Мулоқоти судманд ва саривақтӣ

Дар таърихи 9 марти соли ҷорӣ мулоқоти навбатии Пешвои муаззами миллат бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин баргузор гардид. Қаблан чунин мулоқоти Пешвои миллат соли 2007 ва 2018 баргузор шуда буд. Вохӯрӣ ва мулоқоти соли ҷории Пешвои миллат аз мулоқотҳои пешин фарқи куллӣ дошта, бо махсусиятҳояш муҳим арзёбӣ карда мешавад.

Пеш аз ҳама қайд кардан муҳим мебошад, ки мулоқот дар шакли озод бо таҳлили паҳлуҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоии ҷомеа, тавсифи урфу одат ва анъанаҳои миллию динӣ, танзим ва риояи меъёрҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва риоя намудани танзимоти зиндагию маишии ҷомеа бахшида шуда буд.

Фарқияти дигари мулоқоти мазкур боз дар он зоҳир мегардад, ки он нафақат таваҷҷуҳи аудиторияи иштирокдоронро ба худ ҷалб намуд, балки аз ҷониби сокинони қишри гуногун талабу дархост намуданд, ки такроран аз тариқи телвизионҳои ҷумҳурӣ пахш ва намоиш дода шавад.

Гумон мекунам чунин масъалаҳое буданд, ки мулоқоти мазкури Пешвои миллат тамоми сокинони мамлакатро ба худ ҷалб намуд:

  • Бори дигар Пешвои миллат собит намуданд, ки халқи тоҷик дорои фарҳангу тамаддуни ғанӣ буда, дар дарозои таърих соҳиби фарҳанг, расму оин ва урфу одати миллӣ мебошад.
  • Пешвои миллат бо иқтибосҳо аз осори пурғановати халқи тоҷик исбот намуданд, ки фарзандон ва нобиғаҳои миллати тоҷик дар илму ирфон ва фиқҳи ислом, калом, тафсири Қуръон саҳму арзандаи худро гузоштаанд.
  • Пешвои миллат таъкид намуданд, ки бо бегонапарастӣ ва талқини расму оин, сару либос ва кирдори мардуми хориҷи кишвар анъана, урф, сару либос ва оини миллии тоҷикона ба гӯшаи фаромӯшӣ меравад.
  • Мулоқот исботи он гардид, ки Тоҷикистон давлати дунявӣ ва ҳуқуқбунёд буда, риояи ҳатмии он дар тамоми кишрҳои ҷомеа тҳрезӣ ва роҳандозӣ гардидааст.

Саидқул Маҳкамов, муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷик

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ