​Пайомадҳои таърихӣ!

Тоҷикистони биҳиштосоямон бо камзаминию бузургии захираҳои табиӣ машҳури олам гаштааст. Тамаддунофару фарҳангсолори халқи қадимаи тоҷик вирди забонҳост. Хушбахтона даврони Истиқлоли давлатӣ баҳри Ватанамон неъмате овард, ки тавассути он соҳибдавлатиамон пойдору устувор гардид. Неъмати бузурги худододи халқи тоҷик тоҷи давлатдориро соҳиб шудани Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ситоиши ин абармард саршори қалби ҳамагон шудааст. Заҳмату талошҳои хирадмандонаю содиқона намунаи ибрат барои ҳамагон, алалхусус насли ҷавон аст.

Шиносоӣ бо ҷараёни сафари кории Пешвои муаззами тоҷикон ба кишвари абарқудрати Чин, мулоқотҳои сатҳи олӣ, истиқболи бошукуҳ, муносибати воло, ҳамдигарфаҳмӣ ва рӯйдодҳои дигар воқеан хеле фарахбахш ва ояндасоз аст. Гуфтушунидҳои судманд, шартномаҳои ҳамкории тарафайн дар самту равияҳои мухталиф ва натиҷаҳои дигари боровари ин сафари корӣ шаҳодати воқеии мақому манзалати Пешвои нотакрору бемисламон мебошад. Ифтихоровару фараҳбахш аст, ки кадом дару даргоҳе, ки сарвари тоҷикони ҷаҳон қадам ниҳанд, кушодаву файзбор барои оламиён, алалхусус кишвари азизамон мегардад.

Маъқулшумории ҷудосозии беш аз 500 миллион доллари ИМА барои идомаи сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун – манбаи нуру зиё аз ҷониби Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ эътимоди комили моро ба ояндаидурахшон боз ҳам қавитар мегардонад ва водор менамояд, ки фаъолу пурғайрат бошем. Ҷавобан ба заҳмату талошҳои фидокоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мухтарам ЭмомалӣРаҳмон аз сидқи қалби меҳанпарвар содиқона фаъолият барем. Дастовардукомгориҳоро тарғиби омма намоему бар душману рақибони дохиливу хориҷӣ муқовимати шадид нишон диҳем. Зеро, ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ вазифа ва қарзи бевоситаи ҳар як шаҳрванди ватандӯсту худогоҳ мебошад.

Тамоми қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистони маҳбубамон вазифадоранд, ки сарҷамъу якдил баҳри таҳкими Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии сиёсати созандаю бунёдкориҳои Ҳукумати кишвар софдилона сайъю кӯшиш намоянд. Итминони қавӣ, иродаву матонат, садоқат пешаи ҳамарӯзаи моён бошаду тавонем, ки дар мӯҳлати кутоҳкишварамонро ба мамлакати саноатию аграрӣ мубаддал созем. Кӯшем, ки наслҳои ояндаи Ватани азизамон ҳамаамонро пайрави шоистаи абармарди бемисл, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мухтарам ЭмомалӣРаҳмон хонанду ифтихор аз аҷдодони худ намоянд.

Собиров М.С. - дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷандба номи академик Б.Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ