​Ҳасаноти файзбори Пешво!

Илми табиатшиносӣ исбот намудааст, ки суръат ва сифати нашъунамои мавҷудоти зинда ба рӯҳияту кайфияти Инсон, олами мусиқӣ ва амсоли он алоқамандии зич дорад. Таъсири ин омилҳо ба рушду нумӯи наботот, хусусан маданӣ дар баробари таъсири мусбати намӣ, ғизо, ҳарорат, рӯшноӣ ва ғайра мебошад. Чунин андешаю фарзияҳои илман асоснок давоми сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи таълимӣ - таҷрибавии "Хуррамзамини"-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровбори дигар исботи комили худро ёфт. Ҷоиз ба таъкид аст, ки бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат ба минтақаи таълимӣ - таҷрибавии муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар ташриф овардаву дидан кардаанд. Бар замми он, хурсандиовар аст, ки дар микёси вилояти овозадори Суғд минтақаи таълимӣ- таҷрибавии Донишгоҳ маркази намоиши дастовардҳои илмӣ – истеҳсолии соҳаи кишоварзӣ интихоб гардид ва муваффақона ба ҳадафҳои пешбинигашта ноил гардид.

Бо иқдому талошҳо ва ҷидду ҷаҳди Раёсати Донишгоҳбаҳриистиқболи сазовори Пешвои тоҷикони ҷаҳон тадбирҳои зиёди ободониву бунёдкорӣ, кабудизоркунӣ ва ҳоказо дар "Хуррамзамин" вусъати тоза пайдо кард. Дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин майдони токзори навъҳои "Президентӣ","Шоҳона", "Аватар", "Ғалаба"-и ангур бо тарзи хавозавӣ бо масоҳати 5, 5 га бунёд шуд ва алҳол, нашъунамои беш аз 2500 бех ниҳолҳо дар авҷ аст. Инчунин, дар масоҳати 1,4 га боғи интенсивӣ зардолуинавъҳои "Мирсанҷалӣ", "Нишонӣ","Силверкот" бунёд гардид, ки дар он беш аз 1320 бех дарахтони қадпаст шинонида шудаанду нашъунамои онҳо баҳри дилкушоро мемонад.Алалхусус, дар канори ин боғу токзори навбунёд шинонидани беш аз 220 бех ниҳолҳои дарахти санавбар ба сифати хати муҳофизатииҷангалӣ боиси пешгирии бодлесии хок, ҳимояи наботот аз зараррасонҳо ва ғайра гаштааст, ки боровару файзбории татбиқидастовардҳои илми табиатшиносӣ дар минтақа мебошад.

Дар амалисозии ҳидояту дастурҳои дурбинонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар ваҷаби қитъаи замини корам бо исрору сахтгириҳоибевоситаи ректори Донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Исломдар байни қатори токзор ва боғи зардолу беш аз 10 ҳазор кӯчатҳои помидор, бодиринг, боимҷон, каду ва лубиё шинонида шудааст, ки дар таъмини амнияти озуқавории аҳолии кишвар - ҳадафи стратегии давлат саҳми босазо мебозад.Ғайр аз он, дар масоҳати беш аз 0,5 га дар байни токзори нав кишти зери пленкагии тарбуз амалӣ гардид, ки дар фаровонии дастархони аҳли ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ нақши муҳимро доро мегардад.

Натиҷаи мушоҳидаҳои шахсии муаллифон ошкор намуд, ки қудуми файзбори Пешвои муаззами раиятпарварамон хеле пурбору муваффақ аст. Баҳои баланди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои ободониву бунёдкории аҳли ҷомеаи Донишгоҳ, дастури маслиҳатҳои беғаразу дурандешонаи ин абармарди нотакрори таърихӣ боис гардид, ки рушди нумӯи боғи зардолуву токзор, ниҳолу кӯчатҳо авҷи тоза ёбанд. Кӯчати бо дасти мубораки Пешво шинонидашуда нашъунамои фарқкунанда аз дигар кӯчатҳоро дораду баъди бозиди ин шахсияти мӯътабар ҳусну тароват, рушду нумӯи боғоту токзор нерӯи нави пурфайзро соҳибгардид. Нашъунамои пуравҷи ҳамаи ниҳолу кӯчатҳои шинонидашудашаҳодат медиҳанд, ки руҳияи суботкорона, матину пурҷасорат, садоқати ватандӯстонаи Президенти муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамагон таъсири мусбат бахшидааст.

Мутмаинем, ки ҷавобан ба заҳмату талош, ғамхориву дастгирии пайвастаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли ҷомеаи Донишгоҳи маҳбубамон корҳои ободониву бунёдкорӣ, кабудизоркунӣ, беҳдошти муҳити зистро боз ҳам вусъат мебахшанд. Минтақаи таълимӣ- таҷрибавии "Хуррамзамин"минбаъд ба пойгоҳи баланд бардоштани донишҳои амалии донишҷӯён, рушди таҷрибаҳои илмӣ, кашфиётҳои нави илмҳои табиатшиносӣ ва ҳоказо мубаддал хоҳад гашт. Дар ин замина мутахассисони ҷавобгӯи талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат ба камол мерасанду гӯшаи муҳимарзиВатани азизамон ободтару зеботар хоҳад гашт.

Собиров М.С. – дотсент, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Абдухолиқзода М.А.- дотсент, декани факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ