқии муаррихон (ш.Москва, 1 декабри соли 1962) иштирок намуда, дар мавзӯи «Самтҳои асосии тадқиқотои илмӣ ва тарбияи кадрои илмӣ-педагогӣ дар соҳаи таърихи халқои Шарқ» маърӯзаи илмӣ намуд. |
Соли 1963 | Ҳайати олимони шӯравиро дар Конференсияи байналхалқии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷенева (Швейтсария, феврали соли 1963) оид ба масъалаи тадбиқи дастовардҳои илмҳои техникӣ барои таъмини ниёзи минтақаҳои сусттараққикардаи ҷаҳон сарварӣ намуда, дар мавзӯи «Рушди маориф дар Осиёи Миёна» маърӯзаи илмӣ намуд. |
Соли 1963 | Ҳайати вакилони шӯравиро дар тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба баровардани қувваҳои ҳарбии Франсия аз Бизерти (Тунис) сарварӣ намудааст. |
Соли 1964 | Дар Машварати умумииттифоқии ховаршиносони шӯравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият ва тадқиқотҳо дар соҳаи илми ховаршиносӣ (ш. Тблиси, Гурҷистон, 12-13 ноябри соли 1964) ширкат варзидааст. |
Солҳои 1964-1977 | Раиси Ҳайати таҳририяи «Осори хаттии Шарқ». |
Соли 1964 | Ҳайати олимони шӯравиро дар Конгресси XXVI байналхалқии ховаршиносон (Деҳлӣ, Ҳиндустон, 4-5 январи соли 1964) сарварӣ намуда, бо ду маърӯзаи илмӣ: «Равобити таърихии Осиёи Миёна бо кишварҳои Шарқи Араб» ва «Хусусиятҳои инқилоби фарҳангӣ дар Осиёи Миёнаи шӯравӣ» суханронӣ намуд. |
Соли 1964 | Ҳайати вакилони шӯравиро дар Сессияи VI-уми Шӯрои Созмони ҳамрайъии халқҳои Осиё ва Африка (Алҷазоир) сарварӣ намудааст. |
Соли 1965 | Дар Симпозиуми байналхалқии эронишиносон дар Италия иштирок варзида, дар мавзӯи «Оид ба робитаи Осиёи Миёна ва Эрон дар замони Ҳахоманишҳо (асрҳои IV-VII пеш аз миллод)» маърӯзаи илмӣ намудааст. |
Соли 1966 | Дар ҳайати олимони шӯравӣ ба Ҳиндустон сафар намуда, дар Ҳамоиши илмии байналхалқии ҳиндушиносон ширкат дошт. Ҳамчунин дар Мизи мудаввар бахшида ба мавзӯи «Нақши Ҷавоҳирлол Неҳру дар ҷаҳони муосир» (Деҳли, 26-29 сентябри соли 1966) иштирок намудааст. |
Соли 1966 | Бо сафари илмӣ ба Лубнон ташриф овардааст. |
Соли 1966 | Дар Конгресси байналхалқии кишварҳои бетараф дар Югославия иштирок намуд. |
Соли 1967 | Бо Фармони Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон унвони ифтихории «Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон» дода шуд. |
Соли 1967 | Узви ифтихории Анҷумани ховаршиносони Лаҳистон (Полша) интихоб гардид. |
Соли 1967 | Дар Маҷлиси умумии ҷашнии Шуъбаи таърихи АИ ИҶШС бахшида ба 50-солагии Инқилоби Кабири сотсиалистии Октябр (ш. Маскав, 19-20 октябри соли 1967) ширкат варзида, бо маърӯзаи ҷамъбастии «50 соли ховаршиносии шӯравӣ» маърӯза намуд. |
Соли 1967 | Ба Париҷ (Франсия) барои иштирок дар ҷаласаи коршиносони ЮНЕСКО оид ба Осиёи Марказӣ ба сафари илмӣ фиристода шуд. |
Соли 1967 | Дар Конференсияи илмии байналхалқии «Инқилоби Кабири сотсиалистии Октябр ва ҷунбиши миллӣ-озодихоҳии халқҳои Осиё, Африка ва Америкаи Лотинӣ» (Боку, Озарбойҷон, сентябри соли 1967) иштирок намуда, дар мавзӯи «Оид ба таърихи ҷунбиши миллӣ-озодихоҳӣ дар Осиё» маърӯзаи илмӣ намуд. |
Соли 1968 | Шастсолагии зодрӯзи академик Б. Ғафуров таҷлил гардид. |
Соли 1968 | Барои хизматҳои бузург дар рушди илми ховаршиносӣ бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шуд. |
Соли 1968 | Узви ҳақиқии (академики) АИ ИҶШС интихоб гардид. |
Соли 1968 | Узви Шӯрои миллии Ҳиндустон оид ба равобити фарҳангӣ интихоб гардид. |
Соли 1968 | Раиси Конференсияи байналхалқии ЮНЕСКО оид ба таърих, археология ва маданияти Осиёи Марказӣ дар замони Кӯшониён (ш. Душанбе, Тоҷикистон, 27-сент.-6 окт. 1968). Дар конференсия бо маърӯзаи илмии «Замони Кӯшон ва тамаддуни ҷаҳонӣ» суханронӣ намуд. |
Соли 1968 | Барои саҳми бузург дар рушди илми ховаршиносӣ, ҳиндушиносӣ, таҳкими равобит ва ҳамкориҳои илмии ховаршиносони шӯравӣ ва ҳинд ба Ҷоизаи байналхалқии ба номи Ҷавоҳирлол Неҳру сазовар гардид. |
Соли 1969 | Барои хизматҳои бузург дар ҷодаи мустаҳкам намудани сулҳ дар байни халқҳои ҷаҳон ва 20-солагии ҳаракати тарафдорони сулҳ бо медали ҷашни Комитети шӯравии дифои сулҳ сарфароз гардид. |
Соли 1969 | Ҳайати вакилони шӯравиро дар Симпозиуми байналхалқӣ бахшида ба 100-солагии мутафаккири бузурги Шарқ Муҳаммад Ғолиб (Деҳлӣ, Ҳиндустон, 17-19 феврали соли 1969) сарварӣ намудааст. |
Соли 1969 | Раиси Симпозиуми байналхалқии ЮНЕСКО оид ба санъати замони Темуриён (Самарқанд, Ӯзбекистон, 23-27 сентябри соли 1969). |
Соли 1969 | Дар Конференсияи илмии умумииттифоқӣ бахшида ба санъат ва археологияи Эрон (ш. Москав, 22-25 ноябри соли 1969) ширкат варзидааст. |
Соли 1970 | Ба дараҷаи доктори фахрии Донишгоҳи мусулмонии Олигарх (Ҳиндустон) сазовор гардид. |
Соли 1970 | Ба Австралия барои таҳкими равобити илмии ховаршиносони шӯравӣ ва австралиягӣ ба сафари илмӣ фиристода шуд. |
Соли 1970 | Ба Ҳиндустон ба сафари илмӣ фиристода шуда, дар Семинари байналхалқии «Нақшу мақоми Махатма Гандӣ дар ҷаҳони муосир», бахшида ба 100-солагии зодрӯзи ин муттафаккири бузурги Машриқзамин иштирок кард ва дар мавзӯи «Башардӯстии Махатма Гандӣ» маърӯзаи илмӣ намуд. |
Соли 1970 | Дар Конференсияи илмии байналхалқии «Болоравии нақши ленинизм дар замони муосир ва танқиди ғояҳои зиддикоммунизм» (ш. Москва, 19-23 январи соли 1970) иштирок намудааст. |
Соли 1970 | Дар Конгресси байналхалқии муаррихон (ш. Москва, 16-23 августи соли 1970) иштирок варзида, дар мавзӯи «Нақши Кӯшон дар тамаддуни ҷаҳон» маърӯзаи илмӣ намуд. |
Соли 1970 | Дар Конференсияи илмии байналхалқии «Наҷодпарастӣ-ғояи империализм, душмани прогресси ҷамъиятӣ» (ш. Москва, 14-16 декабри соли 1970) иштирок намуда, раиси бахши «Танқиди ғояи наҷодпарастӣ» буд. |
Соли 1971 | Узви ифтихории Анҷумании Осиёи Париҷ (Франсия) интихоб гардид. |
Соли 1971 | Бо медали «50-солагии инқилоби халқии Муғулистон» сарфароз гардид. |
Соли 1971 | Раиси Комитети шӯравии Комитети якҷояи Эрону Шӯравӣ оид ба Ҷоизаи байналхалқии ба номи Абдулқосим Фирдавсӣ интихоб гардид. |
Соли 1972 | Шоҳасари безаволи аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна» дар нашриёти «Наука»-и Маскав ба забони русӣ ба теъдоди 10 ҳазор нусха нашр гардид. |
Соли 1972 | Узви ифтихории Комитети байналхалқӣ оид ба нашри асарҳо бахшида ба 2500-солагии таъсис давлати Форс (Эрон) интихоб гардид. |
Соли 1972 | Раиси Конференсияи байналхалқии ЮНЕСКО бахшида ба рушди иҷтимоӣ ва фарҳангии халқҳои Осиёи Марказӣ дар асрҳои XIX-XX. (ш. Ишқобод, Туркманистон, 26-сент.- 5 окт. соли 1972). Дар конференсия бо маърӯзаи илмии «Марҳилаҳои асосии рушди таърихӣ-фарҳангии халқҳои Осиёи Марказӣ» маърӯзаи илмӣ намуд. |
Соли 1972 | Дар Конференсияи дуюми умумиитфоқии мисршиносон (египтология) (ш.Москва-Ленинград, 25 окт.-1 нояб. Соли 1972) иштирок ва дар мавзӯи «Кашфиёти бузурги Шамполон» маърӯзаи илмӣ намудааст. |
Соли 1973-1977 | Президенти Анҷумани байналхалқии омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ дар назди ЮНЕСКО. |
Соли 1973 | Раиси Комитети милии шӯравии Анҷумани илмии уқёнуси Ором интихоб гардид. |
Соли 1973 | Ҳайати олимони ховаршиноси шӯравиро дар Конгресси XXIX байналхалқии ховаршиносон дар Париҷ (Франсия) сарварӣ карда, дар мавзӯи «Оид ба масъалаи пайдоиши ориёиҳо» маърӯзаи илмӣ намуд. |
Соли 1973 | Ҳайати вакилони шӯравиро дар «Маҷмааи Осиёи воҳид», ки аз ҷониби Донишкадаи васоити ахбори Ҳиндустон даъват шуда буд, сарварӣ намудааст. |
Соли 1973 | Ҳайати вакилони шӯравиро дар Симпозиуми байналхалқии ЮНЕСКО дар мавзӯи «Истамбул дар пайванди фарҳангҳои балканӣ, осиёимарказӣ, славянӣ ва шарқӣ дар асрҳои XVI-XIX» (Истамбул, Туркия) сарварӣ намудааст. |
Солҳои 1974-1977 | Раиси Комитети шӯравии омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ дар назди Шуъбаи таърихи АИ ИҶШС. |
Соли 1974 | Ба дараҷаи доктори фахрии Донишгоҳи Теҳрон (Эрон) сазовор гардид. |
Соли 1974 | Узви ифтихории Анҷумани Осиё дар Калкута (Ҳиндустон) интихоб гардид. |
Соли 1974 | Ҳайати олимони ховаршиноси шӯравиро дар нахустин Машварати ҳамоҳангсозии фаъолияти ховаршиносони давлатҳои сотсиалистӣ (ш. Москва, 19-23 ноябри соли 1974) сарварӣ намудааст. |
Соли 1974 | Ба Эрон барои иштирок дар нахустин чаласаи Комитети якҷояи Шӯравӣ ва Эрон оид ба Ҷоизаи байналхалқии ба номи Абдулқосим Фирдавсӣ ба сафари илмӣ фиристода шуд. |
Соли 1974 | Аз ҷониби ЮНЕСКО ба Покистон барои иштирок дар Семинари байналхалқии ЮНЕСКО бахшида ба таърихи илм аз рӯи лоиҳаи байналхалқии ЮНЕСКО «Омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ» (Исломобод, Покистон, декабри соли 1974) ба сафари илмӣ фиристода шуд. |
Соли 1974 | Ба Арабистони Суудӣ барои таҳкими равобити дӯстии ин кишвари Араб бо ИҶШС ва тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои олимони шӯравӣ ва араб ба сафари илмӣ фиристода мешавад. Ҳангоми сафар Бобоҷон Ғафуров ба зиёрати Каъба ва дигар фароизи ҳаҷ муяссар гардид, ба унвони ҳоҷӣ соҳиб гардид, ки дар замони шӯравӣ ҳодисаи нодир буд. |
Соли 1975 | Барои хизматҳои бузург дар рушди илми ховаршиносӣ бо ордени Инқилоби Октябр сарфароз гардид. |
Соли 1975 | Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнати Ҷумҳурии Мардумии Муғулистон сарфароз гардид. |
Соли 1975 | Узви ифтихори Анҷумани ховаршиносон ба номи Чома (Венгрия) интихоб гардид. |
Соли 1975 | Дар Конференсияи илмии байналхалқии ЮНЕСКО «Ал-Форобӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ» (ш. Москва, 8-9 сент. соли 1975) иштирок намуда, дар мавзӯи «Ал-Форобӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ» маърӯзаи илмӣ намуд. |
Соли 1976 | Бо медали тиллоии ҷашнии Шӯрои Умумиҷаҳони Сулҳ барои иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ, таҳкими сулҳ дар байни халқҳои ҷаҳон ва 25-солагии ҳаракати тарафдорони сулҳ мукофотонида шудааст. |
Соли 1976 | Узви ифтихории Академияи илмҳо ва санъати Босня ва Гертсоговина (собиқ Югославия) интихоб гардид. |
Соли 1976 | Ҳайати олимони шӯравиро дар Конгресси байналхалқии эроншиносон дар Мюнхен (Олмони Федералӣ) сарварӣ намуда, дар мавзӯи «Оид ба равобити Осиёи Миёна ва Эрон дар партави кашфиётҳои навтарини илми бостоншиносӣ» маърӯзаи илмӣ намуд. |
Соли 1976 | Ҳайати олимони шӯравиро дар Конгресси байналхалқӣ оид ба рушди иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварҳои Осиё ва Африка дар Мехико (Канада, 3-8 августи соли 1976) сарварӣ намуда, дар мавзӯи «Оид ба равобити таърихӣ-фарҳангии Ғарб ва Шарқ» маърӯзаи илмӣ намуд. |
Соли 1977 | Дар Сессияи илмии сайёри Шуъбаи таърихи АИ ИҶШС, ки дар ш. Душанбе баргузор гардид иштирок намуд (апрели соли 1977) ва ба корҳои омодагӣ ба Симпозиуми байналхалқии ЮНЕСКО оид ба масъалаҳои этникии таърихи қадими Осиёи Марказӣ, ки моҳи октябри соли 1977, пас аз 3 моҳи фавти Б. Ғафуров дар ш. Душанбе баргузор гашта буд, сарварӣ намудааст. |
Соли 1977 | Бобоҷон Ғафуров 12 июли соли 1977 дар синни 69-солагӣ дар ш. Душанбе вафот кард ва оромгоҳи ӯ дар мавзеи Лучоби шаҳри Душанбе ҷойгир аст. |
Соли 1977 | Дар ҳиндустон китоби донишманд, арбоби намоёни ҷамъиятӣ Шоши Бушан «Академик Бобоҷон Ғафуров» ба забони англисӣ аз чоп баромад. |
Соли 1978 | Дар Варшава (пойтахти Лаҳистон) китоби «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров ба забони лаҳистонӣ (полякӣ) бо номи «Таърих ва фарҳанги мардуми Осиёи Миёна» дар ҳаҷми 694 саҳифа аз нашр баромад. |
Соли 1979 | Ҳафтодсолагии зодрӯзи академик Б. Ғафуров ҷашн гирифта шуд. |
Соли 1980 | Дар нашриёти «Наука»-и Маскав асари мӯҳташами Б. Ғафуров ва муаррихи юнонитабор Д.И. Сибукидис «Искандари Мақдунӣ ва Шарқ» нашр гардид. |
Соли 1983 | Китоби «Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна. Китоби якум» зери таҳрири академик А. Мухторов дар нашриёти «Ирфон» дар Душанбе ба забони тоҷикӣ нашр гардид. |
Соли 1984 | Китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров дар Кобул (Афғонистон) бо саъю кӯшиши муаррихи машҳури афғон доктор Ҷалолиддин Сидиқӣ ба забони дарӣ, ба ҳуруфоти арабӣ дар ҳаҷми беш аз 700 саҳифа нашр гардид. |
Соли 1985 | Китоби «Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна. Китоби дуюм» зери таҳрири академик А. Мухторов нашриёти «Ирфон» дар шаҳри Душанбе нашр гардид. |
Соли 1985 | Китоби «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» бо забони чинӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин аз рӯи нашри русии соли 1955 интишор гардид. |
Соли 1985 | Китоби «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» бо забони уйғурӣ бо номи «Тоҷиклар таърихи» бо ҳуруфоти арабӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин аз нашр баромад. |
Соли 1989 | Бо қарори Бюрои КМ Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз 20 апрели соли 1988 моҳи декабри соли 1989 чашни 80-солагии зодрӯзи аллома Б.Ғафуров бо иштироки ховаршиносони машҳури шӯравӣ ва хориҷӣ дар шаҳри Душанбе ботантана таҷлил гардид. |
Соли 1997 | Бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи академик Бобоҷон Ғафуров, ки дар инкишофи илм, фарҳангу маорифи ҷумҳурӣ саҳми бузург гузоштааст, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 1997, таҳти №172 ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд номи академик Бобоҷон Ғафуров дода шуд. |
Соли 1997 | Барои хизматҳои бузург ва фидокориҳо дар поягузории истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти хирадмандонаи давлатдорӣ, инкишофи тамаддун ва худшиносии миллӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 8 августи соли 1997 ба фарзанди бошарафи халқи тоҷик Бобоҷон Ғафуров унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд. |
Соли 1998 | Моҳи декабри соли 1998 90-солагии зодрӯзи академик Б. Ғафуров ботантана таҷлил гардид. |
Соли 1998 | Ба муносибати 90-солагии зодрӯзи аллома Бобоҷон Ғафуров ва 1100-солагии давлати Сомониён китоби «Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав. Китобҳои 1 ва 2» дар як ҷилд зери таҳрири академик А. Мухторов дар нашриёти «Ирфон» дар шаҳри Душанбе бо теъдоди 10 ҳазор нусха аз чоп баромад. |
Соли 1998 | Ба муносибати 90-солагии зодрӯзи аллома Бобоҷон Ғафуров ва 1100-солагии давлати Сомониён китоби «Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав. Китобҳои 1 ва 2» ба ҳуруфоти араби асоси тоҷикӣ дар нашриёти «Ирфон» дар шаҳри Душанбе бо теъдоди 5 ҳазор нусха аз чоп баромад. |
Соли 2008 | Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008, таҳти №528 100-солагии зодрӯзи академик Бобоҷон Ғафуров бо тантана таҷлил гардид. |
Соли 2008 | Ба муносибати 100-солагии зодрӯзи аллома Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав. Китобҳои 1 ва 2» дар як ҷилд дар нашриёти «Дониш»-ишаҳри Душанбе бо теъдоди 800 нусха нашр гардид. |
Соли 2018 | Ҷашни 110-солагии зодрӯзи аллома Бобоҷон Ғафуров таҷлил гардид. |
Таҳияи номзади илмҳои таърих, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Шавкат Шарифов ва омӯзгори донишгоҳ Парвиз Шарифов.