​Нақши Конститутсия дар раванди демократикунонии ҷомеа

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ қайд карда буданд: «Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад». Дар воқеъ Конститутсия танзимкунандаи фаъолияти самтњои фаъолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иљтимоии давлат буда, муносибатои махсусан муњими љомеаро ба танзим медарорад.

Баробари эълон намудани Истиқлоли сиёсӣ дар ҳаёти сиёсии ҳар як кишвар масъалаҳои муҳим ба миён меоянд.Аз ҷумлаи чунин масъалаҳо, пеш аз ҳама, таъсиси рамзҳои сиёсӣ, ҳуҷҷатҳои тақдирсози сиёсӣ ва монанди инҳо мебошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ 9 – уми сентябри соли 1991 Истиқлоли сиёсиашро эълон намуд ва дар қатори кишварҳои соҳибистиқлоли ҷаҳон ҷой гирифт. Маҳз бо шарофати ба даст овардани истиқлоли давлатӣ, Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Баробари эълон намудани Истиқлоли давлатӣ зарурияти қабули Конститутсияи ҷавобгў ба талаботи ҷомеаи ҷаҳонӣ, яъне мутобиқ ба режими демократии дар тамоми дунё эътироф гардида ба миён омад. Миллати тоҷик оид ба масъалаи зикршуда таҷрибаи ғание андўхтааст. Ҳанўз дар даврони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ миллати сарафрозу тамаддунофари мо чунин ҳуҷҷати муҳими сиёсиро аз соли 1929 то ба имрўз - 5 маротиба, яъне дар солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 Конститутсияҳои гуногун қабул гардида, Конститутсияи нави амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал намуда ба стандартҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгў мебошад.

Мавриди тазаккур аст, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба - 26-уми сентябри соли 1999-ум, 22-юми июни соли 2003-юм ва 22-юми майи соли 2016-ум бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид гардидааст.

6 ноябри соли 1994 дар таърихи миллати тоҷик воқеаи муҳими сиёсие рух дод, яъне Конститутсияи ҷавобгўи талаботи замони муосир таҳия ва ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардид. Қабули ин ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ тавассути муҳокимаи озоду демократӣ, ки дар он 94 % аҳолӣ бевоситаю фаъолона ширкат варзиданд, сурат гирифт.

Конститутсияи кишвари мо дар қатори конститутсияҳои беҳтарини ҷаҳон эътироф гардидааст. Он аз 10 - боб ва 100 - модда иборат буда, тамоми арзишҳои муҳими инсонӣ, аз қабили шаъну шараф, баробарӣ ва кафили ҳама ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро фарогир мебошад. Ҳар як давраи таърихӣ ба раванди ҳодисаҳо таъсир бахшида, мақом ва нақши онҳоро тағйир медиҳад. махсусан дар шароите, ки акнун кишварамон субъекти мустақили муносибатҳои байналхалқӣ мегардад ва хешро соҳибистиқлол эълон мекунад. Баҳри боз ҳам мукаммалтар гаштани қонуни асосии кишвар ба он се маротиба: солҳои 1999, 2003 ва 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Ҳадаф аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ин пеш аз ҳама боло бардоштани сатҳи маърифатнокии сиёсии ҷомеа ва созгор намудани шароити хуби зиндагӣ барои аҳолӣ мебошад.

Халқи шарафманду тамаддунофари Тоҷикистон амалан ихтиёри давлатдориро ба даст гирифта, асосҳои ҳуқуқии барпо намудани давлати соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро гузошта, ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардонид ва заминаҳои эҳёи миллиро фароҳам сохта, дар кишвар раванди бунёдкориву созандагиро оғоз намуд.

Ин китоби сарнавиштсоз таҷассумгари орзуву ормонҳо ва ғояҳои ҷовидонаи мардуми тоҷик буда, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тољикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар маҳсуб дониста, чунин таъкид кардаанд: “Ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз ба шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат намуд”.

Дар воқеъ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат дар роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ дорад.

Асри ХХ дар таърихи инсоният мушкилиҳои гуногуни иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиюсиёсиро ба миён овард. Ҷаҳонишавӣ бошад, мисли дарёи пуртуғёнест, ки тамоми давлатҳои ҷаҳонро фаро мегирад.Аз ин хотир дар ин раванд он кишваре истодагарӣ карда метавонад, ки қонунгузории ҷавобгў ба талаботи замон дошта бошанд. Дар раванди ҷаҳонишавӣ нақши фарҳанг, анъана, тамаддун, забон ва умуман арзишҳои миллӣ боло меравад. Вобаста ба ҳамин дар Конститутсияи кишвари мо низ масъалаҳои мазкур ба таври ҷиддӣ баррасӣ гаштааст. Махсусан дар боби 1, моддаи 2 - юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи забони тоҷикӣ муайян карда шудааст. Ҷиҳати дигари Конститутсияи кишварро пурра риоя гаштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ташкил медиҳад. Мувофиқи моддаи 5 – уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон арзиши олӣ ба ҳисоб меравад. Инчунин тибқи моддаи 41- и Конститутсия ҳар як шахс ҳуқуқ ба таҳсилро дорад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикосгари ормони кулли халқи тоҷик буда, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, тақвияти рукнҳои давлатдории миллӣ, мушарраф гардидан ба дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ташакклули ҷомеаи шаҳрвандӣ, гуногунандешӣ заминаи мусоид ва боэътимоди ҳуқуқиро фароҳам овард.

Хулоса, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз ҳуҷҷатҳои муҳими сиёсию давлатӣ ба ҳисоб рафта баҳри боз ҳам бештар обод намудани кишварамон саҳми арзанда дорад. Он тамоми тартиботи давлатию ҳуқуқии кишварро муайян намуда, яке аз беҳтарин ҳуҷҷатҳои сиёсӣ барои миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Халқи тоҷикро зарур аст, ки бо ифтихори баланди миллӣ ва риояи пурраи талаботҳои ин ҳуҷҷати муҳим дар раванди ҷаҳонишавӣ баҳри пешрафти сатҳи зиндагониаш кўшишу талош намуда, кишварамонро ба мутамаддинтарин мамлакати олам табдил диҳанд.

СОРБОН Амаков, устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ