​Ифтихори халқу миллат

Таърих гувоҳ аст, аввалин санаде, ки Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикитонро эълон кард, Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки 24-уми августи соли 1990 дар иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъвати 12-ум) қабул шудааст. Ҳанӯз барои ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, раҳоӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ ва мӯътадил гардонидани шароити сиёсии Ҷумҳурӣ рӯзҳои 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар Хуҷанди бостонӣ дар Қасри Арбоби овозадор Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, аввалин қадамҳои устувор, аввалин таҳкурсии сулҳи тоҷикон гузошта шуд.

Боиси фараҳмандӣ аст, ки дар ҳамин Иҷлосия намояндагони халқ бо дилпурии ягона, бо яковозӣ марди Ватан, фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Ҳанӯз аз нахуст қадамҳо Раиси Ҷумҳур дар қалби аҳли мардумсадоқат, меҳру сафо, тифоқӣ, якдигарфаҳмӣ, дӯстию рафоқатро барои созгории вазъи сиёсии кишвар ҷойгузин намуда, бо дарки масъулияти баланди раҳнамоӣ ба халқу Ватан ҷомеаро барои анҷоми ибтикороти созанда баҳри таҳкими пояҳои истиқлоли миллӣ роҳандозӣ намуданд.

Тӯли солҳои Истиқлолият дар шаҳру ноҳия, деҳот ва дурдасттарин макон корҳои ободкорӣ ва созандагӣ вусъат ёфт. Айни ҳол муҳим аст, аз суханронии Пешвои миллатро, ки инъикоси ёдовар шуд: “Вазъи кунунии ҷаҳон ва минтақа моро водор месозад, ки ҳатто як лаҳза ҳам аз масъалаи ҳифзи соҳибихтиёрӣ, таъмини амнияти давлату миллат, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ғофил набошем.

Дар робита ба ин, ҳар як фарди бонангу номуси миллатро бори дигар даъват менамоям, ки бо дарки амиқи масъулияти шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии худназди халқу Ватан минбаъд дар рушду тараққиёти бомароми давлати соҳибистиқлоламон ва раванди созандагии сарзамини муқаддасу биҳиштосоямон боз ҳам бештар ҳиссагузор бошад”.

Ҳар суханронию баромадҳои Пешвои миллат ба мардуми шарифи тоҷик руҳу илҳом ва қувва мебахшад. Ба туфайли заҳматҳои сарвари давлат Тоҷикистон роҳи мустақили сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавиро пеш гирифт. Таърихи халқи тоҷик, илм, фарҳанг, расму оини аҷдодӣ, ҳунарҳои мардумӣ эҳё шуд. Солҳои Истиқлолият дар тамоми марзи Ҷумҳурӣ дигаргуниҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба амал омад. Корҳои ободонӣ ва созандагӣ рӯз аз рӯз вусъати тоза гирифт. Чуноне мегӯянд, ободии макон аз дӯстию рафоқат ва якдигарфаҳмӣ аст. Халқи тоҷик амиқ дарк кард, ки Роҳбари давлат буд, ки мо миллати зинда шудем, соҳибдавлат гаштаву дар миқёси давлатҳои ҷаҳон соҳиби мавқеъ, обрӯю эътибор ва эътироф гардидем. Аз минбари баланди Созмони Миллали Муттаҳид овози тоҷик баланд гардид. Ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доири масъалаҳои об, ҳифзи захираҳои обӣ, гармшавӣ ва тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ҷонибдории кулли ҷаҳониёнро пайдо кард.

Фахр дорем, ки чунин сарвари оқилу хирадсолор, сулҳпарвару дурандеш дорем.

Ифтихори халқу миллат, сулҳофарду сулҳпарвар Президенти мо!

Зиндаву ҷовид бод, Тоҷикистони мо!

Мудири кафедраи географияи табиӣ дотсент, Абдураҳимова М.М.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ