«Паймони миллии Тоҷикистон» дар асл паймони зидди миллӣ аст.

Барои боз ҳам беҳтар нигоҳ доштани бехатарии давлат ва аз ҳар гуна падидаҳои номатлуб эмин доштани халќ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамешагӣ кўшиш менамоянд. Воқеаҳои солҳои 90-уми ќарни гузашта исбот намудааст, ки ба сулњу Ваҳдати миллӣ расидани тоҷикон ин таҷрибаест барои дигарон. Зеро ки барои расидан ба ин ҳадаф аз чӣ қадар ҷоннисориву ҷонкоҳиҳо гузаштааст мардуми шарафманди тоҷик.

Бояд қайд кард, ки дар шароити имрўза вақте ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай бо пешравиҳои худ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар дохил ва муносибатҳои байналхалқӣ худро муаррифӣ карда истодааст ва пайваста кўшиш намуда истодааст, ки мардум осудаҳол бо меҳнати ҳалоли худ зиндагии худро ба пеш баранд.

Лекин дар ҳама давру замон нафароне ба назар мерасанд, ки мехоҳанд бо ҳар гуна амалҳои нопокихуд дар байни ҷомеа низоҳои сиёсиро барангезанд.

Лекин дар хотир бояд дошт ва пайваста халқи тоҷик аз дастовардҳои даврони истиқлолият баҳра баранд онро ҳифз намоянд, муқаддас шуморанд, новобаста аз он, ки дар дохили Тоҷикистон ё ин, ксси берун аз он қарор доранд. Бояд онҳо бо ҳисси масъулиятшиносиву, хештаншиносии худ дарк намоянд, ки ҳамаи ин бевосита дар асоси кўшишу заҳматҳои Сарвари муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Имрузҳо баъдаз ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ ва ба имзо расидани Созишномаи умуми Истиқрори сулҳ ва ризояти милли, кишвари моро дар хориҷи мамлакат бисёр давлатҳо расман мешуносанд ва муносибаҳои дустию бародариро ба роҳ мондааст. Имрузҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ мебошад, ки тамоми ин кушишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки барои гул гул шукуфи кишвари азизамон мебошад.

Вобаста ба масъалаи муҳим ва пурпечутоби сиёсӣ-иҷтимоӣ, ки солҳои охир таъсири манфии он ба тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла Тоҷикистон назаррас аст, бетараф будани шаҳрвандон аз беэътиноии онҳо шаҳодат мадиҳад. Мутаассифона, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурўҳҳои террористиву экстремистӣ, ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣрўз аз рўз зиёдтар ба назар мерасад. Зеро асосан ҷавонон ҳадафи гуруҳҳои террористӣ ва экстремистӣ қарор мегиранд. Бинобар ин хонандагони мо бояд мушоҳидакор, дурандеш, хирадманду зирак бошанд. То ба доми бозиҳои сиёсии хоинон кашида нашаванд. Мо бояд дуруст дарк намоем, ки барои ТЭТ ҲНИ ва ПМТ ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон тамоман муҳим нест. Мақсад бедор кардани нафрату бадбинии мардум нисбат ба Ҳокимияти аст.

Воқеан ҳам таъкид кардан ба маврид аст, ки гурӯҳе бо номи ППТ мехоҳад дар хориҷи мамлакат истода бо ҳар роҳу усулуҳоиноматлуб ва бо ҷори кардани хар гуна хабарҳои дурӯғ дар шабакаҳои интернетӣ ба мақсадҳои ғаразонаи худ бирасанд.

Вохури навбатие, ки дар байни сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки дар Ҷумҳури Тоҷикистон баргузор мегардад бо паҳн кардани хабарҳои беасоси худ дар шабакаҳои интернети ва баъд намудани Тоҷикистон ба кишварҳои ҷомеаи ҷаҳони пайваста кушиш карда истодаан.

Бинобар ин аз ҳар як шаҳрвандӣ кишвар ва ҳар як фарди миллатдӯсту бедордили тоҷик ки дар қалби хеш фақат як орзу мепарварид: сулҳу салоҳ мебошад ва пайваста дар фазои осоишта, ваҳдату ҳамдилӣ умр ба сар мебараранд намегузорем, ки онҳо амалҳои нопоки худро анҷом диҳанд тафаккури созандаву иродаи шикастнопазир, фитрати баланду ваҳдатпарвари азалии мардуми мо аз ҷониби як гурӯҳ носипосон паст карда шавад. Зеро мардуми тоҷик, имрӯз зарурати вахдати миллӣ ва ҳифзи якпорчагии давлати миллиро беш аз пеш дарк намудааст.

Ҳатто ин гуруҳҳои номатуб, ки бо номи ПМТ ном дорад“Номае” иросл намудааст, ки дар он нисбати сиёсати идоракуни имрузаи давлати ақидаҳои ғалатро пешиҳод намудааст.

Масалан: “Маҳдуд будани озодиҳои дини ва эъҷоди монеъаҳо дар анҷоми маросимҳои мазҳабӣ аз тарафи шаҳрвандони диндор.”

Ҳатто дар Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст махсусан дар моддаи аввал, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати “Дунявӣ” мебошад ин маънои онро дорад, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дуняви бада дин аз давлат ҷудо мебошад ва ба корҳои давлати дахолат карда наметавонад.” Пеш аз ҳама бояд қайд намуд, ки имрӯз новобаста аз фикру ақидаҳои танқидии баъзе аз ашхосе, ки дар хориҷа умр ба сар мебаранд, Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари рӯ ба тараққиниҳодаистода, ҷонибдори бунёди давлати воқеан демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаббускор мешиносанд. Воқеан давлат ба масъалаи эътиқоди шаҳрванд ба ин ё он дин халалдор намешавад, баръакс барои инкишофи маънавии инсон мусодат намуда истодааст. Бунёди масҷид дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе, ки аз ҷиҳати масоҳат аз ҳама калонтарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад буд, далели гуфтаҳои болоянд. Илова бар ин, ҳанӯз 26-уми марти соли 2009 таҳти №489 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»қабул гардида, аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида буд, ки заминаи муҳим барои эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқоди дини мебошад.

Ҳамин тариқ, бояд тазаккур дод, ки имрӯз ҳар яки мо новобаста аз нигоҳҳои сиёсӣ, этиқод ба ин ё он дин, инкишофи ҳамаҷонибаи Тоҷикистонро, ки дар натиҷа сатҳи зиндагии мардум ба маротиб беҳтар хоҳад шуд, вазифаи муқаддаси худ донем, нагузорем, ки воқеаҳои солҳои аввали ба даст даровардани истиқлолияти давлатӣ такрор ёбанд.

Аз ин лиҳоз, мо, мардуми кишвар аз ҳамин гуна ашхос ва гурӯҳҳои ғаразноку манфиатҷӯ худро канор гирифта, аз онҳо даъват ба амал меорем, ки барои манфиати худ шуда давлат ва миллати худро ба сӯи нотинҷиву нооромӣ ҳидоят накунанд.Мо ҷавонони давлати Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат Президенти ҷумҳурии азизамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда ба хоинони давлату миллат якҷоя мубориза хоҳем бурд.

Кафедраи умуидонишгоҳии сиёсатшиносӣ, ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ